номаҳо
Пас чӣ бояд кард?
Ёфтани батарейкаи солим дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, проблема шудааст. На дар диктофон, на дар соат, на дар пулти телевизор онро барои муддате муайян кор фармуда намешавад. Ба қимати якуним сомонӣ низ борҳо аз ин батарейка харидам, аммо дар диктофон беш аз чанд дақиқа кор накард. Аз ин ҳама ба хулоса омадам, ки тоҷирон онҳоро барвақт ба кишварамон овардаанду то тамом шуданашон мефурӯшанд. Ва ҳам онҳо парвое надоранд, ки аз он мардум зарар мебинанду корашонро ба хубӣ сомон дода наметавонанд. Пас чӣ бояд кард? Кӣ ба ин пурсиш ҷавоб мегӯяд? Ва он ҷавоб оё ба нафъи мо аст ё тоҷирон?
Абдураҳим Махсудинов,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3082