ҳукумат
Ҷаласаи навбатӣ беш аз
50 масъаларо баррасӣ кард
31 марти соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гашт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд:
Абдуғаффор Раҳмонов - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
Хуршед Хайраков - муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;
Аловиддин Сатторов – директори генералии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон;
Алимурод Элмуродов – директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои тоҷик»;
Шарифхон Самиев – директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун ӯлҷабоев;
Сафаралӣ Саъдуллоев – муовини раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»;
Савзаалӣ Назиров – директори Муассисаи давлатии «Лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»;
Ҳабибулло Мирзоев – директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»;
Савзалӣ Ҷаъфаров – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ»;
Валерий Шарипов – муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»;
Алишер Шамбиев - муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».
Ҳамчунин муовинони дигари роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик эйр», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб таъин гардиданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳибалӣ Сафаров мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ таъин шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таъиншударо ба кори софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.
Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб Ситора Шерова оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000 «Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010» шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар давраи татбиқи барномаи мазкур дар ноҳияи Варзоб 1 осоишгоҳи ғайридавлатӣ, 9 минтақаи истироҳатии корхонаҳо ва 65 нуқтаи истироҳатии шахсӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ҳамин давра ҳамчунин 56 адад минтақаи истироҳатии оммавӣ, 67 минтақаи истироҳатии шахсӣ, 8 лагери тобистона, 3 осоишгоҳ ва 30 нуқтаи савдои мавҷуда барқарор карда шуд.
Дар солҳои 2007-2008 дар ноҳияи Варзоб 4 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд ёфт ва 8 - тои дигар бояд дар соли равон сохта, ба кор дароварда шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои пурра ва босамари барномаи мазкур, пок нигоҳ доштани оби дарёи Варзоб ва халалдор накардани ҳолати экологии ин дараи хушманзара, тарғиби имкону захираҳои туристии он дар воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.
Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ тасдиқ карда шуд.
Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба тағйир додани номи деҳаҳои ноҳияи Тоҷикобод маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гаштанд.
Ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва «Дар бораи туризм» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Қобили таъкид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми порсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гашта буд, бармеояд ва ҳадаф аз он соддагардонии оғози фаъолияти соҳибкорӣ аст.
Дар натиҷаи қабул ва таҳияи қонуни нав шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои барасмиятдарории давлатии фаъолияташон танҳо ба Кумитаи андоз муроҷиат мекунанд, яъне принсипи «Равзаи ягона» ба кор дароварда мешавад. Аз 13 амалиёти барасмиятдарорӣ, ки ҳозир вуҷуд доранд, 3- то боқӣ мемонад. Шумораи санадҳои пешниҳодшаванда низ хеле кам пешбинӣ гардидааст. Минбаъд бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ на 49 рӯз мисли ҳозира, балки ҳамагӣ 5 рӯз ва аз соҳибкорони инфиродӣ 3 рӯз давом хоҳад кард.
Месазад ёдовар шуд, ки ба роҳ мондани принсипи «Равзаи ягона» аз ҷониби соҳибкорони кишвар дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2007 пешниҳод шуда буд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои қабул ва татбиқи ҳарчи зудтари ин қонун чораҳои зарурӣ андешида шаванд ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари принсипи «Равзаи ягона» ҳамчунин ба паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф тасдиқ карда шуд, аз ҷумла қарор дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти фосилавӣ ва Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иттилоотонии соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳод.
Ду созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм ва як созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Яман дар соҳаи маориф тасдиқ карда шуд.
Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои воридоту содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кории ишғолнагардида ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ва Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» тасдиқ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба таври мунтазам гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъалаи интихоб ва ба хориҷа барои таҳсил фиристодани хонандагон, донишҷӯён ва олимони ҷавону умедбахш ва ба беҳтарини онҳо таъин кардани Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», ки маблағгузориаш аз ҳисоби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, баҳри татбиқи босамари ин ҳадафҳои наҷиб ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, кам кардани хароҷоти идорӣ, таъмини кори мунтазами обкашҳои барқӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти баҳорӣ, дастрас намудани нуриҳои минералӣ, тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва корҳои вобаста ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи гази табиӣ ҷалб намуда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бо фаро расидани мавсими фаровонии нерӯи барқ корхонаҳои саноатӣ дар се баст, яъне шаборӯзӣ фаъолият намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5997