logo

маориф

ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ БОШЕМ

Омӯзиш, таҳлил ва амалӣ гардондани Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мардум хусусияти оммавӣ гирифтааст. Ҳар сол ин ҳуҷҷати муҳим чун барнома ва нақшаи дурнамои корӣ аз ҷониби Президенти кишвар барои рушди устувори Тоҷикистони азиз пешниҳод мешавад, ки дар он бурду бохт ва дастовардҳои кишварамон инъикос ёфта, моро барои созандагию бунёдкорӣ муваззаф менамояд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат омадааст: «Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи  иҷтимоии аҳо-лӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 - уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳиф-зи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад».
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иҷтимоиёт хеле назаррас аст. Масалан, бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат дар асоси Паёми соли 2014 - и Президенти кишвар “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019” - ро қабул намуд, ки татбиқи он идома дорад. Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, теъдоди онҳое, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки кишвар номида, ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Чунин сиёсати маорифпарварона боиси дастгирӣ ва ифтихори ватандорист. Дар Паёми Сарвари давлат махсусияти масъаларо таъкид сохта, мақом ва мартабаи омӯзгорро дар баробари волидайн дар раванди таълим муайян намуд. Зикр гардид, ки пешрафту тараққиёти кишвар ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба воя расондани онҳо вобастагии зич дорад. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон тавассути як қатор қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим дароварда шудаанд. Вале то ба ҳол механизми дурусти татбиқи он муайян нагардидааст. Бинобар ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои қонуни мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад. Вобаста ба ин, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардиданд, ки якҷо бо ин сохтори навтаъсис татбиқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи таълиму тарбияи кӯдак пурра ва ҳаматарафа таъмин намоянд.
Албата, боиси ифтихор аст, ки имрӯз Президенти кишвар барои пешрафти соҳаи маориф ниҳодҳои давлатӣ, волидон ва омӯзгоронро вазифадор менамояд. Вале мо бояд дуруст дарк намоем, ки вазифаи омӯзгор донишу хирад додан, оила бошад, тарбият кардану якҷо бо мактаб таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани вазъи таълиму тарбияи фарзандон мебошад. Хусусан, мавқеи модар дар ин раванд бояд аз ҳама болотар бошад, Модари бофарҳангу босавод фарзанди солеҳро тарбия карда метавонад, ки ин масъала низ дар Паём махсус таъкид гардидааст.
Дарвоқеъ, масъалаи таълиму тарбия, омӯзиши забонҳо ва ба ҷои кор ҳозир шудани хатмкардагон низ яке аз масъалаҳои  мубрами рӯз ба шумор меравад. Имрӯз омӯзиши забонҳо назар ба солҳои пеш хубтар ба роҳ монда шудааст, аммо донистани забони русӣ ва дуруст азхуд намудани он дар байни донишҷӯён қонеъкунанда нест. Донишҷӯ панҷ сол хонда, донишгоҳро хатм менамояду ба забони русӣ дуруст ҳарф зада наметавонад. Мо - омӯзгорон оид ба ин масъала борҳо дар симпозиуму конфронсҳо баромад карда, сабабу натиҷаи ин раванди таълимро бо пешниҳодҳои мушаххас баён намудаем. Аммо вақт нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосӣ ин надоштани таҳкурсии мактаби миёна ва набудани муоширати забонӣ мебошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Паёми навбатии Сарвари давлат моро водор менамояд, ки камбудиву норасоиҳои хешро ислоҳ намуда, дар тарбияи насли наврас масъулияти бештар дошта бошем. Аз ҳама муҳимаш, фарзандони худро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем.
     
Гулчеҳра ҲОҶИМАТОВА,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи
методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2015    №: 38    Мутолиа карданд: 1809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед