logo

туризм

ТУРСУНЗОДА. ИМКОНОТ ВА МУШКИЛОТИ ҶАҲОНГАРДӢ

Дар доманаи силсилакӯҳҳои Ҳисор, дар ҳавзаи дарёи Ширкент боғи таърихӣ – табиӣ ҷойгир аст. Он аз шимол бо кӯҳи Мечетлӣ, аз ғарб ва шарқ бо саргаҳи дарёҳои Обизиранг ва Қаратоғ ҳамсарҳад буда, ҳудуди ҷануби боғ бо харсангҳои Ширкент анҷом меёбад.
Боғ фарогири 40 объекти нодир буда, онҳо ба дараҷаҳои геологӣ, глятсиологӣ ва гидрологӣ  ҷудо шудаанд. Гурӯҳи муҳими ин бозёфтҳо  изи динозаврҳо мебошад, ки се давраи таърихиро дар бар мегирад. Пайи   пойи динозаврҳо дар доманаҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор ва болооби шохаи чапи дарёи Ширкент боқӣ мондаанд. Шумораи умумии онҳо аз 400 адад зиёд аст. Тибқи маълумотҳо тақрибан 160 - 140  миллион сол пеш дар давраи дери Юра дар ин сарзамин динозаврҳои ҳақиқӣ зиндагӣ мекарданд. Нақши  пойҳо  вобаста ба  мавзеи ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои зотиву ҷинсӣ гурӯҳбандӣ гардидаанд. Пайи пойҳои бузург ва миёнаи сеангушта ва баъзан чорангуштаи динозаврҳои дупо ба чандин занҷираҳои гурӯҳӣ тақсим мешаванд.
Дарёи Ширкент, ки ин мавзеъро тӯли асрҳо шодоб мегардонад, аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ва кӯҳи Мечетлӣ, ки баландиашон аз  4000  метр зиёд аст, оғоз мешавад. Он асосан аз якҷояшавии дарёи Сандал (дарозиаш зиёда аз 5 км) аз ғарб ва Ҳазорхона (дарозиаш зиёда аз 5 км) аз шарқ ба вуҷуд омада, манбаи асосиаш пиряху барфҳо мебошанд. Дарозии дарё 45 километр буда, аз чашмаҳо ва даҳҳо дарёчаҳои дигар сероб мегардад. Ҳавзаи умумии дарё 300 км мураббаъ аст.
Олами ҳайвоноти боғ бо рангорангии худ аз дигар минтақаҳои кӯҳсори кишвар тафовут дорад. Дар он  хирси тяншонӣ,  паланги барфӣ,  хуки ваҳшӣ, савсор (ҷонвари майдаи даранда), бузи кӯҳӣ гаштугузор мекунанд. Фаунаи он дорои 30 навъи ҳайвоноти ширхор, 150 муҳрадор, намудҳои гуногуни парандагони лонасози мавсимиву муқимӣ ва ҷонварони хазанда, аз ҷумла  кӯрмор, мори обӣ, сагмор, афъӣ ва ғайра мебошанд. Набототи боғ ба омилҳои иқлимӣ тобеъ буда, он ҷо сангдарахти қафқозӣ, бодоми бухороӣ, заранг, дӯлона, буттаҳои настаран, садбарги қӯқандӣ, юған, дар доманаи кӯҳҳо чормағз, олуча, себ ва дар минтақаҳои баландкӯҳ арчазор, дар дараи кӯҳҳо ва бешаҳо қарағай, заранг, тут, бед, мурут, чинор, бодом, дӯлона, себ, олуча, токи адирӣ мерӯянд. Ҳамчунин, намудҳои гуногуни рустаниҳои шифобахш ва нодир, назири ҳолмон, ҷавак, пиёзи анзур, гули савсан, гули сиёҳгӯш, лола, зарринбех, думи рӯбоҳ, пудина, чойкаҳак, бобуна, хуч, сиёҳалаф, чукрӣ, барги зуф, ки аксари онҳо дар Китоби сурхи Тоҷикистон дохиланд, дар дараи Қаратоғу Ширкент паҳн шудаанд. 
Дар ин маҳал иқлим аз ғарб ба шарқ ва аз доманаи кӯҳ то қуллаҳо тағйир меёбад. Агар дар доманаи кӯҳҳо тобистон гарми муътадил бошад, пас дар қуллаи кӯҳҳо «сармои абадӣ» ҳукмронӣ мекунад. Дар ин ҷо тафовути  калони ҳарорати байни шабу рӯз ва фаслҳои сол мушоҳида мешавад. Баробари аз доманаи қаторкӯҳҳо ба боло баромадан, фарқи ҳарорати байни тобистон ва зимистон  кам, намии ҳаво зиёдтар, абрнокӣ меафзояд. Ҳарорати солонаи  минтақаи гармӣ дар баландиҳои 1800 - 3000 метр аз сатҳи баҳр ба ҳисоби миёна аз 8 то ба 11 дараҷа мерасад.
Дар қисми шимолии боғ, дар соҳили дарё ва канори харсангҳои сурхчатоб деҳаи  Пашмикуҳна  бо фарогирии ҳафт оила ва дар ҷануб харобаҳои Қирғизқишлоқ ҷойгиранд. Бояд гуфт, ки аз давраҳои қадим аз қаламрави кишвари мо роҳи таърихӣ - Шоҳроҳи бузурги абрешим мегузашт ва  Тоҷикистон дар фарҳанг ва тиҷорати байналмилалӣ байни Ҳиндустон, Афғонистон, Чин, Суғд, Тахористон мавқеи асосиро ишғол менамуд. Алҳол, таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба чунин минтақаҳо зиёд аст.
Баҳри ҳифзи генофонди олами набототу  ҳайвоноти нодир, ёдгориҳои табииву таърихӣ ва истифодаи оқилонаву мақсадноки онҳо  соли 1991 бо қарори махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода Боғи таърихӣ - табии Ширкент таъсис дода шуд. Масоҳати он ба 3000 гектар баробар аст. Соли 2005 Ҳукумати ҷумҳурӣ    дар  бораи  васеъ  намудани  ҳудуди ин боғ қарор қабул намуд. Тибқи  он  бояд  масоҳати  боғ  аз  3000  ба 31000  гектар расонда  шавад. Ин сарвати беназири табиат нигоҳубини махсусро тақозо менамояд.
Гузашта аз ин, дар шаҳри Турсунзода якчанд ёдгории таърихӣ, назири Зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳ Офоқхоҷа, Катибаи «Санги бузургвор» (катиба дар рӯйи санг сабт гашта, ба соли 1112 - и ҳиҷрӣ рост меояд),  Осорхонаи мардумии Қаратоғ (соли 1980 дар ҷазираи секунҷашакли соҳили чапи дарёи Қаратоғи деҳа, дар майдони 0,18 гектар таъсис ёфтааст), ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон (воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Тӯйчиев, замони сохта шудани он ба асрҳои 12 - 13 - и мелодӣ рост меояд) ҷой гирифтаанд. Мавқеи ҷуғрофии шаҳр, табиати рангину манзараҳои ҷолиб, мавзеъҳои хушобу ҳаво, рустаниву чашмаҳои шифобахши дараҳои Қаратоғу Ширкент, ёдгориҳои таърихӣ, осорхонаҳои милливу саноатӣ ва меҳмонхонаву осоишгоҳҳои бофароғат заминаҳои асосии сайёҳии дохилӣ буда, дар сурати истифодаи дурусту самаранок метавонанд суди бештаре ба буҷети кишвар ворид созанд. Шаҳри Турсунзода низ дар қатори дигар мавзеъҳои қобили таваҷҷуҳ, дорои имконоти васеи ҷаҳонгардӣ мебошад. Шавқмандони дидани ин дороиҳои беназири табииву таърихӣ  зиёданд.  Рушди бахшҳои гуногуни ин соҳа аз як ҷониб барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳзистии сокинон замина фароҳам орад, аз сӯйи дигар баҳри ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ мусоидат менамояд. Бахусус, рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, сайри ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ муфид арзёбӣ мешаванд. Бо назардошти ин ҷиҳатҳо соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти шаҳр эълон гаштааст. Барои пешрафти ҳаматарафаи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, таҳти рақами 99 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014», Барномаи давлатии рушди туризм дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2010 – 2014 ва Консепсияи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2009 - 2019 - ро таҳия ва қабул намуд. Санадҳои мазкур  дастури амал барои рушди соҳа ба ҳисоб рафта, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи  сиёсати давлатро роҷеъ ба сайёҳӣ дар сатҳи минтақавӣ дар давраи дарозмуҳлат муайян менамоянд. Нақшаи чорабиниҳои барнома  аз 37 банд иборат аст, вале  мутаассифона, як қатор муқаррароти он пурра иҷро нашуданд.  Сабаби асосии ин, пешбинӣ нагаштани маблағҳои зарурӣ дар буҷети вазорату идораҳои дахлдор мебошад. Вобаста ба ин, омилҳое ба миён омадаанд, ки монеаи рушди соҳа гаштаанд. Аз ҷумла, набудани  роҳи  дурусти  нақлиётӣ  то боғ, хонаҳои  истроҳатию марказҳои хизматрасонӣ дар мавзеъҳои хатсайрҳои  кӯҳӣ, шиору овезаву роҳнамоҳо бо забонҳои давлатию  хориҷӣ, ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯй набудани ошхонаҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳон; инчунин нокифоя будани маводи  тарғиботӣ оид ба ин мавзеъҳо дар шакли китобча, расм, буклет, харита,  ҳолати ногувори бархе аз иморату биноҳои шаҳр ва амсоли инҳо.
- Андешидани як қатор тадбирҳо ҳоло дар назар аст. Беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар осоишгоҳҳо, таъмиру тармими ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, таъсиси ду ширкати сайёҳӣ ва бо ҷалби мутахассисони соҳибтахассусу таҷрибанок омода сохтани нақшаи хатсайрҳои ҷолиби минтақаҳои сайёҳӣ тадбирҳоеанд, ки дар навбати аввал иҷро мешаванд, - мегӯяд Камолиддин Бобоев, сухангӯйи раиси шаҳри Турсунзода.  - Дар маҷмӯъ, ба тадбирҳое таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, ки ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намоянд.
Тибқи маълумоти дастрас, то ҳол механизми баҳисобгирии  воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Турсунзода ба таври зарурӣ ҷорӣ нашудааст. Аз ҳисоботи меҳмонхонаҳои шаҳр бармеояд, ки шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба  соли гузашта 6 нафар кам ташриф овардаанд. Яъне, соли 2014 110 сайёҳи хориҷӣ дар меҳмонхонаи “Ширкент” сабти ном шудааст. Дар маҷмӯъ ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар фаслҳои баҳору тобистон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ва бе онҳо баҳри фароғати маърифатӣ ба дараҳои Қаратоғу Ширкенти Турсунзода рӯй меоранд.
- Меҳмонхонаи 4 - ситорадори “Ширкент” барои қабули меҳмонони хориҷиву дохилӣ ҳамеша омода аст. Пешхизмат ва роҳбаладони он дорои таҳсилоти олии сайёҳӣ буда, донандагони хуби забонҳои хориҷианд. Шароити меҳмонхона низ ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад,- гуфт Камолиддин Бобоев.
Аммо тавре мо медонем, барои сайёҳон пешниҳоди меҳмонхонаҳои бо тарҳу намои миллӣ бунёдшудаи нисбатан арзон афзалтар аст. Зеро мақсади сайёҳони ташрифоваранда аз як тараф бардоштани  таассуроти рангин аз табиати нотакрори кишварамон бошад, аз ҷониби дигар шиносоӣ бо фарҳанг ва расму оини мардуми бумӣ ба ҳисоб меравад.
Дигар мушкилоти муҳим, ки бояд сари вақт ҳалли худро ёбад, ин  маблағгузории нокифоя ба рушди соҳа аст. Коршиносон барои рафъи мушкилоти пешомада андешидани тадбирҳои зеринро зарур мешуморанд: таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлатӣ ва хусусӣ, ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти мақомоти маҳаллӣ; мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ;  тартиби системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии ватанӣ ба бозорҳои ватанию хориҷӣ;  роҳандозии фазои мукаммали  иттилоотӣ; таъсиси механизими самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии соҳа;  ташаккули вижаҳои хосу муносибу ҷолиби сайёҳии кишвар; рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ.  Масъулони соҳаи сайёҳии  шаҳри  Турсунзода  нақша  доранд,  ки  дар  оянда  нисбат  ба  ин  масъалаҳо  чораҳои  зарурӣ  андешанд. Умед  аст,  ки  ин масъалаҳо дар  ояндаи  наздик  ҳалли  худро  меёбанд. Ба андешаи мо барои инкишофи бахшҳои сайёҳӣ, муаррифии дурусту ҳадафноки дороиҳои табииву таърихӣ ва ниҳоят ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳон бояд сомонаҳои ширкатҳои ҷаҳонгардӣ фаъол бошанд. Зеро ҳар нафар пеш аз он ки ба саёҳат барояд, аз тариқи интернет маълумоти барои худ даркориро ҷамъ меорад, онро таҳлил мекунад ва сипас хулоса мебарорад, ки сафари ӯ ба куҷо ва чӣ гуна сурат гирад. Ҳамзамон, набояд фаромӯш кард, ки ташкили хатсайрҳои ҷолиб  барои худи шаҳрвандони ҷумҳурӣ  низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Тавре Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, соли ҷорӣ Соли сайёҳии дохилӣ эълон гардид. Бо назардошти ин мо пешниҳод менамоем, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар хоҳишмандонро ҷамъ оварда, дар мавзеъҳои зебои таърихиву табиӣ саёҳати маърифатии шавқовару хотирмон ташкил намоянд.

Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2015    №: 41    Мутолиа карданд: 11960
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед