logo

номаҳо

Зарурат духтури асабро ҷарроҳ кард

Оғози зимистони соли 1996 муовини сардухтури ноҳия Алишер Шогурезов шитобон ба берун баромад ва ҳамроҳи дигарон зарардидагони садамаи нақлиётиро ба шӯъбаи ҷарроҳӣ бурд. Чашмаш ба ҷавонзане афтод, ки беҳуш мехобид. Рӯдаҳояш аз шикам берун овезон буданд. На танҳо дар ин беморхона, балки дар саросари ноҳия он вақт пайдо кардани ҷарроҳе амри маҳол буд. Ба Душанбе ё Ғарм бурдани бемор имкон надошт. Дар ин лаҳзаҳо ӯ ба бародари шафқат гуфт,  ки дари утоқи ҷарроҳиро кушояд ва беморро ба он ҷо дарорад.
Баъди фурсате ҷарроҳӣ оғоз шуд. Хешу табори ҷавонзан бо умед сӯи утоқи ҷарроҳӣ чашм медӯхтанд, вале намедонистанд, ки амалиёти ҷарроҳиро духтури асабшинос мегузаронад. Амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт.
Сипас рӯи мизи ҷарроҳӣ кӯдакони хурдсолро паи ҳам гузоштанд. Якеро дасту дигареро пой шикаста буд. Табиб дасту пои кӯдаконро низ шикастабандӣ намуд.
Алишер Шогурезов аз он замон миёни мардуми ноҳия муҳаббати зиёдро касб кардааст. Чанде пеш туфайли донишу таҷриба, дастони шифобахш ва суханони меҳрбори ӯ аз бемории асаб раҳоӣ ёфтам. Ва ин номаро барои изҳори сипос ба ӯ таълиф кардам. Хуб мешуд, агар онро дар гӯшаи «Розу ниёз» ба табъ мерасонидед.
 

Қ. ҶУМЪА, ноҳияи Нуробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7257
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед