logo

порлумон

ЛОИҲАҲОИ НАВ ТАСДИҚ ШУДАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, 20 масъала баррасӣ шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, зимни ба тасвиб расидани Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд иброз дошт, ки он ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ дар ноҳияи Панҷакент, ки аҳолиаш ба 260 ҳазор мерасад, татбиқ мегардад. Дар ноҳия талабот ба қувваи барқ сол ба сол зиёд мегардад. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 67 миллион долларро ташкил дода, он аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 54 миллион доллар ва аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 миллион сомонӣ, ки 8,5 миллион аз ҳисоби андозҳо ва 4,8 миллион сомонӣ ҳамчун уҳдадориҳои «Барқи тоҷик» маблағгузорӣ мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа талафоти неру то соли 2025 то 3,5 маротиба коҳиш дода мешавад. Норасоии иқтидори интиқоли барқ дар ноҳия аз байн рафта, иқтидори интиқоли барқ аз 67 мегаватт ба 320 мегаватт расонда мешавад.
Ҳамчунин Созишномаи кафолати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак ба тасвиб расид. Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки мақсади лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи нави муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани он, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ва беҳтар гардондани вазъи экологии шаҳри Норак аст. Масоҳати шаҳр 394,5 километри мураббаъ буда, дар ҳудуди он 57,3 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Арзиши умумии лоиҳа 5,3 миллион доллар, аз ҷумла 2 миллион доллар қарз ва 2 миллион доллар грант буда, ба ғайр аз ин дар доираи татбиқи лоиҳа ҷудо намудани 1,3 миллион доллар барои гузарондани корҳои машваратӣ ва таҳияи барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯи захираҳои кони «Зарнисори шимолӣ» низ ба тасвиб расид. Лочин Файзуллозода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иброз дошт, ки мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истихроҷ ва коркарди маҷмӯи маъданҳои полиметалӣ дар кони «Зарнисори шимолӣ»-ро бо иқтидори солонаи 2 миллион тонна маъдан, сохтмони корхонаи металургӣ бо тавоноии 20 ҳазор тонна сурб дар як сол ва бунёди дигар инфрасохтори зарурии маҳаллиро ба уҳда гирифтааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ 200 миллион долларро ташкил дода, тибқи нақша лоиҳа бояд то соли 2018 ба сомон расонда шавад.
Дар ҷаласа Созишнома бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Конвенсия бо Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ҳамчунин лоиҳаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла мувофиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 октябр Рӯзи соҳибкорон муқаррар гардид.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2015    №: 42    Мутолиа карданд: 1395
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед