logo

маориф

БАЛЕ, МАОРИФРО БА БОЗОР ТАБДИЛ НАДИҲЕМ

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мақолаи «Маорифро ба бозор табдил надиҳем»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (6.01.2015, №3) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Гуфтан лозим аст, ки на ҳамаи факту рақамҳои мақолаи мазкур ҳақиқат доранд. Барои мисол, дар мақола омадааст, ки: «Мо, як гурӯҳ волидайн, ба назди директори мактаб рафта, сабаби китобҳои муҳлати иҷораашон ба охир расидаву бо нархи гарон фурӯхтаи онҳоро пурсидем. Раҳмон Усмонов, директори мактаб, посух дод, ки дар ин бора ягон маълумот  надорад  ва  ин  нархро  шуъбаи  маориф  гузоштааст».
Шуъбаи маориф  иттилоъ медиҳад, ки пас аз ворид шудани китобҳои нав танҳо нархномаи 3 соли минбаъдаро аз рӯи нархномаи аслии китоб муайян карда, ба мактабҳо дастрас менамояд. Яъне, агар 1 китоб 15 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳамин маблағ дар тӯли 3 сол пардохт  мешавад ва ҳаққи иҷораи яксолаи он 5,10 дирамро ташкил медиҳад. Китобҳое, ки муҳлати иҷораашон аз 3 сол зиёдтар гузаштааст, дар сурати норасоии китоби дарсӣ дар дилхоҳ мактаб бо қарори шӯрои педагогӣ бо арзиши 50% арзон аз нархи иҷораи яксолаи он ба хонанда пешниҳод  мешавад.
Дар мавриди норасоии китобҳои дарсӣ бояд гуфт, ки воқеан китобҳои иҷораи хонандагон барои синфи 11 дар солҳои охир дар ҳаҷми 20% ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас  гардидаанд.
Норасоии  китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ қариб бартараф гашт.  Ягона камбудие, ки дар ин самт дида мешавад, ин аз беназоратии маъмурияти мактабҳо ва волидайн зуд фарсудаю корношоям гардидани китобҳо мебошанд.
Китобҳои дарсие, ки муҳлати иҷораашон ба охир расида, ба бемасъулиятии баъзе роҳбарони синфҳо бо нархи гаронтар ба хонандаҳо тақсим шудаанд. Нисбат ба роҳбарият ва омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар хусуси дафтари махсусе, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барои тақсимоти китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардидаанд, бояд гуфт, ки воқеан ин ҳолат вуҷуд дорад. Яъне, дафтарҳо сари вақт дастрас гардидаанд, аммо аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии баъзе роҳбарон ва китобдорони мактабҳо ин дафтар, ки бояд ҳатман тақсимоти китобҳо дар он қайд гардад, мавриди истифода қарор дода шуда бошад ҳам, вале пурра нест ва хато қайд  шудааст.
Шуъбаи маориф эродҳои мақолаи мавриди назарро қисман қобили қабул дониста, барои сари вақт бартараф намудани  камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида, барои минбаъд рух надодани ин ҳолатҳо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад  бурд.

Т. МАҲМАДЁРОВ,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


P.S. Дар мақолае, ки ин муаллифон посух навиштаанд, акси рӯйхати китобҳои фурӯхташудаи муҳлати иҷораашон ба охир расида бо нархашон пешкаши хонандагон гардида буд, ҳамон далелеро, ки ҳоло мудири шуъбаи маориф инкор мекунад. Камбудиро ба дӯши мудири маориф ё директори мактаб ҳавола кардан роҳи ҳал нест. Муҳим ин аст, ки волидайн нархи китобҳои дарсии харидаашонро аз нархи дар рӯйхати мактаб зикршуда зиёдтар мегӯянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2015    №: 44    Мутолиа карданд: 1426
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед