logo

энергетика

«РОҒУН»: ГУНАҲКОРОН ВА ҶАБРДИДАГОН

- Шумо сабаби Тоҷикистонро тарк карданамро мепурсед? Беҳтар аст, ки инро аз демократҳои ҷангпешаю муллоҳои ошӯбгаратон пурсед. Ин саволест, ки онҳо бояд ҷавоб гӯянд. Ман ҳаргиз мақсади тарк кардани Тоҷикистонро надоштам. Ман дар Норак фаъолиятамро аз прораби одӣ оғоз кардам, директори Неругоҳи барқи обии Норак, сардори сохтмони НБО «Роғун» будам. Бо ин ҳама  ифтихор мекунам. «Роғун» нодиртарин иншооти энергетикӣ дар ҷаҳон аст. Ману ҳамсарам орзу доштем, ки охири умрамон  дар соҳили баҳри Роғун гузаронем, даврони пирӣ асалпарварӣ бикунем. Вале…
Николай Григоревич Савченков сар хам намуд. Ин лаҳза гиря гулӯгираш карда буд. Хомӯшӣ хонаро фаро гирифт. Ҳамсараш пиёлаи чои  кабудро ба сӯяш дароз кард ва ба ман рӯй овард:
- Пурсидан аз рӯзҳои охири зиндагиамон дар Роғун мисли нохун ба захм задан аст.
Пас аз фурӯ бурдани пиёлаи чой боз Николай Григоревич ба сухан даромад:
- Дар сари ман андешаи тарк кардани Роғун набуд. Аммо роҳи дигар вуҷуд надошт. Ин мусибатро на танҳо ба  сари ман ва мутахассисону кормандони «Роғун», балки мардуми хирадманди тоҷик рехта буданд. Боре ибтидои кашмакашҳои дохилӣ наз-дам бригадири нақбканон Юрий Кузмич Шулга омад (соли 1992) ва гуфт:
- Ҳар чи зудтар аз ин ҷо бояд фирор кард.
Ман ба ӯ гуфтам:
- Ором шав! Ҳеҷ гап не, дар Душанбе митингбозӣ мекунанду боз хап мешаванд. Ин фикри ботилро аз сарат дур соз. Он рӯз дур нест, ки  «Роғун» - ро ба истифода диҳем.
Воқеан демократиябозӣ миёни кормандон воҳима хезонида буд. Ман онҳоро ором мекардам. Ин воҳима хонадони моро ҳам фаро гирифт. Охирҳои моҳи майи соли 1992 субҳ барвақт аз хона баромадам ва ҷониби ҳавлии ронандаам Сайфиддин, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дошт, роҳ  пеш гирифтам, то ки ба ҷойи кор равем. Автомашинаи УАЗ - 469 бо суръати тез омада, наздам қарор гирифт . Аз мошин як ришдор ва ду демократмаоб Кличко ва Қиёмиддинов,- яке дар даст туфангча ва дигаре автомат  берун омаданд. Автоматро ба ман рост карда, водор сохтанд, ки ба мошин шинам. Барояшон гуфтам, ки ман бояд ба ҷойи кор равам. Таҳдид карданд, ки  бо  онҳо ба Душанбе равам. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки дар ин ҷо туро мекушанд.
- Сенздаҳ сол дар Роғун кор кардам накуштанду акнун мекушанд?- гуфтам дар ҷавоб.
Аз дастам гирифтанд ва зӯран ҷониби мошин кашиданд. Ҳанӯз барвақт, дар кӯча касе набуд. Фарёд кашиданро ба худ раво надидам. Аз дасти онҳо худро халос кардам ва дарахти сари роҳро сахт қапидам. Ин дам ронандаам Сайфиддин ва чанд нафари дигар пайдо шуданд. Шасти онҳо гашт. Баъдтар ронандаам гуфт, ки баробари дидани ин силоҳбадастон дасту пояш шах шуд. Онҳо аз раъйи худ нагаштанд, «Ба мошин шин, ба комиҷроияи ноҳия меравем» гуфтанд. Маро ба кумитаи иҷроияи ноҳия оварданд. Мақсадашон аз анбуҳи одамон дур сохтан буд. Дар назди комиҷроия маҷбур сохтанд, ки ҳамроҳашон ба Душанбе равам. Гуфтам, ки ин корро накунед, шабу саҳар обхезӣ мешавад, бе ин ҳам бисёре аз мутахассисон рафта истодаанд, ҳама ҷоро об мешӯяд, меҳнати чандсолаамон барои банд кардани пеши об ба ҳаво меравад. Барои «Роғун» канда шудани пеши банд фоҷиа аст. Агар дар ғами амнияти ман бошед, дар қабулгоҳ одам монед, ки маро нигаҳбонӣ кунад. Ин дам автобус коргаронро ҷониби иншоот мебурд. Мардум мебинанд, ки ду силоҳбадаст нӯг - нӯги автомату туфангча маро ҷониби ҷойи корам мебаранд. Мардум ин тақводорону демократҳои  маҳаллиро хуб мешинохтанд. Ҳама ба шӯр омаданд. Онҳо зери таъсири ошӯби мардум гӯиё ба худ омаданд. Як нафар демократи маҳаллиро бо номи Амрулло  назди ман монданд ва худашон аз пайи дастур ҷониби Душанбе рафтанд. Гуфтанд, ки шом бармегарданд.  Ҷонишинон ва сардорони участкаю бригадирҳоро ҷамъ кардам ва пурсидам, ки минбаъд чӣ хоҳем кард? Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин ришдорону демократҳои силоҳбадаст шӯхиро намефаҳманд, дар муносибат бо онҳо эҳтиёт бояд шуд. Ҳамаро фаҳмида намешуд, кас намедонист, ки дар сари кӣ чӣ андеша аст. Кормандам Бахир аз дафтари корам берун рафт. Лаҳзае баъд садои телефон баланд шуд:
- Шеф, зудтар поятро аз ин ҷо каш! Дар кӯҳ бояд паноҳ бурд.
Ин садои Бахир буд, ки аз кабинети сармуҳандис занг мезад. Фаҳмидам, ки ӯ чизеро медонад. Ҳамаро ҷавоб додам. Дар кабинет ман, Сияҳмардов ва Бахир ҷамъ шудем. Хулоса як буд. Бояд паноҳ шуд. Нигаҳбони онҳо монда Амруллоро, ки корманди мо буду аз силоҳбадастон барои нигоҳ кардани ман дастур гирифта буд, даъват кардам ва гуфтам:
- Амрулло, дурӯғ намегӯям, ман бояд равам.
Ӯ аз ҷояш як қад парида  хест:
- Ҳарза нагӯед, агар шуморо ҷавоб диҳам, маро мекушанд.
- Роҳаш ҳаст. Вақти хӯроки чошт ҳам ман ва ҳам ту гӯиё ба ғизохӯрӣ меравем. Ту аз рафтани ман бехабар мемонӣ. Ба хӯҷаинонат чунин гӯй.
Ӯро розӣ кардем. Мо ба мошини Бахир савор шудем ва ҷониби карери рақами 15 рафтем. Аз он ҷо ба Сичароғ гузашта, ба роҳи Хоруғ баромадем. Сияҳмардов моро то майдони ҳавоии Комсомолобод раҳнамоӣ кард. Хулоса кардем, ки ҳамин ки оромӣ барқарор  шуд, ӯ ба назди мо меояд. Бо Бахир мо ба дараи Камарон, назди дӯсти ман Аҳмад рафтем. Вай қаровул буд. Вазъиятро ба ӯ фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ки дар хонаи худат ҳастӣ, ҳар қадаре, ки мехоҳӣ, зиндагӣ кун. Таъкид кардам, ки аз пушти ман мабодо ба ӯ зарар нарасонанд.
- Сапчинкуф, натарс, барои ту барин одам ҷонамро медиҳам,- гуфт.
Баъдтар ин лаҳзаҳоро зиёд ба хотир меовардам. Миёни тоҷикон дар қатори демократҳою ришдорони дар забон ватанпараст ин хел одамони одии дар дӯстию ватанпарастӣ содиқ зиёданд. Ман ин суханро борҳо дар Маскав ба онҳое, ки тоҷиконро ба бадӣ зикр кардан мехостанд, гуфтаам. Дар дараи Камаров як рӯз тоқат кардам. Дар пеш обхезӣ буд. Бандро бояд устувор месохтем. Ҳар соат муҳим буд. Рӯзи дигар ба Роғун баргаштам. Дар Комсомолобод Сияҳмардовро вохӯрдам. Аз ӯ фаҳмидам, ки вазъияти ошӯбгарон дар Душанбе вазнин шудааст, барои ҳамин дунболи мо наомадаанд. Корро дар «Роғун» давом додем. Гумон доштем ҳама хуб мешавад.
4 августи соли 1992 ҳамроҳи ҳамсарам Элеонора Дмитревна савори автомашинаи УАЗ - 469 раҳ сӯйи Душанбе гирифтем. Дар мошин чанд баста китоб доштем. Дар баромадгоҳи Роғун «Волга» - и пуродам аз паси мо афтод. Ронандаи мо Сайфиддин суръати мошинро зиёд кард. «Волга» ақиб монд. Тақрибан дар қарибиҳои Файзобод «Жигулӣ» - е аз мо  гузашта, пеши роҳамонро гирифт. Аз он ришдорони автомат ва гратамётбадаст, ки дар тан либоси комуфляж доштанд, берун омаданд. Сайфиддинро аз мошин берун кашиданд ва дар мошини «Волга» шинониданд. Сари чанбарак ришдори автоматбадаст ва паҳлуяш ришдори дигаре, ки гранатамёт дошт ва сеюмӣ паҳлуи ман нишаст.
- Аз ман чӣ мехоҳед, маро куҷо мебаред? - пурсидам.
Дар ҷавоб дашном ва таҳдид шунидам:
- Агар мард бошӣ, бо ту ҳамчун мард гап мезанем. Ту ин қадар зарари зиёд ба мардуми тоҷик расонидӣ, ки бояд ҷавобашро гӯӣ!
- Магар сохтани «Норак» - у «Роғун» ин зиён овардан ба мардуми тоҷик аст? – ба вай рӯй овардам.
Боз дашноми аз аввала қабеҳтар садо дод.
Ба ҳамсарам нигаристам. Ранг аз рӯяш парида буд. Фикр кардам, ки дар чунин лаҳза хомӯш будан беҳтар аст. 
Дар баромадгоҳи Файзобод чор нафар кормандони мусаллаҳи БДА меистоданд. Онҳо мошини маро мешинохтанд, аз ҳамин хотир таваққуф надоданд. Аммо «Волга» - ро нигоҳ доштанд. Баъдтар ронандаам Сайфиддин нақл кард, ки ба ишораи кормандони БДА «Волга» таваққуф накард. Онҳо оташ кушоданд. Силоҳбадастон аз мошин фаромада ҷониби онҳо оташ кушоданд ва сипас ба роҳашон давом доданд.
Дар Орҷоникидзеобод моро ба ҷое бурданд, ки силоҳбадастони зиёде ҷамъ омада буданд. Қарибиҳои бегоҳ буд. Онҳо намоз мехонданд ва баъди намоз ҷониби мо омаданд. Як нафар ришдори қоматбаланд бо ангушт ҷониби Душанбе ишора карда чизе гуфт. Сипас, моро назди мошини «Ёрии таъҷилӣ» оварданд. Ронандааш набуд. Хостанд қулфашро шикананд. Аммо як нафарашон монеъ шуд. Як нафар автоматбадасти куртаю эзори сафед дар тан назди онҳо омад ва чизе гуфт. Баъдтар ман фаҳмидам, ки онҳо мехостаанд тавассути «Ёрии таъҷилӣ» моро  ба штаби дар Душанбе будаашон баранд. Аммо андешаи боздошт дар постгоҳи даромадгоҳи Душанбе онҳоро аз ин раъй бозмедоштааст. Як нафар назди ман ва ҳамсарам омада гуфт:
- Шумо ҷавоб!
Пурсидам:
- Аз ман чӣ мехостед?
- Пул, пулҳоят дар куҷо?
- Пул надорам, гуфтам.
- Дорӣ, ҳоло ба дасти худат меорӣ, - гуфт.
Бо ҳамин суҳбати мо хатм ёфт.  Мо ба Роғун баргаштем. Шабу рӯз гирди хонаи мо силоҳбадастон мегаштанд. Ман донистам, ки дигар дар Роғун мондан таҳдид ба ҷони ман ва аҳли хонаводаам аст.  Роғун хазинаи билети тайёрафурӯшии худро дошт. Ман пешакӣ барои таърихи 10 августи соли 1992 билети тайёра харидам. Вале онро таърихи 9 август супоридам. Дубора барои таърихи 14 август билети тайёра харидам. Онро ҳам 13 август супоридам. Ман огоҳ будам, ки демократҳои ришдор аз билетхарии ман хабардор буданд. Рӯзи 15 август дар Душанбе кадом як ҷаласае буд. Ман қаблан барои таърихи 16 август барои парвоз ба Маскав билети тайёра харида будам. Вале аз билетфурӯш, ки духтари шинос буд, хоҳиш намудам, ки ба касе  нагӯяд. Таърихи 15 август бо баҳонаи маҷлис ба Душанбе омадам. Субҳи 16 август бо ҳамсар ва фарзандонам ба майдони ҳавоии Душанбе омадем. Савори тайёра шудем. Ҳама нишастанд, зинапояро гирифтанд ва дари тайёраро бастанд. Хурсандии ману аҳли хонадонам  ҳадду канор надошт. Ин дам роҳбалад эълон кард, ки мусофирон билет ва шиносномаашонро барои тафтиш омода созанд. Аз нав дари тайёра кушода шуд ва ба он чор нафар силоҳбадасти ришдори комуфулж дар тан вориди тайёра шуданд. Ба назарам расид, ки як нафари онҳоро дида будам. Маҳз ӯ рӯ ба рӯям қарор гирифт ва шиносномаамро талаб кард. Бо ранги парида ва дастони ларзон шиносномаро ба ӯ дароз кардам…

Шариф ҲАМДАМПУР

(Давом дорад)
Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон» № 8 (1102) аз 26.02.15


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2015    №: 45    Мутолиа карданд: 13383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед