logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЕНКАЙ ЖАНГ

4 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои буҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст.
Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ пешниҳод шудааст. Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд.
Атрофи  лоиҳаи стратегияи панҷ-солаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои солҳои 2016 - 2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқа, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва бахусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.2015    №: 47    Мутолиа карданд: 1361
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед