logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Оливйе Декамп

1 апрел  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Оливйе Декампро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла  коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо 47 лоиҳа амалӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 150 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфти мусоҳибон, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҳамчунин нақша дорад, ки соли равон дар Тоҷикистон татбиқи боз 12 лоиҳаи дигарро бо маблағи 70 миллион доллар оғоз намояд.
Ҷонибҳо оид ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои баланд бардоштани қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва вусъат додани дастгирии соҳибкории хурду миёна гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурди кишвар ва соҳаҳои кишоварзию энергетика се самти асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон аст.
Оливйе Декамп изҳор дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро  оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт дастгирӣ мекунад.
Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ яке аз афзалиятҳои асосии ҳамкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика арзёбӣ гардид.
Ба гуфти Оливйе Декамп, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо чор роҳу восита ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кӯмак мерасонад. Аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани маблағгузорӣ аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо, ҷудо намудани грантҳо аз ҳисоби маблағҳои худи бонк, тезондани татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда ва кам кардани мӯҳлати омодасозии лоиҳаҳои нав.
Оливйе Декамп ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар равона гаштааст, баҳои баланд дода, таъкид дошт:
- Ҳолати зери назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар қарор гирифтани беҳсозии фазои инвеститсионии кишвар худ аллакай боиси болоравии боварию эътимоди сармоягузорон аст.
Оливйе Декамп ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии иқтисодиёти он ҳавасманду манфиатдор аст.

Оливйе Декамп, роҳбари гурӯҳи соҳибкории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА), пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба хабарнигорон  чунин баён намуд:
-Мо бо Ҷаноби Олӣ як қатор масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор додем. БТРА шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Мо дар манотиқи гуногуни кишвар лоиҳаҳои зиёдеро дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ татбиқ намуда, чанд лоиҳаи дигарро ба нақша гирифтаем. Аз ҷониби мо дар соли гузашта танҳо барои рушди бахшҳои бонкӣ ва хусусии ҷумҳурӣ 50 миллион доллар интиқол дода шуд. Тасмим гирифтем, ки доираи ҳамкориҳоямонро дар соли равон дар се самти асосӣ-дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарзҳои хурд, соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика вусъат бахшем.
Барои БТРА дар марҳилаи кунунӣ муҳим он аст, ки бонкҳои саҳомӣ имконияти додани қарзро ба корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна дошта бошанд. Бо ин мақсад мо дар соли равон аз нисф зиёди маблағгузориро барои дастгирии бонкҳои саҳомӣ ва созмонҳои ҷудокунандаи қарз пешбинӣ намудаем. Ин тадбир, бешубҳа, ба рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Оливйе Декамп иброз дошт, ки роҳбарияти БТРА сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар самти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ба вижа дар бахши пахтакорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ба гуфти ӯ БТРА барои рафъи мушкилоти энергетикии кишвар, махсусан дар деҳоти дурдаст тадбирҳои мушаххас андешидааст. –Дар марҳилаи аввал,-иброз дошт О.Декамп,- мо якҷо бо шариконамон барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна маблағгузорӣ мекунем.
Дар мулоқот инчунин роҳу воситаҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи як қатор лоиҳаҳои обтаъминкунӣ дар шимол ва ҷануби кишвар ва беҳсозии фазои инвеститсионии ҷумҳурӣ матраҳ гардид.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2206
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед