logo

энергетика

ДАР «КӮЛОБ» НЕРУГОҲ СОХТАНД Ё КАФТАРХОНА?

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мамлакат ба Вазорати молияи кишвар (2 июли соли 2008, таҳти № 1-7.2/ 16.93) зимни номае пешниҳод намудааст, ки баҳри сохтани неругоҳҳои хурди барқи обии «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб ва «Меҳнатобод»-и ноҳияи Восеъ 1,2 миллион сомонӣ ҳамчун қарзи имтиёзнок равона намояд. Тибқи дурнамо баъди ба кор пардохтани неругоҳҳои фавқуззикр маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби фоидаи онҳо барқарор гардида, дар роҳи бунёди дигар неругоҳҳои хурд истифода мешаванд. Аз он тасмиму нақшаҳо то имрӯз қариб 7 соли мукаммал сипарӣ гардид. Дар ин муддат чӣ таҳаввулоте ба миён омад?

Кӯлоб: неругоҳи бенеру
То соли 1965 дар самти ғарбии шаҳри Кӯлоб неругоҳи барқи обии хурд фаъолияти судовар дошт. Бо иллати куҳнагию фарсудагӣ корношоям гардид. Барои эҳёи он соли 2007 Ҳамид Абдуллоев, шаҳрдори вақти Кӯлоб, бо ирсоли як нома аз Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика»-и мамлакат хост дар ин самт мусоидат намояд. Аз суратҳисоби махсуси хазинадории маркази Вазорати молия 763 ҳазору 470 сомонӣ воми имтиёзнок барои сохтмони неругоҳ ҷудо гардид. Ғайр аз ин, барои корҳои бунёду васлкунӣ аз ҳисоби маблағҳои худии ШСХК «Барқи тоҷик» 145 ҳазору 022 сомонӣ равона шуд. Умури сохтмонро ширкати «Кӯлобдеҳсохтмон» ба уҳда гирифта, тамоми маблағро азхуд кард. Бинои неругоҳ таъмир шуд. Генератори иқтидораш 200 кВт насб гардид. То соли 2009 ба қавле «пурра» омодаи «кор» шуда, дар марҳилаи истифодадиҳӣ қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он намояндагон аз «Барқи тоҷик», собиқ раиси вилояти Хатлон ва дигар ташкилоти давлатӣ ширкат варзиданд. Мутантан онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданду ҳамагӣ як рӯз фаъолият накарда, суқут кард.
Азбаски неругоҳ дар наздикии маҳаллаи Чармгарон мустақар буд, баробари фаъолшавӣ бояд сокинони ин маҳалларо дар фасли сармою гармо барқ медод. Бошандагон низ итминону такя ба ин ваъда доштанд. Аммо орзуҳояшон фано шуд.

Сохтмони бадсифат ё беҳавсалагии масъулон
Ҳақназар Хоҷаев, директори вақти ҶСНК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб», дар ин бобат изҳор кард, ки барабас рафтани заҳматҳо дар неругоҳи «Кӯлоб» боиси ҳайронии кулли барқчиёни шаҳр гардид.
- Қабл аз ба истифода додани неругоҳи «Кӯлоб» тамоми чораҳои мушаххасро дар самти таъмини бехатарии барқ андешида, зеристгоҳу дигар таҷҳизоти асосиро васл намудем. Иқтидори истеҳсолии неругоҳ 200 кВт муқаррар шуда буд. Мутаассифона, ҳангоми ба кор оғоз карданаш ҳамагӣ 60-80 кВт неруи барқ тавлид намуду халос. Ҳарчанд саъй кардем, имкони зиёд кардани қуввати он пайдо нашуд. Мушкили умда норасоии оби теладиҳандаи генератор буд, - илова кард Ҳ. Хоҷаев.- Барои озмоиш 3-4 асбоби худсохти барқиро ба хатти неругоҳ пайвастем, неругоҳ аз кор монд».
Ба андешаи мутасаддиён, барои бемамониат кор фармудани неругоҳ 6,5 - 7 метри мукааб об лозим буд. Вале наҳри неругоҳ 3 метри мукааб обро ғунҷонда метавонаду бас. Ин миқдор об наметавонад генераторро батамом давр занонад.
Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳр, доир ба ин масъала чунин тазаккур дод: «Табиист, ки қабл аз сохтани неругоҳ лоиҳагузорӣ бояд дақиқ сурат бигирад. Аввал бояд сатҳу суръати равиши оби дарё, баландии он, макони ҷойгиркунонии генераторро зери таҳлили амиқ қарор дода, сипас ба андозаи он агрегат интихоб мешавад. Зимнан таҳлили тахассусӣ собит мекунад, ки неругоҳи «Кӯлоб» бидуни лоиҳаю санҷишҳои пешакӣ сохта шудааст. На ба сатҳи ғунҷоиши обанбор диққат дода шудаасту на ба макони насби генератор. Беэътиборӣ оқибат неругоҳро ба чунин ҳол афканда, маблағҳои зиёд барҳадар рафтанд.
Мақоли хуби халқист: «Ҷомаи бемаслиҳат кӯтоҳ аст». Мусаллам аст, ки ғайриҳирфаӣ ва кӯркӯрона қадам ниҳодан дар корҳои меъморӣ ба ҷуз зиён подоши дигаре ба бор нахоҳад овард. Далели возеҳ аст, ки қариб 1 миллион сомонӣ дар сохтмони неругоҳ харҷ гардиду лоақал як рӯз ҳам ба кор нарафт. Вале, танҳо «Кӯлобдеҳсохтмон»-ро муҷрими ин ҳама ноҷӯриҳо унвон кардан ҷоиз нест. Чунки баъди анҷоми корҳои сохтмонии неругоҳ як комиссияи махсус оид ба қабули неругоҳ таъсис ёфта, санади пазируфтани онро тартиб дод. Ҳеҷ эътирозе дар мавриди корношоямии он дарҷ нашудааст. Пас бемасъулиятию хунукназарӣ аз куҷо сар задааст? А. Кишваров иброз дошт, ки ҷойи неругоҳро бояд иваз намуд. Зеро мавқеи он тамоман ба бунёд намудани неругоҳ мутобиқ нест.

Неругоҳи «Кӯлоб» - хонаи кабӯтарҳо
Соли 2010 дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёд ва дигаршавии маҷрои сойи Тебалай неругоҳи «Кӯлоб» миёни обу гил монд. Ашёи мавҷудаи он шояд аз таъсири ин офат корношоям гардида бошанд. Аз 1-уми апрели соли 2011 неругоҳ бо фармоиши №30 -и Ҳукумати мамлакат дар мувозинаи «Барқи тоҷик» гузошта шудааст. Алҳол фарсудагӣ онро иҳота кардан дорад. Бинояш мубаддал ба хонаи кабӯтарон гардидааст. Ҳайҳот, касеро парвое нест. Абдуғаффор Раҳмонзода, раиси вақти шаҳр қасди сеюмкарата эҳё кардани неругоҳро кард. Ба унвони «Барқи тоҷик» дар ин бобат нома фиристод. Аммо «Барқ тоҷик» то ҳол вокунише нишон надодааст. Ду сол муқаддам, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ зери сарлавҳаи «Неругоҳи Кӯлоб кай барқ медиҳад?» матлабе интишор гардида буд. Он ҳам беҷавоб монд.

Соҳиби неругоҳи «Меҳнатобод» кист?
Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ низ бунёди неругоҳи хурд пайдо шудааст. Аммо на назири неругоҳи «Кӯлоб», балки аз он бадтар. Иншоот барои ҷойгир намудани неругоҳ қомат афрохтааст. Агрегат қариб комилан васл шудааст. Вале насби лӯлаҳои обгузар нимкора мавқуф мондаанд.
Мирзо Одинаев, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ, афзуд, ки иқтидори неругоҳи зикршуда 55 кВт-ро ташкил медиҳад. Кадом ташкилот сохтмонро сармоягузорӣ намудааст, намедонад. Корҳои васлкунӣ ба охир нарасида, бо ҷурми номувофиқ мавқеъгузорӣ шудани неругоҳ «Барқи тоҷик» ба идомаи сохтмон нуқта гузоштааст.
Зариф Табаров, муовини директори ҶСНК «Барқи Кӯлоб», мегӯяд, ки «Барқи тоҷик» дастур додааст, то барои ба дигар минтақа бурдани неругоҳ ҷойи муносиб пайдо намоянд.
- Чӣ қадар маблағ дар бунёди неругоҳи «Меҳнатобод» масраф гардидааст, барои мо номаълум аст. Танҳо медонем, ки он дар мувозинаи «Барқи тоҷик» қарор дорад. Бояд неругоҳи мазкур ва «Кӯлоб» ба дигар ноҳияҳое, ки эҳтиёҷ ба барқ доранд, интиқол ёбанд. Алъон маконҳои мувофиқ ёфтаем, - илова кард муовини директор.
Аммо маблағҳои ҳангуфт барбод рафтанд. Ғайр аз иқтисодиёти давлат дигар ягон мутасаддии ин сохтмонҳо зараре надиданд. (шояд баъзеҳо нафъ бардоштанд). Гунаҳгор ба ин ҳама нокомиҳо кист ва аз кӣ бояд домангир шуд?

Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 13326
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед