logo

маориф

РУШДИ РИЁЗӢ ДАР КӮЛОБ

Соли 1953 дар заминаи Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлоб Донишкадаи омӯзгорӣ таъсис ёфт. Факултаи физика ва математика  ҳамсоли донишкада мебошад. Солҳои 1953 – 1961 он 300 нафар муаллимонро бо ихтисоси физикаю математика ба кор гуселонид.
Донишкада дар давоми солҳои 1962–1992 ба муассисаҳои маорифи халқи ҷумҳурӣ наздик ба 2000 нафар муаллимони физикаю математика фиристод. Дар тайёр кардани муаллимони фанни математика ҳиссаи омӯзгорон М. Ахмедов, С. Азизов ва омӯзгорони шодравон Х. Қодиров А. Акбаров,  Ш. Раҳмонов, Ш. Умаров ва Г. Ашурмамедов бузург аст. Бо кумаку мадади ин устодон дар факулта  як зумра ҷавонони лаёқатманд  тарбия ёфтанд.
Моҳи июли соли 1992 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатӣ табдил дода шуд. Ин боиси пурқувват гаштани ҳайати устодони кафедраҳои факулта гардид. Омӯзгорон пайваста дар курсҳои такмили ихтисоси мактабҳои олии марказӣ таҳсил намуда, таҷрибаи андӯхтаашонро дастраси дигарон мекарданд. Кушода шудани кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор имконият дод, ки муаллимони оянда бо асосҳои техникаи навтарини электронӣ ҳамаҷиҳата шинос гарданд.
Тӯли солҳои 1980 – 2000 аз ҳайати устодони факулта як зумра олимон рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ намуданд. Маҳз ҳамин солҳо мактаби математикии пурқувват дар ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ арзи вуҷуд дошту онро ҳамчун мактаби математикони Кӯлоб муаррифӣ менамуданд. Он солҳо дар ҷумҳурӣ факултаеро ёфтан душвор буд, ки ба монанди факултаи математикаи ин донишгоҳ иқтидори илмии пурқувват дошта бошад. Маҳз бо дастгирии бевоситаи роҳбарият ва устодони варзидаи факултаи мазкур роҳи ҷавонон ба сӯи таҳсилу илм ба шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург), Минск, Киев, Новосибирск, Кишинёв, Алма-Ато, Тошканд, Душанбе ва ғайра кушода шуд. Ҳамин тавр, робитаи  илмии факулта бо марказҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор гардид. Аз факултаи физикаю математика ҷавонони зиёд ба ин шаҳрҳо ба коромӯзию таҳсил ба аспирантура фиристода шуданд ва аксарияти онҳо рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.
Натиҷаи ҳамкориҳои зич бо донишгоҳу донишкадаҳои марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки докторони илмҳои физика – математика, профессорон Вячислав Иосифович Крупич (ш. Москва), Алгимантас Ионасович Янушаускас (ш. Новосибирск ва Вилнюс), Эдмунд Иванович Зверович (ш. Минск), Рафоэл Фёдорович Габасов (ш. Минск), Сергей Василевич Ведерников (ш. Минск), Пётр Петрович Забрейко (ш. Минск), Галина Борисовна Белявская (ш. Кишинёв), Лев Моисеевич Фридман (ш. Москва), Ростислав Семенович Черкасов (ш. Москва), Нусрат Раҷабович Раҷабов (ш. Душанбе) ва чанде дигарон шогирдонро маҳз аз факултаи математикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ ба дараҷаҳои баланди илмӣ расондаанд. Шогирдони ин профессорон ва дастпарварони факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳоло дар бисёр донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти илмию омӯзгорӣ  доранд.
Аз ҷониби олимони факулта оид ба масоили татбиқи натоиҷи корҳои илмию тадқиқотии устодон дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ эътибори махсус дода мешавад. Асоси корҳои илмӣ – тадқиқотии устодони факултаро нақшаҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷмӯи нақшаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои соҳавӣ ташкил медиҳанд.
Зиёда аз 10 коркарди илмии омӯзгорони факулта дар амал татбиқ шуда, 2 олими факулта соҳиби гувоҳномаи  муаллифӣ гардидааст. Тӯли ин солҳо аз ҳайати кормандони факулта зиёда аз 10 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд, ки ин ифтихори донишгоҳ мебошад.
Шогирдоне, ки шуъбаи математикаи донишгоҳро хатм кардаанд, ҳоло дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Аввалин нафаре, ки дар Тоҷикистон соҳиби унвони Муаллими халқии СССР гашта буд, дастпарвари ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Идӣ Халифаев мебошад. Ҳамчунин донишгоҳ бо шогирдони худ собиқ мудири шуъбаи маорифи халқи вилояти Хатлон  Рамазон Ғозиев, ректори имрӯзаи донишгоҳи мазкур, профессор Абдулло Табаров, собиқ ректори донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, профессор Тағойбобо Шукуров,  муаллими навовар Усто Бурҳонов ва дигарон ифтихор дорад.  Аз ҳайати имрӯзаи факулта 4 нафар соҳиби унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Алоқаи омӯзгорони факулта  бо мактабҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ба низоми  муайян даромадааст. Омӯзгорон бо Донишкадаи вилоятии такмили ихтисоси муаллимони Кӯлоб робитаи зич доранд. Дар курсҳои такмили ихтисос ва семинари сайёру доимоамалкунанда омӯзгорон бо лексияю суҳбатҳо баромад мекунанд. Баромади онҳо ба масоили мубрами таълими математика алоқаманд аст. Ҳоло дар назди факулта курси математикони эҷодкор фаъол мебошад, ки ба он беҳтарин омӯзгорон ҷалб  шудаанд. Омӯзгорони факулта минбаъд ҳам барои ҳарчи беҳтару хубтар  тайёр кардани мутахассисони соҳаи илми риёзиёт саҳми арзанда хоҳанд гузошт. 

Ҷ. ШАРИФОВ,
профессор
А. АБДУРАҲИМОВ,
дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2015    №: 56    Мутолиа карданд: 1436
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед