суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми
даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, шаҳри Душанбе, 17 марти соли 2015
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Қабл аз ҳама, шуморо ба муносибати сазовор гардидан ба боварии мардум ва ба мақоми вакили халқ ноил шуданатон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо ҷиҳати таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба талаботи ҷомеа барори кор орзу менамоям.
Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуровро барои интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Маҷлиси намояндагон ва Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, Хайринисо Юсуфӣ ва Фелалиев Акрамшо Саидшоевичро ба вазифаи муовини аввал ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон табрик мегӯям ва ба онҳо низ барори кор мехоҳам.
Рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон доир гардид.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, онро бевосита ё ба воситаи намояндагони худ амалӣ менамояд.
Интихобот ифодаи ҳокимияти бевоситаи халқ, унсури муҳими таъминкунандаи иштироки мустақими мардум дар ҳаёти сиёсии давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа мебошад.
Дар интихобот 285 нафар номзадҳо, аз ҷумла 80 нафар ба тариқи худпешбарӣ ба таври озод ширкат намуданд.
Дар ин маъракаи сиёсӣ 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар ё 87,7 фоизи шаҳрвандони кишвар, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, фаъолона иштирок карданд.
Дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ, ки аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид, бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эътимоди комил ба ояндаи неки давлати Тоҷикистон ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии муҳим иштирок намуд.
Дар фазои шаффофу озод ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани интихобот нишонаи он аст, ки мардуми кишвар вобастагии амиқи комёбиҳо ва рушди Тоҷикистонро аз фаъолияти босуботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор хуб дарк кардаанд.
Вакилоне, ки имрӯз дар ин толор ҳузур доранд, дар интихобот фаъолона иштирок карда, дар ҷараёни вохӯриҳо бо интихобкунандагон сатҳи баланди муташаккилӣ ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ нишон доданд ва сазовори эътимоди мардум барои панҷ соли оянда гардиданд.
Чунин пирӯзиро ба ҳар яки шумо табрик гуфта, таъкид менамоям, ки ҳар як вакил бояд барои татбиқи нақшаву вазифаҳои дар барномаҳои пешазинтихоботии худ гузоштааш кӯшиш намояд, пешниҳодҳои барномавии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки ба нафъи ҷомеа нигаронида шудаанд, зимни пешбурди фаъолияти касбӣ ба инобат гирад.
Ба ҳайати нави парламент намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва намояндагони дигар соҳаҳо интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа ба шумор мераванд ва дорои фарҳанги баланди сиёсӣ ва эҳсоси масъулияту вазифашиносӣ мебошанд.
Теъдоди занону бонувон дар ҳайати парламенти касбӣ имрӯз дувоздаҳ нафарро ташкил медиҳад, ки ин, пеш аз ҳама, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ дарак медиҳад.
Ба ҳайати парламент инчунин гурӯҳи калони ҷавонон бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ шомил гардиданд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони варзида ва дорои донишу малакаи баланд мебошанд.
Мо имрӯз дар ҳайати парламент олимони соҳаҳои гуногунро мебинем, ки 2 нафари онҳо академик, 8 нафар доктори илм ва 17 нафар номзади илм мебошанд.
Ин омил метавонад ба раванди ташаккули қонунгузории муосир такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бунёди давлати навин, дарвоқеъ, талошу заҳмати зиёдро тақозо мекунад ва барои амалӣ сохтани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ зарур аст. Бо дарназардошти ин, мо ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти муътадили ҳокимияти қонунгузор тамоми шароити мусоидро фароҳам овардем.
Зеро танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои мухталифи ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа, ки дар давраи гузариш қарор дошт ва мардуми кишвар ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои нахустин мегузоштанд, ноил шудан ба пешравиҳо, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконпазир буд.
Мо ҳаёти дохилии кишварамонро дар алоқамандӣ бо равандҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ таҳлил карда, роҳи рушди минбаъдаи онро муайян кардем ва сиёсати мутавозини хориҷиро бо дарназардошти эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ роҳандозӣ намудем.
Ҳамчунин, мо дар роҳи амалишавии мақсаду мароми ҷомеаи навин, яъне бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузоштем ва сиёсати давлату Ҳукумати кишварро барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ равона намудем.
Ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ парламенти касбиро таъсис додем.
Имрӯз парламенти касбӣ ба сифати як шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар нақши назаррасро иҷро менамояд.
Ташаккул ва рушди парламентаризми миллӣ, аз ҷумла фаъолияти бомароми вакилони халқ собит сохт, ки ин ниҳод дар пешрафт ва нигоҳ доштани авзои ҷомеа таъсири бевосита мерасонад.
Дар панҷ соли гузашта дар натиҷаи ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати чорум зиёда аз 600 қонун қабул карда, беш аз 200 созишномаву қарордодҳои байнидавлативу байналмилалиро ба тасвиб расониданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона гардидаанд.
Итминон дорам, ки шумо, вакилони навинтихобшуда, дар роҳи эҷоди қонунҳо ва қабули онҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалии барои кишварамон зарурӣ саъю кӯшиши бештар мекунед ва дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҳаёти давлату ҷомеа саҳми арзанда гузошта, бо дарназардошти вазъи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қонунҳои ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷавобгӯро таҳия ва қабул хоҳед кард.
Вакилон ҳангоми қабули қонунҳо бояд ба сифати онҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва қонунҳоро аз лиҳози ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеа асоснок намоянд.
Бо ин мақсад фаъолияти ҳокимияти қонунгузор бояд танҳо ба қабули қонунҳое равона карда шавад, ки онҳо суботи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро таъмин намоянд.
Қонунҳо бояд бо дарназардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин ба хотири таҳкими заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо дарки масъулияти баланд дар назди ояндаи давлату миллат таҳия ва қабул карда шаванд.
Соли гузашта дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти вазъи имрӯзаи қонунгузорӣ масъалаи гузаронидани мониторинги ҳуқуқиро таъкид карда будам.
Вакилони даъвати нав бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фарҳанги қонунэҷодкунӣ, бартараф намудани мухолифати санадҳои қонунгузорӣ ва инъикоси муносибатҳои танзимшаванда аз ваколатҳои худ самаранок истифода намоянд.
Дар ин самт дигар субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда низ бояд фаъол бошанд, зеро таҳия ва эҷоди қонунҳое, ки дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро танзим менамоянд, вазифаи дигар мақомоти давлатӣ низ ба шумор меравад.
Қонунҳое, ки қабул мешаванд, бояд механизми мушаххаси амалишавии меъёрҳои дар онҳо пешбинишударо дошта бошанд.
Ба ин масъала бояд ҳанӯз дар ҷараёни таҳияи қонунҳо эътибор дода шавад, ки қонунҳои қабулшуда дар ҳаёти ҷомеа то чӣ андоза муваффақона амалӣ карда мешаванд.
Ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо бояд ояндаи рушди ҷомеа, бо дарназардошти риоя ва татбиқи арзишҳои волои инсонӣ, ба монанди озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, маънавию ахлоқӣ, шахсӣ ва дахлнопазирии шарафи инсонӣ ба инобат гирифта шавад.
Қонунҳо бояд аз талаботи ҷомеа, муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва манфиату ниёзҳои мардум сарчашма гиранд ва ба он равона карда шаванд, ки чунин талаботу муносибатҳо ва манфиату ниёзҳоро дар асоси адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот ва пешрафту созандагӣ танзим намоянд.
Мақоми қонунгузор на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар таъмини иҷрои қонунҳо, роҳ надодан ба мухолифати онҳо, инчунин пуррагии низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ ҳавасманд бояд бошад.
Бинобар ин, ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо ва субъекти дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади рушди танзими ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар асоси такмили заминаҳои қонунгузории кишвар пешниҳод менамоям:
- якум, вакилон аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ самаранок истифода карда, сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, барои такмили фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас гузоранд ва имкониятҳои дар ин самт мавҷударо васеъ истифода намоянд;
- дуюм, ҷиҳати таъмини волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави кишвар бо дарназардошти манфиатҳои давлату ҷомеа ҳолатҳои такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузории мавҷуда бартараф карда шаванд;
- сеюм, ба меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои самти асосии фаъолияти парламенти касбӣ идома дода шавад;
- чорум, такмили қонунгузории кишвар ҳамчун самти афзалиятноки парламент боқӣ монда, дар солҳои наздик қонунэҷодкунӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллии мо бояд пояи ҳуқуқии рушди минбаъдаи мамлакат қарор гирад;
- панҷум, зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба сифат ва самаранокии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад, зеро дурнамои инкишофи қонунгузорӣ бо дарназардошти ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тақозо мекунад, ки меъёри қонун бояд амалишаванда ва ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад;
- шашум, бо мақсади такмили фаъолияти қонунэҷодкунии парламент экспертизаи лоиҳаи қонунҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, аз имкониятҳои экспертизаи илмии лоиҳаи қонунҳо бо ҷалби ҳарчи бештари муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо истифода бурда шавад;
- ҳафтум, зарур аст, ки санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ такмил дода шаванд;
- ҳаштум, вакилон ҳамкории доимиро бо интихобкунандагони худ, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд ва бо раъйи онҳо ба курсии вакилӣ шарафёб гардидаанд, ба роҳ монда, ба масъалаи ҳалли мушкилоти онҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори эътимоди интихобкунандагон бошанд.
Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки вакилон намунаи поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошанд ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла коррупсия ва таҳкими волоияти қонун қарор дошта бошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз саросари ҷаҳонро буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва рақобатҳои шадиди геополитикӣ фаро гирифтаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфии худро мерасонанд.
Чунин вазъ вусъати ҳарчи бештари фаъолияти қонунэҷодкунии парламентро ба хотири таъмини суботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар талаб мекунад.
Ҳамаи шумо ва кулли мардуми кишвар огоҳед, ки ман дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муфассал изҳори назар кардам.
Таъкид бояд кард, ки дар кишвар барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва дар маҷмӯъ онҳо барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд.
Ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан неруи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишвар ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян шудаанд.
Дар ин раванд, ба масъалаҳои истифодаи пурраву самараноки имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчи бештар ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳои мавҷуда аҳамияти махсус дода шуда, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва таҳкими иқтидори содиротии мамлакат рақобатнокии иқтисоди миллӣ баланд бардошта мешавад.
Сиёсати буҷетии давлат дар давраи миёнамуҳлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Барои пешгирии хавфҳои эҳтимолии фискалӣ ва паст намудани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, инчунин барои иҷро гардидани нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 2015 тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Фаъолият ва нақши Маҷлиси намояндагон дар ин самт низ бояд назаррас бошад, яъне вакилони парламент дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки масъалаҳои дар боло зикршударо танзим мекунанд, инчунин дар масъалаи назорати иҷрои буҷет ва истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ беш аз пеш фаъол бошанд.
Фаъолияти парламенти кишвар дар ин самт бояд бо дарназардошти ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлат дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба роҳ монда шавад.
Ин тадбирҳо имкон хоҳанд дод, ки низоми ҳуқуқ ва қонунгузории кишвар пояи такмили идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои ҷомеа ва давлат гардад.
Таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ба шароити нави ҳаёти ҷомеа мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои давлату ҷомеа заминаи рушди устувори низоми ҳуқуқии кишвар мебошад.
Дар шароити таъсири ақидаҳои зараровар ба мафкураи ҷавонон дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва риояи қонунҳо ба воя расонидани насли наврас яке аз роҳҳои асосӣ ва самараноки роҳандозии ҳадафҳои аслии сиёсати ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад.
Мо таҷрибаи хуби ҷалби шаҳрвандонро ба муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои миллӣ дорем, ки он дар ниҳояти кор натиҷаҳои хуб ба бор овард.
Идома додани ин таҷриба метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои ҳокимияти қонунгузор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун субъекти фаъоли ҳуқуқэҷодкунанда ба сифати қабули қонунҳо таъсири мусбат расонад.
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентии мақоми қонунгузори кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои дуру наздик бо мақсади рушди қонунгузорӣ таҷрибаи хуб мебошад.
Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки вакилони муҳтарам бояд аз таҳаввулоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷаҳони имрӯза пайваста бохабар ва ҳамқадами замон бошанд.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии милливу давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад.
Дар замони муосир нақш ва мавқеи ҳокимияти қонунгузор ба сифати рукни мустақил дар ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд бисёр арзишманд буда, вакилони мардумӣ бояд бо хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи мардум ва барои таъмини суботи сиёсиву иқтисодӣ рисолати муҳими ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатиро идома диҳанд.
Барои ин вакилони мардумӣ бояд тамоми кӯшиш ва малакаву маҳорати касбии худро ба хотири таҳкими заминаҳои ҳуқуқии кишвар, таҳия ва қабули қонунҳои демократӣ сафарбар намоянд, ки ин дар навбати худ, ба густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, вакилон бояд ҳамкориҳои худро бо ҳокимияти иҷроия, ҳокимияти судӣ ва интихобкунандагони худ тақвият бахшанд ва ба хотири рушди давлату давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳарчи бештар ҷаҳду талош варзанд.
Дар ин кори ниҳоят пурмасъулият ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам барори кор орзумандам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2015 №: 56 Мутолиа карданд: 1565