logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ.2, мод. 404) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар сархати ҳаштуми моддаи 1 калимаи «шӯро» ба калимаи «Шӯро» иваз карда шавад.
2.  Дар қисмҳои 3, 5 ва 6 моддаи 5 калимаҳои «гардиши маблағҳои» ба калимаҳои «даромади умумии» иваз карда шаванд.
3.  Дар моддаи 7:
- дар сархати панҷум калимаҳои «таҳвилдиҳандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти истеҳсолӣ» ба калимаҳои «таҳвилдиҳандагони мол» иваз карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-якҷоя бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) субъектҳои соҳибкориро таъсис диҳад ё ба онҳо шомил шавад;»;
- аз сархати ҳаждаҳум калимаи «иҷрои» хориҷ карда шавад.
4.  Дар моддаи 8:
- дар сархати сеюм калимаҳои «қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат» ва калимаи «коллективҳои» ба калимаи «коллективи» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «андозҳоро» ба калимаҳои «андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ» иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- барои амалигардонии намуди фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаро талаб менамояд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатнома  гирад;».
5.  Дар ном ва матни моддаи 9 калимаҳои «махфӣ дар бораи» ба калимаи «махфии»  иваз карда шаванд.
6.  Дар сархати сеюми моддаи 13 калимаи «қабули» ба калимаи «тасдиқи» иваз карда шавад.
7.  Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Бизнес – инкубаторҳо барои рушд ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.».
8.  Дар моддаи 21:
- дар номи модда калимаҳои «ҳуқуқии моликияти» ба калимаҳои «ҳуқуқи молу мулкии» иваз карда шаванд;
- ба қисми 4 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
9.  Дар моддаи 22:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «ҳифзи ҳуқуқ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»  илова карда шаванд;
- аз қисми 2 калимаи «иҷрои» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1194 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар  бораи қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1812 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 799


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед