logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри  соли 2004 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805; мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 1 сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шуда, дар сархати понздаҳум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад.
3. Сархати ҳафтуми моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд;».
4. Дар моддаи 4:
- дар матни модда калимаҳои «таҳсили умумӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ» иваз карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешаванд.».
5. Дар қисми дуюми моддаи 5, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳаштуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 7, қисмҳои чорум, шашум, нуҳум ва даҳуми моддаи 8, қисми якуми моддаи 9, қисми сеюми моддаи 10, қисми дуюми моддаи 12, қисми дуюми моддаи 20, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 21, қисми якуми моддаи 26,  қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 31, қисми якуми моддаи 32, қисмҳои  дуюм ва сеюми моддаи 33, қисми якуми моддаи 34, қисми дуюми моддаи 35 ва қисми дуюми моддаи 43 калимаи «вазифадор» ба калимаи «уҳдадор» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 7:
- дар номи модда калимаҳои «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои» ба калимаи «Уҳдадориҳои» иваз карда шаванд;
- қисми якум хориҷ карда шавад.
7. Дар моддаи 8:
- дар қисми ҳаштум пас аз калимаҳои «сертификати ҳатмӣ» калимаҳои «бо забонҳои давлатӣ ва русӣ » илова карда шаванд;
- қисми сенздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва муҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад.».
8. Ба Қонун моддаи 81 бо мазмуни  зайл илова карда шавад:
«Моддаи 81. Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти мол
Истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор ҳуқуқ дорад, ки чеки хазинадорӣ, чеки мол ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда), ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда гирад.
Ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ  истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) уҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.».
9. Қисми панҷуми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Маълумоти пешбининамудаи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)  ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, бояд ба маълумоти  истеъмолкунанда расонида шаванд.».
10. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои «мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи «соҳибмансаб» ба калимаҳои «мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми сеюми моддаи 17 калимаҳои «Мақомоти давлатии ваколатдор (раёсати минтақавии онҳо),» ва «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), мақомоти давлатии ваколатдор (сохторҳои минтақавии онҳо),» ва «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисмҳои нуҳум, даҳум ва понздаҳуми моддаи 18 калимаи «вазифадоранд» ба калимаи «уҳдадоранд» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 31:
- дар қисми якум калимаҳои «сметаи устувор ё тахминӣ ё ин ки нархгузорӣ» ба калимаҳои «арзиши сметавӣ ё калкулятсия» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «чунин смета» ба калимаҳои «арзиши сметавӣ ё калкулятсия»  иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «сметаи устуворро» ба калимаҳои «арзиши сметавӣ ё калкулятсияро» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «сметаи тахминиро» ва «сметаи тахминӣ» мувофиқан ба калимаҳои «арзиши сметавӣ ё калкулятсияро» ва «арзиши сметавӣ ё калкулятсия» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «арзиши сметаи тахминӣ» ва «сметаи тахминӣ» ба калимаҳои «арзиши сметавӣ ё калкулятсия» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаи «смета» ба калимаҳои «арзиши сметавӣ» иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 38:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад.»;
- дар қисми дуюм:
-матни қисм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд - мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад:»;
- ба сархати якум пас аз калимаҳои «дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ)» калимаҳои «, амрномаҳоро ирсол менамояд» илова карда шаванд;
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз муҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд;»;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «алоқаманданд» калимаҳои              «, пешниҳод мекунад» илова карда шаванд.
15. Пас аз моддаи 43 калимаҳои «БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ» илова карда шаванд.
16. Моддаи 441 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 441. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1193

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 феврали соли 2015 № 1760

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар  бораи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид  ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 798


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед