logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 июли соли 2014 «Дар бораи сирри давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014,  №7, қ. 1,  мод. 392) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- аз сархати сеюм калимаи «дигар» хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳаштум калимаи «маҷмӯи» хориҷ карда шавад;
- ба сархати дувоздаҳум пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, воҳидҳои дигари ҳарбӣ» илова карда шаванд.
2. Дар номи боби 2 калимаҳои «ДАВЛАТӢ ВА» ба калимаҳои «ДАВЛАТӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- дар сархати сеюм аломати  нуқта вергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шавад;
- сархати чорум хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 12:
- дар номи модда калимаҳои «ва ташкилотҳо» ба калимаҳои «, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои даҳум ва дувоздаҳум калимаҳои «ваколатҳои худ» ба калимаҳои «ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 13:
- дар банди 10) калимаи «боррасонии» ба калимаи «таҳвили» иваз карда шавад;
- дар банди 16) калимаҳои «Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ» ба калимаҳои «Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд:
- дар банди 29) калимаи «расонидани» ба калимаи «таҳвили» иваз карда шавад;
- дар банди 36) калимаи «боррасонӣ» ба калимаи «таҳвил» иваз карда шавад.
6. Дар банди 3) моддаи 15 калимаҳои «ҳамлу нақли бор» ба калимаи «боркашонӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 16:
- дар банди 15)  калимаи «картографие» ба калимаи «харитасозие» иваз карда шавад;
- дар банди 17)  калимаи «боррасониҳои» ба калимаи «таҳвили» иваз карда шавад;
- дар банди 29) калимаи «расонидани» ба калимаи «таҳвили» иваз карда шавад;
- дар банди 30) калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа» ба калимаҳои «Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 1 моддаи 17 :
- дар банди 6) калимаи «расонидани» ба калимаи «таҳвили» иваз карда шавад;
-дар банди 7) калимаҳои «ҳамлу нақли борҳои» ба калимаи «боркашонии» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 18:
- дар банди 12)  калимаи «расонидан» ба калимаи «таҳвил» иваз карда шавад;
- дар банди 17)  калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ» ба калимаҳои «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 23 калимаи «соҳиби» ба калимаи «молики» иваз карда шавад.
11. Дар сархати нуҳуми қисми 4 моддаи 24 калимаи «картографӣ» ба калимаи «харитасозӣ» иваз карда шавад.
12. Ба қисми 2 моддаи 27 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Зимнан муҳлате, ки махфӣ будани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба муддати он тамдид карда мешавад, набояд аз муҳлати пешбининамудаи қисми 2 моддаи 24 Қонуни мазкур зиёд бошад.».
13. Дар сархати якуми моддаи 32 ва дар моддаи 33 калимаҳои «ҳамлу нақл» ба калимаи «интиқол» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

       Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015 №1185


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2015, №1780


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, №790


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1561
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед