logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри       соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431; №7-8,    мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508;   с. 2014, №3, мод. 143; мод. 144; №7, қ. 1, мод. 389; мод. 390), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 90:
- ба номи модда пас аз калимаи «ва» калимаи «таълиму» илова карда шавад;
- ба диспозитсияи модда пас аз калимаҳои «ё тарбиявӣ» калимаҳои «, инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад,» илова карда шаванд;
- дар санксияи модда калимаҳои «як то се» ба калимаҳои «се то панҷ» иваз  карда шаванд.
2. Дар моддаи 313:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «панҷ то ҳафт» ва «се то шаш» мувофиқан ба калимаҳои «ҳафт то даҳ» ва «чор то шаш» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «ҳафт то даҳ» ба калимаҳои «даҳ то понздаҳ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 329:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «як то се» ва «то як сол» мувофиқан ба калимаҳои «се  то панҷ» ва «аз шаш моҳ то як сол» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «се  то  панҷ» ба калимаҳои «панҷ то ҳафт» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «панҷ то ҳафт» ба калимаҳои «ҳафт то даҳ» иваз карда шаванд.
4. Ба моддаи 333 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз  тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст,-
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати то шаш моҳ таъйин карда мешавад.».
5. Дар моддаи 336:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «ду то се» ба калимаҳои «се то панҷ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «се то панҷ» ба калимаҳои «панҷ то ҳафт» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 337:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «сӣ то панҷоҳ» ба калимаҳои «панҷоҳ то ҳафтод» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «панҷоҳ то ҳафтод» ба калимаҳои «ҳафтод то ҳаштод» иваз карда шаванд.
7. Дар санксияи моддаи 342 калимаҳои «бист то сӣ» ба калимаҳои «сӣ то чил» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 473:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «се то панҷ», «понздаҳ то бист» ва «чил то панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «панҷ то ҳафт», «бист то сӣ» ва «панҷоҳ то ҳафтод» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «панҷ то ҳафт» ва «сӣ то чил» мувофиқан ба калимаҳои «ҳафт то даҳ» ва «чил то панҷоҳ» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 550 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 550. Рекламаи доруворӣ, маснуоти таъйиноти тиббӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти санитарию гигиенӣ, ғизои кӯдакон, шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ) ва маккаку пистонак
1. Барои рекламаи доруворӣ, маснуоти таъйиноти тиббӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти санитарию гигиенӣ бе иҷозати истеҳсол ё фурӯши онҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ дода мешавад,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои рекламаи ғизои кӯдакон, шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ) ва маккаку пистонак,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,  № 1179

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014,  № 1714


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 784


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед