logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156; №12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, №7, мод. 700;  №12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, №7, мод. 504), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 31, қисми 1 моддаи 34, қисми 5 моддаи 37 ва қисми 1 моддаи 201 калимаҳои «машрубот ё маводи нашъаовар» ва «машрубот ва маводи нашъаовар» ба калимаҳои «машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 35 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои  «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
3. Ба қисми 3 моддаи 40 пас аз калимаи «гузоштанаш,» калимаҳои «инчунин дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,» илова карда шаванд.
4. Ба моддаи 42 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Танҳо шаҳрвандони болиғи қобили амал, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ ё парастор шудани онҳоро манъ накардааст, парастори (ёвари) шаҳрванди болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд.».
5. Дар қисми 3 моддаи 48, қисми 3 моддаи 50 ва сархати дуюми қисми 2 моддаи 62 калимаҳои «ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ», «ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ё динӣ» ва «иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ, динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои динӣ» ва «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 51 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, калимаҳои «дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» хориҷ карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 53 калимаҳои «ва динӣ» ба калимаҳои «, фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин ташкилотҳои динӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 2 моддаи 73, қисми 2 моддаи 76, моддаи 77, қисми 1 моддаи 79, моддаи 80, қисми 1 моддаи 83, қисми 2 моддаи 85, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 86, қисми 2 моддаи 88, моддаи 90 ва қисми 2 моддаи 91 калимаҳои «фонди оинномавии (сармояи шариконаи)», «фонди оинномавӣ», «фонди оинномавии», «фонди оинномавиаш», «сармояи муштарак» ва «сармояи муштараки» мувофиқан ба калимаҳои «сармояи шариконаи», «сармояи шарикона», «сармояи шариконаи», «сармояи шариконааш», «сармояи шарикона» ва «сармояи шариконаи» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 3 моддаи 94 калимаҳои «қонун дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми 2 моддаи 96, қисми 7 моддаи 97, қисми 1 моддаи 102, қисми 2 моддаи 104, қисми 1 моддаи 105, қисми 1 моддаи 106 ва қисми 3 моддаи 112 калимаҳои «фонди оинномавии», «фонди оинномавӣ», «фонди оинномавиаш» «фонди оинномавиро» мувофиқан ба калимаҳои «сармояи оинномавии», «сармояи оинномавӣ», «сармояи оинномавиаш» ва «сармояи оинномавиро» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 129:
- дар номи модда калимаҳои «Ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ» ба калимаҳои «Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «Иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ» ва «Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ» ба калимаҳои «Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ», «ин ташкилотҳо», «ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диние» ва «ташкилотҳои мазкур» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ», «ин иттиҳодияҳо, ташкилотҳо», «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои диние» ва «иттиҳодияҳои, ташкилотҳои мазкур»  иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 2 моддаи 133 калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад.
13. Дар қисми 1 моддаи 235 ва қисми 1 моддаи 237 калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятию динӣ» ва «иттиҳодияҳои динӣ» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ» ва «ташкилотҳои динӣ»  иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1178

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1802

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро  баррасӣ  намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 783


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 2856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед