logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар мулоқот бо иштирокчиёни «Наврӯзи адибон» дар Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», шаҳри Хуҷанд, 21 марти соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Боиси ифтихору сарафрозии мо, тоҷикон, кулли форсизабонони олам ва дигар кишварҳои ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аст, ки аз соли 2010-ум инҷониб Наврӯзи Аҷам дар сатҳи байналмилалӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Наврӯз паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо аз қаъри ҳазорсолаҳост, ки накутарин ва зеботарин оини будану зистанро ба мардум талқин мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёди аҷдодӣ оромишу осоиш, эҳёву созандагӣ, назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳуму тавозун ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат таҷассум ёфтааст.
Ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз имкон медиҳад, ки аҳли башар ба ин падидаи нодири бостонӣ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро Наврӯз ва мазмуну муҳтавои он хоси фақат қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.
Ба муносибати ин рӯзи саид ва суннати барои ҳар яки мо муқаддас тамоми мардуми саодатманду сарбаланди мамлакат, тоҷикони бурунмарзӣ, форсизабонони дунё ва мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашни бостониро гиромӣ медоранд, инчунин кулли сокинони вилояти Суғд ва ҳамаи шумо, ширкаткунандагони мулоқоти имрӯзаро сидқан табрик гуфта, ба хонадони шумо ва ҳар як сокини кишвари азизамон хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва иқболи неку баракати рӯзгор орзумандам.
Бахти баланди миллати мост, ки баҳори бистучорумини давлатдории миллӣ ва ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамраъйии кулли сокинони мамлакат таҷлил мекунем.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо, тоҷикон, дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин маҳсуб мешавад. Бинобар ин, рисолати ҳар як фарди бонангу номус ва хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки ин неъмати олиро аз ҳамаи арзишҳои дигар азизу муқаддас ва баланду гиромӣ донад.  Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ барои мо имконияти омӯзиш ва таҳқиқи гузаштаи миллати сарбаланду тамаддунсозамонро фароҳам оварда, дар самти таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи муосир, арҷ гузоштан ба суннатҳои волои аҷдодӣ ва бедории воқеии фикрӣ марҳалаи тоза оғоз намуд.
Ҳозирони арҷманд!
Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад. Ин шаҳри бостонӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошта, Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст.
Хуҷанд дар ибтидои асрҳои миёна дорои чандин иншооти мудофиавӣ буд. Куҳандиз, яъне қалъаву работ ва шаҳристони он унсурҳои меҳварии шаҳрсозии он давраро таҷассум мекарданд. Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст.
Таърихи пурфоҷиаи шаҳр дар замони ҳамлаи аҷнабиён, бахусус истодагарии аҳолии ватанпарвари Хуҷанд бо сарварии Темурмалики шуҷоъ то ҳол ба некӣ ёд мешавад. Ҳарчанд ки шаҳр дар ин давра ба харобазор табдил дода шуд, он бо азму иродаи қавии мардуми ватандӯст аз нав барқарор гардида, ба зудӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бинокорӣ ва сохтмони иншооти муҳимми хоҷагидорӣ вусъат гирифта, ин раванд боиси ба вуҷуд омадани силсилаи ёдгориҳои меъморӣ гардид.
Давраи баъдинаи тараққиёти шаҳрро на танҳо аз рӯи обидаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои нодир, балки аз сатҳи ташаккули инфрасохтори низоми шаҳрдорӣ, яъне раванди рушди деҳоти атрофи Хуҷанд ба хубӣ дарк кардан мумкин аст. Масалан, дар асрҳои миёна мавзеъҳои Конибодом ва Сомғору Хистеварз ҳамчун пойгоҳи асосии рушди ҳунармандиву косибӣ ва ба ҳайси мавзеъҳои муҳимми муҳофизати шаҳр ташаккул ёфта буданд.
Ёдгориҳои меъмории Хуҷанд на танҳо аз санъати баланди меъмории ниёгон башорат медиҳанд, балки барои омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти моддиву маънавии давраҳои гуногуни таърихӣ маводи арзишмандеро ба ихтиёри олимону муҳаққиқон мегузоранд.
Мавзее, ки ҳоло мову шумо қарор дорем, дар ибтидои асрҳои нуҳуму даҳум бо девору иншооти зиёди мудофиавӣ иҳота гардида, андаруни он шумораи зиёди одамон сукунат доштаанд. Аз ин лиҳоз, ободиву зебоии ин мавзеъ аз давраҳои бостон ба атрофу акнофи олам паҳн гардида, Хуҷанд бо номи «Тирози ҷаҳон», яъне арӯси шаҳрҳо шуҳрат пайдо намудааст. Бояд гуфт, ки Хуҷандро на танҳо хоки зархезу киштзори сарсабз, ҳамчунин рӯди шодоби Сайҳун ва меваҳои шаҳдбори он машҳури олам гардонидаанд.
Шуҳрату номи шаҳри Хуҷанд бештар тавассути фарзандони барӯманд, олимону орифон ва суханварони мумтози он густариш пайдо кардааст. Мунаҷҷим ва риёзидони маъруф Абумаҳмуди Хуҷандӣ, табиби ҳозиқ Назириддини Хуҷандӣ, орифону суханварони мумтоз Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ, инчунин даҳҳо донишмандону фозилоне, ки фаъолияти илмиву адабии онҳо берун аз марзи кишвар мавриди эътибору эҳтироми аҳли илму адаб қарор гирифтаанд, шуҳрати ин шаҳри қадимаи тоҷиконро дар ақсои олам интишор додаанд.
Овозаи донишмандии мунаҷҷим ва олими навовару ихтироъкор Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар садаи даҳум то ҳадде паҳн гардида будааст, ки ӯро ба шаҳри Рай даъват намуда, сарпарастии мактаби илмии он шаҳрро то охири умр ба уҳдаи ӯ вогузор кардаанд. Нақш ва мақоми Абумаҳмуди Хуҷандӣ на танҳо барои рушди илмҳои дақиқ, махсусан риёзиёт ва ситорашиносӣ бузург аст, балки ӯ дар тарбияи донишмандони улуми дақиқ саҳми назаррас гузоштааст. Аз ин ҷост, ки олими маъруф Абурайҳони Берунӣ ӯро устод ва раҳнамои худ дар олами илм ба қалам додааст.
Дар радифи мутафаккирону олимони зикршуда шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абуаҳмади Муҳаммад, маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё Хоҷа Камол низ аз зумраи парвардагони домони поки Хуҷанди бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон «то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд».
Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки ин шоири озода ва вораста дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.
Гарчанде қисми зиёди ҳаёти Хоҷа Камол бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ғарибӣ, яъне дар шаҳри Табрези Эрон гузаштааст, ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи хеш - Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард ва бо номи зодгоҳу сарзамини аҷдодии худ ҳамеша ифтихор дошт. Ва беҳуда нест, ки муҳаббати бепоён ба Ватан ва садоқат ба марзу буми муқаддаси аҷдодӣ дарунмояи ғазалиёти ин булбули хушилҳоми Хуҷанди бостониро фароҳам овардааст. Ин матлабро ҳар як фарди тоҷик аз ғазали машҳури Хоҷа Камол аз овони мактабхонӣ дар хотир дорад ва шоирро низ маҳз бо ҳамин мисраъҳо мешиносад:
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо, ғариб.

Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ашъори ҷовидонаи худ бо такя ба беҳтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ некиву накукорӣ, ахлоқи ҳамида, адолати иҷтимоӣ ва дигар фазилатҳои писандидаи инсониро бо ҳунари олии суханварӣ тараннум кардааст. Ҳамзамон бо ин, як қисми осори гаронарзиши Хоҷа Камол фарогири масъалаҳои панду ахлоқӣ ва дорои аҳамияти бузурги таълимиву тарбиявӣ мебошад.
Ашъори Камоли Хуҷандӣ бо шаклу услуби ширину дилнишин, латофати калом ва камоли маънӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофиз ва Ҷомӣ дар як мавқеъ гузошта мешавад. Бузургии Хоҷа Камол ҳамчун шоир ва инсони комил дар он зоҳир мешавад, ки ӯ шеърро ҳамчун василаи ифодаи андешаҳои баланди ирфонӣ ва ғояҳои гуманистии худ устодона истифода карда тавонистааст. Ҳамасрони ӯ тавонмандии Хоҷа Камолро дар эҷоди шеъри мукаммал чунин ба қалам додаанд:
Орифи ҳақшинос Шайх Камол,
Ин ҷаҳонро ба шеъри тар бигрифт.

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ ва иддае аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгору мақбули аброр, марҷаи хосу ом, сархайли акобири айём ва камолу каломи ӯро оламгир хондаанд.
Боиси қаноатмандист, ки то имрӯз ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат доир ба ободу зебо гардонидани макони зисти Хоҷа Камол иқдомҳои хеле назаррас ба анҷом расонида шуданд. Бо сомон додани ин кори савоб мо то ҷое рисолати ворисии худро дар назди рӯҳи поки шоир адо намудем.
Бо амри тақдир Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам даргузашт ва дар он сарзамин дафн карда шуд. Маҳз бо ҳамин сабаб зиёрати марқади ӯ барои ҳамаи ихлосмандон муяссар намегардид. Ба наздикӣ қадре аз хоки мазори ӯ ба зодгоҳи шоир оварда шуд ва ин иқдом гувоҳи возеҳи бозгашти маънавии Хоҷа Камол ба Ватани хеш гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар шафати дарёи Сайҳун бунёд гардидани маҷмааи Камоли Хуҷандӣ ва аз нав тармиму таҷдид шудани Боғи Хоҷа Камол басо рамзист. еъморону сохтмончиён кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо риояи анъанаҳои меъмориву шаҳрсозии ниёгон хусусияти табиати Хуҷандро дар ҷараёни бунёди ин ёдгории таърихӣ ба инобат гиранд.
Ҷолиби диққат аст, ки ҳунармандону меъморон дар ороишоти биноҳои маҷмаа ба эҳёи услуби аҷдодии наққошиву рассомӣ, бунёди иморат ва ҳавлидории суннатиамон эътибори махсус додаанд. Дурахши рангҳои дохилу беруни биноҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳунармандон ормонҳои миллии ниёгонамон ва намунаҳои барҷастаи фарҳанги оламшумули тоҷиконро пайгирӣ намуда, онҳоро бо завқу салиқаи баланд дар нигоришот истифода кардаанд.
Маҷмаа дар асоси талаботи меъмориву шаҳрсозии муосир сохта шуда, мазмун ва муҳтавои он ифодагари ғояҳои баланди миллӣ мебошад. Аз як ҷониб дарёи Сир ва аз ҷониби дигар Қалъа – Куҳандизи Хуҷанд ба Маҷмааи таърихии Хоҷа Камол мазмуни тоза мебахшанд. Зебоии табиии ин мавзеъ бо нигораву ороишоти иншооти меъморӣ моҳирона ҳамоҳанг гардида, арзишу қимати ин ёдгориро афзун мегардонанд.
Бино гардидани манзили истиқоматии шоир бо тарҳи замони зиндагии Хоҷа Камол баёнгар ва намунаи равшани маданияти баланди шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва манзилдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Бо истифода аз фурсат, ба устоҳои ҳунарманд ва ҳамаи онҳое, ки дар кори хайри эҳё намудани манзили истиқоматии Хоҷа Камол заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям ва орзумандам, ки дастони пурэъҷозашон дар ҷодаи ободкории диёри бостониамон ҳеҷ гоҳ хаста нагарданд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Яке аз рукнҳои аслии Наврӯз ҳамоҳангии инсону табиат маҳсуб шуда, ниёгони мо аз даврони бостон ба корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани табиат ва муҳити атроф, сабзонидани ниҳол ва кабудизоркунии маҳалли зист эътибори ҷиддӣ медоданд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки ҳатто дар асрҳои миёна дар қаламрави Мовароуннаҳр таҷҳизоту воситаҳои обу корез вуҷуд доштаанд ва сокинон аз онҳо дар манзили истиқоматии худ васеъ истифода мебурдаанд. Чунонки имрӯз шоҳид шудем, дар манзили Хоҷа Камол ҳунармандони тоҷик бо усули аҷдодӣ хати обу корезро насб карда, ба ин васила маданияти баланди шаҳрдории мардуми моро муаррифӣ кардаанд.
Тоҷикон аз қадимулайём одати хеле хуб доштанд, ки бо талқини калонсолон ҳар оила барои таъмини худ маводи хӯрокаи ниёзи аввалро захира мекарданд. Чунин анъанаи некро сокинони шаҳри Хуҷанд низ амалӣ мекарданд ва дар ҳавлии Камоли Хуҷандӣ мавҷуд будани хумҳои пур аз гандум, биринҷу равған ва дигар ғизоҳои асосии рӯзгор далели муътамади ин матлаб мебошад.
Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар оила бояд захираи маводи ғизоии на кам аз дусола дошта бошад, чунонки ниёгонамон дар ин ҷода намунаи ибрат буданд.
Чанд лаҳза пеш мо парда аз рӯи муҷассамаи Хоҷа Камол бардоштем. Қомат афрохтани муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар ин силсилаи меъморӣ бисёр рамзӣ буда, аз ормони қалби ҳассоси шоир, ки ҳамеша дар ёди Ватан ва зодгоҳи худ метапид, башорат медиҳад. Тарҳу сохтори муҷассама бозгӯи садоқату муҳаббат ва меҳри бепоёни шоир ба Ватани аҷдодӣ мебошад ва бо истифодаи завқи баланд тавре қомат афрохтааст, ки ба назари бинанда эҳсоси шоир басо муассиру нишонрас бозгӯ мешавад.
Дӯстони азиз!
Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон бо шоирону адибони худ ҳамеша ифтихор мекарданд ва ному ашъори безаволи онҳо дар саросари ҷаҳон вирди забонҳо буду ҳаст.
Чанд сол муқаддам дар шаҳри Хуҷанд ҷашни 675-солагии зодрӯзи Хоҷа Камол бо самимияти хоса таҷлил гардида, ба ин муносибат корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тармиму азнавсозӣ гардидани Маҷмааи таърихиву фарҳангӣ ва фароғатии Боғи Камоли Хуҷандӣ аз ҷумлаи ҳамин корҳои хайр ва идомаи иқдомоти мо мебошад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими боз ҳам бештари ифтихори ватандорӣ, рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, шинохти нақш ва хизматҳои шоистаи Шайх Камол дар ташаккули маданият ва фарҳанги ҷаҳонӣ пешниҳод менамоям, ки доир ба масъалаи дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии зодрӯзи ин суханвари камназир ва омода намудани санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти он, ки ашъори шоир то ба имрӯз пурра нашр нашудааст, зарур мешуморам, ки «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар нашриёти беҳтарини ватанӣ бо сифати баланд нашр ва дастраси хонандаи тоҷик гардонида шавад.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» амал мекунад. Олимону муҳаққиқони маркази зикршуда барои омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи шахсият ва мероси илмиву адабии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Камоли Хуҷандӣ як силсила корҳои илмиву таҳқиқотиро анҷом додаанд, ки барои насли имрӯзаи кишвар хеле пурманфиат мебошад.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки кормандони муассисаи мазкур фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо олимону мутахассисони муассисаҳои илмии пойтахти мамлакат ва донишмандони хориҷӣ васеъ ба роҳ монда, барои беш аз пеш дастраси хонандагон гардонидани ашъору осори Шайх Камол азми бештар намоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, яъне ҳузури зиёиёни муҳтарам, мехоҳам боз як нуктаро хотирнишон созам. Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Бо мақсади бунёди маҷмааи таърихии имрӯза қисми низомие, ки солҳои сол дар Қалъаи қадимаи Хуҷанд ҷойгузин буд, ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, аскарону афсарони ин қисми ҳарбӣ бо бинои алоҳидаи панҷошёна таъмин карда шуданд, ки дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад. Акнун Қалъаи Хуҷанд дар радифи Осорхонаи вилоятии таърихиву кишваршиносӣ, Боғи фарҳангу фароғатии Камоли Хуҷандӣ ва дигар иншооти истироҳатии ин мавзеъ ба осорхона табдил дода мешавад. Минбаъд дар паҳнои болои деворҳои қалъа ҷойи истироҳату фароғати мардум ва меҳмонони шаҳр сохта мешавад.
Акнун Куҳандиз, Арк ва Регистони шаҳри бостонии Хуҷанд бо пайвастагии оромгоҳи рамзӣ, ҳавлии шоир, чорбоғ, сарҳавз ва гулгаштҳои дилкушо ба асолати худ рӯ оварданд ва ҳамаи онҳо якҷо «Маҷмааи таърихӣ, адабӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» номгузорӣ мешаванд. Шубҳае нест, ки оромгоҳ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи Хуҷанд, айвонҳои кандакоришуда, ҳамчунин обшорон ва фаввораҳои хуштарҳ, ки бо дастони ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров ва Исфараву Истаравшан офарида шудаанд, ба зиёратгоҳи дӯстдорони Камоли Хуҷандӣ табдил хоҳанд ёфт.
Ҳамватанони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои фархунда бо ифтихор мегӯям, ки поянда бод истиқлолияти миллӣ ва давлату давлатдории миллате, ки чунин абармардро ба ҷаҳониён эҳдо кардааст!
Бори дигар тамоми мардуми шарифу сарбаланди вилояти Суғд, аз ҷумла сокинони меҳмоннавози шаҳри Хуҷандро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, бахту иқбол ва файзу баракати баҳорӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони арҷманд!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед