logo

муҳоҷират

МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олӣ таъкид кард, ки «…танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад».

Коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсату иқтисодиёти давлат аст. Танзим танҳо маънои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ин кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатиро надорад. Маънои он, инчунин бо назардошти қоидаҳои қабулшуда ба танзим даровардани азимати шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Ин танзиму тартиб бошад, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» таъмин карда мешавад, ки Сарвари давлат ба коркунони соҳа то охири соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи онро ёдрас намуд.
Мехостем, баъзе андешаҳои худро оид ба ҳамин қонуне, ки зарурати қабул намуданаш кайҳо ба миён омада буд ва лоиҳаи он бояд ба Ҳукумат пешниҳод мегардид, баён созем.
Даҳ сол муқаддам мо дар бораи он ки чунин қонун бояд қабул гардад, гуфта будем ва баъдан, солҳои 2008 - 2009 экспертизаи қонунгузории соҳаи муҳоҷиратро гузарондем. Натиҷаҳои экспертиза бозгӯи он буданд, ки дар ин соҳа бояд ҳатман қонуни нав таҳия гардад. Соли 2010 ба омодасозии лоиҳаи қонун шурӯъ намудем. 5 сол гузашт. Вариантҳои аввали лоиҳаи қонун аз санҷиши ҷомеа, мутахассисон, вазоратҳо ва муассисаҳо гузаштанд ва мо метавонистем қонунро ҳанӯз соли 2012 қабул кунем ва ба дигаргуниҳои ҷиддие, ки имрӯз кишварҳои содиркунандаи қувваи кориро ба изтироб овардааст, омодагии хуб медидем.
На ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ маълум аст, ки дар мамлакатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аслан кӣ онҳоро дар ҳолати беқонунӣ мемонад? Барои ин бояд, аввалан, дар системаи идоракунии муҳоҷират дигаргуниҳои куллии сохторӣ ба амал овард, ки барои беҳтар ва осон намудани дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ва хонаводаҳои онҳо ба хидматрасониҳои давлатӣ мусоидат намоянд.
Дуюм, бояд асоси институтсионалие ба вуҷуд овард, ки дар асоси қонун вазифаи ҳама ҷонибҳои ин раванд ва баҳрагирандагонро  муайян созад ва бо ҳамин дастгоҳи калони мутахассисонро аз кори ҳаррӯзаи якнавохт ва баъзан беҳудаи коғазӣ ва кори мустақим бо муҳоҷирони меҳнатӣ халос мекунад. Ин маънои онро дорад, ки мақомоти муҳоҷирати меҳнатӣ системаи коршоями фаъолият бо муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд оварда, ба хидматрасонии муҳоҷирон бештар таваҷҷуҳ хоҳад кард.
Имрӯз фисади ками муҳоҷирони меҳнатӣ ба мақомоти муҳоҷирати кишвар умед мебанданд, зеро ки сохтори мавҷуда ба муҳоҷирон чизе, ки онҳо ба он ниёз доранд, қариб пешниҳод карда наметавонад. Ва ин вазъ тайи 15 соли охир дигар нагаштааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки системаи идоракунии чунин муассисаҳо ҳоло ҳам ба стандартҳои байналмилалӣ наздик нашудааст.
Он ки имрӯз дар Агентии кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули муташаккилонаи муҳоҷирон ба амал омада истодааст, лоиҳаи таҷрибавӣ ва барои агентиҳои хусусии кортаъминкунӣ дар хориҷа дарси самарабахшест. Ташаббуси хуб аст, аммо, мутаассифона, ягона мебошад. Бо ҷамъбасти лоиҳа аҷаб не, қабули муташаккилона ба итмом расад. Мо тарафдори рушди агентиҳои кортаъминкунӣ дар хориҷа ҳастем, вале на ба он шакле, ки имрӯз дар ватанамон ташаккул меёбанд.
Аз соли 2005 мо ҳамасола дар пойгоҳи Маркази иттилоотию захиравӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷоннок намудани кори агентиҳои кортаъминкунӣ дар хориҷа, ба фаъолияташон ворид намудани ҷанбаҳои инсонпарастӣ, омӯзондани менеҷменти самаранок, рекрутинги ҳозиразамон ва маркетинг намояндагони онҳоро ҷамъ намуда, дарсҳо ташкил намудем. Барои тадрис аз хориҷа мутахассисони ботаҷрибаи идоракунии агентиҳои кортаъминкуниро даъват мекардем. Вале, афсӯс, бо ин қадар заҳмат ба дарки кормандони агентиҳо расонда натавонистем, ки кори бамулоҳизаву пухта асту фоидаи дукарата - маънавӣ ва моддӣ меорад.
Барои он  ки фаъолияти мақомоти муҳо-ҷиратиро ба талаботи муҳоҷир наздик созем, мо бояд кори сохтори муҳоҷиратро ба ду қисм ҷудо кунем: як қисм бо сиёсати дохилӣ ва хориҷии муҳоҷират, масоили байнидавлатӣ, такмили асоси меъёрии ҳуқуқӣ ва идораи сохтори муҳоҷират дар кишвар ва қисми дигар ба пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ машғул шаванд.
Хидматрасониҳо гуногун мешаванд, аз ҷумла тайёр кардани ҳуҷҷатҳои шахсе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, тайёрии пеш аз сафар ба мамлакатҳои мухталиф ва ғайраҳо. Дар ҷараёни будубош дар мамлакати хориҷӣ ва дар ҳолати поймол кардани ҳуқуқи муҳоҷири меҳнатӣ хадамот метавонад бо истифода аз ҳамаи усулҳои амалкунанда ӯро ҳифз намояд. Агар дар кишвар сохтори ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил шавад, номгӯи хидматрасониҳоро зиёдтар кардан мумкин аст.
Дар мамлакат сохтори суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд надорад. Фақат чунин сохтор метавонад масоили зиёди вобаста ба муҳоҷиратро ҳал намояд. Фонди суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ барои суғуртаи ҳаёт, пардохти маблағ дар мавриди маъюбшавӣ, суғуртаи тиббӣ ва офиятбахшӣ пас аз ҳодисаҳои нохуш, иштирок дар семинарҳо дар доираи тайёрии пеш аз сафар, расондани ёрии иҷтимоӣ дар асоси корти идентификатсионӣ (ин гуна кортро доштани муҳоҷир ҳатмист), хидматрасониҳо дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон, ки дар давлати қабулкунанда фаъоланд, инчунин барои ташхиси тиббӣ, роҳандозии барномаҳои реинтегратсияи (истиқрори муҷаддади) муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, бояд пешбинӣ шавад.
Ба андешаи Сарвари давлат ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди камкунии муҳоҷирати қувваҳои корӣ бояд марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатиро таъсис намуд. Онҳо ба муҳоҷирони ба кишвар бозгашта барои гирифтани малакаи нави меҳнатӣ, мутобиқшавӣ дар Ватан ва зарурат бошад, масалан, агар дар ҳориҷа шиканҷа дида бошанд, ёрии психологӣ мерасонанд. Ин марказҳо дар назди Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон ва бахшҳои он бояд таъсис ёбанд.
Аз як тараф афзалияти сифат нисбат ба миқдор метавонад рушди иқтисодиёти кишварро таъмин созад ва аз тарафи дигар шиддати иҷтимоиро аз ҳисоби механизмҳои дар қонуни муҳоҷирати меҳнатӣ пешбинишуда рушд бахшад. Муҳити солими рақобат эҷод мешавад ва муҳоҷири бекасбе, ки дар бозори меҳнат талабгор надорад, дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намуда, боз вориди бозори меҳнат мегардад. Касе, ки ба музди меҳнати калон одат кардааст, метавонад бо тайёрии хуб ба воситаи сохторҳое, ки дар боло зикр кардем, ба хориҷа сафар кунад.
Дар Федератсияи Русия бекорӣ пайдо шуда истодааст. Муовини аввали раиси Ҳукумати Русия Игор Шувалов дар суханронии худ дар доираи Анҷумани ҷаҳонии иқтисодии Давос даъват намуд, ки ба болоравии сатҳи бекорӣ бояд тайёрӣ дид. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар Максим Топилин бар он ақида аст, ки ояндаи наздик дар бозори меҳнат шояд лаппишҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оянд.
Ҳатто дар нишондодҳои расмӣ пастравии шуғли аҳолӣ бо кор пешбинӣ шудааст. - Моҳи декабри соли гузашта шумораи шахсони дар навбати биржаи меҳнатӣ истода дар мамлакат ба 10% ва дар вилояти Астрахан то 25% расид, - гуфт аъзои шӯрои Конфедератсияи меҳнати Русия Олег Шеин.
Дигаргуниҳои қонунгузории муҳоҷиратии аз 1 январ дар Федератсияи Русия ҷоришуда, пастравии қурби рубли русӣ боиси ин кишварро тарк намудани муҳоҷирони меҳнатӣ шуд. Дар ояндаи наздик ин мамлакатро аз 20 то 30% муҳоҷирони хориҷӣ тарк мекунанд.
Аз аввали соли ҷорӣ ба Русия 270 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст. Ин аз нишондоди ҳамин вақти соли гузашта 70% камтар аст.
Бояд зикр кард, ки на танҳо дигаргуниҳои ҷиддӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия, балки бисёр шудани шумораи муҳоҷирон аз Украина ва Молдова, «тозакунии» Русия аз муҳоҷирони беихтисос ва як қатор шароитҳои дигар муҳоҷирони моро маҷбур месозанд, ки тарки Русия намуда, ба Ватан баргарданд. Ин моро водор месозад, ки ба қабул ва ҷобаҷокунии муҳоҷирон омода бошем.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2014 тавонист, лоиҳаи қонунро «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ҷиддан такмил ва ба ҷараёни муҳокима ворид созад. То охири соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи қонун, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, аҳамияти муҳимро дорост. Ин маънои онро дорад, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ дода мешавад. Яъне ба низом даровардани фаъолияти агентиҳои кортаъминкунии хусусию давлатӣ, асоси меъёрии ҳуқуқии таҳсилоти калонсолон дар сатҳи давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд. Бе ҳалли ин масоил ба тартиб даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ғайриимкон аст. Агар истифодаи маблағҳои давлатиро дуруст ба роҳ монем, хароҷоти давлат кам мешавад ва аз ҳисоби кори системаи пешниҳодшуда манбаъҳои нави маблағҳои ғайрибуҷетӣ пайдо мегарданд, ки барои амалишавии қонуни қабулшаванда чун обу ҳаво зарур аст.
Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази муҳоҷират ва рушд» омодаанд дар такмилу омодасозии лоиҳаи қонун ширкат намоянд. Баъди қабули қонун дар амалишавии он низ саҳми фаъол хоҳанд дошт. Зеро мусоидат ба раванди бехатари муҳоҷирати меҳнатии дохиливу хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо, ёрӣ дар касбомӯзиву такомули ихтисос аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад.

Музаффар ЗАРИФОВ,
раиси раёсати Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, директори ТҶ «Маркази муҳоҷират ва рушд»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2015    №: 67    Мутолиа карданд: 31043
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед