logo

маориф

ИХТИСОСҲОИ МУҲАНДИСӢ ВА ТЕХНИКИВУ ТЕХНОЛОГИРО ТАКМИЛ МЕБОЯД

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла инкишофи илму техника ва омода намудани мутахассисони дорои касбияти баланд ишора намуда,  таъкид кард, ки «ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад».
Суҳбати хабарнигорамон бо Абдуфаттоҳ  Ҳотамов,  директори  гимназия – интернати «Ҳотам ва ПВ» дар ин хусус ва нуктаҳои дигар аст:

- Рушди боз ҳам бештари соҳаи маориф ва илм дар кишвар басо муҳим мебошад, зеро бидуни тараққии он наметавон ба дастовардҳои назаррас дар ҳама  соҳаҳо муваффақ шуд. Зербинои он таълиму тарбияи шоистаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳсуб мегардад. Дар ин росто нақши омӯзгор бағоят муҳим ва калон аст. Аз ин рӯ, Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба бозомӯзию такмили ихтисоси омӯзгорон таъкид намуда, онро амри зарурӣ донистанд. Шумо нисбати сифати барномаҳои курсҳои бозомӯзии муаллимон чӣ андеша доред?
- Дар масъалаи боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, ташкили курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосир омӯзгорони муассисаи таълимии мо бо нуктаҳои ироа намудаи Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамраъйанд. Муносибат ва таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия дар кишварамон таҳаввулоти ҷиддиро мехоҳад. Бидуни омӯзгорони варзида роҳандозӣ намудани масъалаи фавқуззикр корест басо мушкил. Гарчанде дар ин самт солҳои охир беҳбудие ба назар мерасад. Робитаи миёни мактаб ва волидайн то ҳадде беҳтар шудааст.  Волидайне, ки фарзандонашон дар литсею гимназияҳо мехонанд,  нисбати ояндаи фарзандон бетараф нестанд. Онҳо худ манфиатдоранд, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло бихонанд ва ахлоқу одоби намунавӣ дошта бошанд. Пайваста назорат мебаранду бо омӯзгорон дар робита  мешаванд, ки  ин албатта,  ба манфиати кор аст ва масъулияти муаллимро низ дучанд зиёд мекунад. Президенти кишвар дар Паёмашон таъкид намуданд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ҳамеша  дар ҷустуҷӯ  бошад, барои таҳкими таҷрибааш бикӯшад, пайваста донишашро такмил бидиҳад ва ба дастовардҳои касбиаш қаноат накарда, онҳоро боз ҳам афзунтар намояд. Танҳо дар ин сурат ӯ соҳибэҳтироми ҷомеа гашта,  дар фаъолияти касбиаш  ҳамеша муваффақ хоҳад буд.
Дар замони инкишофи босуръати илму технология бозомӯзӣ ва касбомӯзии доимӣ амри ҳатмист. Ва зарур аст,  бетаваққуф  сифату самаранокии чунин курсҳо, бахусус бозомӯзии устодон  такмил ёбад. Бо ба назар гирифтани ба нафақа рафтани муаллимони куҳансол ва  коҳиш ёфтани шумораи устодони воқеан донишманду  сарсупурда, курсҳои бозомӯзии муаллимон, бахусус барои муаллимони ҷавони фанҳои дақиқ бояд доимоамалкунанда, пурсамар  ва ҳатман ройгон бошанд. Дар ин самт саҳми Маркази технологияҳои иттилоотию иртиботии назди Вазорати маориф ва илм метавонад басо бузург бошад.  Зеро тавассути Интернет муаллими ҷавон ҳар рӯз дар вақти барояш муносиб ба он рӯ оварда, сари вақт барои ҳалли масъалаи мушкил ва ё дарёфти ҷавоб аз устодони ботаҷриба кумак бигирад. Ҳангоми пеш омадани масъалаи ҳалталаб МТИИ онро барои баррасӣ ба форум, яъне ба диққати ҳамкасбон пешниҳод намояд. Тавре ки мо иттилоъ дорем, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ аз паи амалисозии чунин низоми курсҳои бозомӯзии устодони ҷавон аст.

- Ихтисосҳои муҳандисӣ ва техникиву технологӣ барои рушди иқтисоди миллии кишварамон хеле муҳиманд. Аз ин рӯ, таълими фанҳои табииву риёзӣ дар кишвар ба таваҷҷуҳ ва муносибати боз ҳам ҷиддитар ниёз дорад. Дар гимназия – интернати шумо таълими ин гуна фанҳо дар кадом сатҳ аст ва барои беҳтар намудани сифати он чӣ бояд кард?
- Мо, омӯзгорон худ бояд дарк намоем, ки дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои дақиқ – риёзиёт, кимиё, физика ва табиӣ ва аз ин тариқ тарбия намудани кадрҳои варзида то чӣ андоза дар оянда барои иқтисоди кишвар манфиатовар хоҳанд буд. Дар муассисаи  таълимии мо ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва бояд тазаккур диҳем, ки фанҳои мазкур – фанҳои калидӣ маҳсуб мешаванд ва хонандагони гимназия онҳоро бо майлу завқ ва кӯшиши беандоза меомӯзанд.
Гувоҳи нисбатан хуб будани таълими фанҳои табиию  риёзӣ дар гимназияи мо  2 медали тиллоии бадастовардаи шогирдонамон дар олимпиадаҳои бонуфузи рейтинги баланддошта мебошад. Медали сеюми тиллоиро дар таърихи маорифи Тоҷикистон дар чунин олимпиадаҳо яке аз шогирдони литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ сарфароз гаштааст. Натиҷаи дигари хуб будани таълими фанҳои табиию риёзӣ дар гимназияи мо ин аст, ки қариб сад дарсади хатмкунандагон маҳз ихтисосҳои муҳандисию   илмӣ – технологиро интихоб менамоянд. Масалан, шогирдони мо алҳол  дар  риштаҳои роботсозӣ, манбаъҳои алтернативии энергия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсилро идома медиҳанд. Рӯзҳои наздик  се  нафари дигар барои таҳсил дар риштаҳои нанотехнология, математикаи амалӣ ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ  ба Ҷопон мераванд. Умед аст, ки дар оянда онҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои интихобнамудаашон мегарданд ва дар рушди риштаҳои фавқуззикр дар кишвар саҳми шоистаи хешро хоҳанд гузошт.  Бояд тазаккур намоям, ки тамоми хароҷоти  шогирдон пурра аз ҳисоби Хукумати Ҷопон пардохт мешавад. Аз ин рӯ, мо ба Ҳукумати Ҷопон ва сафоратхонаи он дар Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани чунин мутахассисони ниҳоят зарур барои кишварамон  изҳори сипос менамоем ва умедворем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар ин самт оянда низ ривоҷ хоҳанд ёфт. Дар ин росто бояд бигӯям, ки шогирдони гимназия айни замон дар бештар аз 20 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд ва ҳама барои хеш ихтисосҳои муҳандисӣ – илмию технологиро интихоб кардаанд. Лозим ба ёдоварист, ки миёни гимназияи мо ва яке аз донишгоҳҳои маъруфтарини ҷаҳон – Донишгоҳи физикию техникии шаҳри Маскав оид ба ҳамкорӣ шартнома ба имзо расидааст.  Чанде қабл чунин пешниҳодро оид ба ҳамкорӣ аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт – Петербург гирифтем ва роҷеъ ба он асноди лозимро ба тасвиб расондем.  Дар радифи он ба ҳамин монанд шартномаҳо боз бо чандин донишгоҳҳои техникию технологии бонуфузи Русия мавриди амал қарор доранд.
Бояд ёдовар шавам, ки ташаббускори ҳамаи ин шартномаҳо гимназия набуда, худи донишгоҳҳо мебошанд. Шояд ин ҷо саволе ба миён ояд, ки сирри он дар чист? Сирри аслӣ -  таҳсили аълои хатмкунандагони  гимназия дар ин донишгоҳҳо ва ширкати бомуваффақияти онҳо дар даҳҳо олимпиадаҳои фосилавӣ мебошад, ки мунтазам тавассути Интернет доир мегардад. Ба унвони мисол  танҳо  дар давоми як моҳи соли равон зиёда аз 100 нафар шогирдони мо аз фанҳои математика, физика, кимиё  ва барномасозӣ ба сафи ғолибону ҷоизадорони чунин олимпиадаҳо шомил шудаанд ва барои иштирок дар олимпиадаҳои  байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Маскаву Санкт – Петербург баргузор мешаванд, даъватнома гирифтаанд.
Чанде қабл дастпарвари гимназия  Олимҷони Пираҳмад, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар озмуни байналмилалии илмҳои дақиқ дар Беларус, ки дар он зиёда аз сӣ донишгоҳҳои Русия, Эстония, Лаҳистон, Словакия, Беларусу Қирғизистон намояндагон ширкат доштанд, медали тилло ба даст овард.  Чун Олимҷон даҳҳо нафар шогирдони мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, дар озмунҳои байналмилалии донишгоҳӣ ширкат варзида,  шоистагиҳои дониши андӯхтаи  хешро нишон медиҳанд. Масалан, хатмкардаи дигари гимназия  Ӯлмас Ҷумъаев ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, баъди хатми он дар озмуни пуррақобате ғолиб омад ва  ба Донишгоҳи Сюрихи Швейтсария ба аспирантура даъват шуд. Пас аз се соли таҳсил дар соҳаи нанотехнология дисертатсияи докториро ҳимоя намуда, барои кор ба Донишкадаи номдори Макс Планк ба кор даъват шуд ва ҳоло дар он ҷо тадқиқотҳои илмии худро давом дода истодааст.  Комёбии ба наздикӣ мушаррафгардидаи хонандаи синфи 11 Меҳрубон Тӯраев дар олимпиадаи кушоди Русия дар бахши барномасозӣ хурсандии омӯзгорони гимназияро афзуд. Ӯ дар ин олимпиада, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, бори аввал ба Тоҷикистон дар бахши барномасозӣ медали тилло армуғон овард. Ҳамзамон Меҳрубон ҳуқуқи бидуни имтиҳон шомил гардидан ба яке аз донишгоҳҳои Русия ва даъватномаи корро пас аз хатми таҳсил ба ширкатҳои маъруф -  «Яндекс» ва «1 С Бухгалтерия», ки сарпарастии олимпиадаи мазкурро бар ӯҳда доштанд, ба даст овард. Чунин мисолҳо зиёданд. 
Дар робита ба дастури ҷаноби Президент оид ба беҳтар намудани сифати таълим дар тамоми мактабҳои кишвар ба назари мо амалӣ намудани якчанд  корҳои бемасраф ва каммасраф метавонанд кумак расонанд.
Масалан, доир намудани олимпиадаҳои фосилавӣ, ки ҳамасола дар тамоми кишварҳои пешрафта   мунтазам гузаронда мешаванд. Агар чунин таҷрибаро мо низ истифода намоем, умед ҳаст, ки  сифати азхудкунии фанҳои дақиқ ба куллӣ дар кишвар беҳтар мегардад. Бахусус, агар пас аз ҳар як олимпиада ҳалли дурусти масъалаю  мисолҳои пешниҳодгардида нашр шавад, натиҷаи озмунҳо дар сайтҳои Маркази технологияи иттилоотию  иртиботӣ ва ҳам Вазорати маориф ва илм инъикос гарданд. Бар замми ин, агар натиҷаи он дар миқёси мактаб, ноҳия, шаҳр, вилоят ва дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳар як синф ва ҳар як фан ҷамъбаст шавад, бовар дорам танҳо ҳамин имконияти пайдошавии рақобат ва ғолиб омадан дар чунин озмунҳо шавқу рағбати наврасонро барои омӯзиши фанҳои дақиқ ба маротиб зиёд намуда, онҳоро аз беҳуда гузарондани вақт ва ба корҳои ношоям даст задан боз медорад. Омили муҳимтарини дигар барои беҳтар шудани сифати таълими фанҳои дақиқ – ин зиёд кардани соатҳои таълими фанҳои мазкур мебошад. Дар робита ба ин масъала ёдовар мешавам, ки дар ҷаҳон шояд миллионҳо литсею гимназияҳое ҳастанд, ки дар онҳо хонандагон ҳар рӯз 3 - 4 соат  ба дарси математика фаро гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, мехоҳам, ки дар кишвари мо низ даҳҳо мактабҳои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ вуҷуд дошта бошанд ва ҳар сол ҳеҷ набошад,  на камтар аз даҳ ҳазор математикадонҳои хуб мактабҳои Тоҷикистонро хатм намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба пешравии илмию технологии кишвар ва дар натиҷа ба рушди иқтисоди он  умед баста метавонем. Чунки маҳз математикадонҳо  ва донандагони дигар фанҳои дақиқ чизи наверо ихтироъ, бунёд ва технологияҳои тозаро барои хидмати мардум пешниҳод карданашон мумкин  аст.

- Дар иртибот ба тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон чӣ кор бояд кард?
- Дар ин масъала низ ҳақ бар ҷониби Ҷаноби Олӣ  Президенти кишвар аст. Ба ҷавонон зиёдтар бовар карда, ба онҳо вазифаҳои мушкилтару пурмасъултарро пешниҳод кардан лозим аст. На танҳо бо сухан, балки бо ибрати шахсӣ мо бояд ҷавононро тарбия намоем. Ҳар як роҳбар дар муассисаи худ бояд нисбат ба ҷавонон ғамхор бошад, мушкили онҳоро ба қадри имкон ҳал намуда, барои қонеъгардонии завқи ҷавонии онҳо кӯшиш ва оид ба пешравии касбашон адолатро риоя намояд. Агар ин тавр бо онҳо муносибат шавад, самаранокии кору фаъолияти кадрҳои ҷавон ба маротиб зиёд шуда, ба ҷомеа ва коллектив дилгарм хоҳанд шуд. Дар баробари ин ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон низ ба куллӣ меафзояд. Аз ин рӯ, ба ҷавонон ҳамеша муомилаи хайрхоҳонаву дилсӯзона дошта бошем, нагузорем, ки нисбати масъулияти корашон  дилсард бошанд, балки аз паи ҳалли босифати он ва  ислоҳи камбудиҳояшон гарданд. Аз донишу малакаи созандагӣ, ҳувияти миллию  ғурури ҷавонии онҳо бояд дуруст истифода ва майдони фаъолияташонро фарохтар кард, дар он сурат ҳар кадоме ба худ метавонад савол диҳад: «Ман имрӯз барои миллату давлатам чӣ кор кардам?», на саволи «Давлату миллат ба ман чӣ хидмате намуд?».
Бояд зикр кард, ширкатҳои пешрафта, ки бо технологияҳои инноватсионӣ сару кор доранд, аз донишу малакаи ҷавонони болаёқат моҳирона истифода мебаранд ва маҳз ҷавонон ҳалли бисёр мушкилиҳои пешомадаи ин ширкатҳоро  ончуноне ҳал менамоянд, ки мутахассисони шуҳратманду таҷрибадор ба онҳо қоил мегарданд.  Масалан, дар пешравию инкишофи ширкати «Аррл», ки ҳоло арзиши он қариб 1 триллион доллар аст, маҳз саҳми ҷавонони тоза ба кор даъватшуда бузург аст. Беҳуда қосидони чунин ширкатҳо дар тамоми ҷаҳон ҷавонони донишманду соҳибистеъдодро ҷустуҷӯ ва ба онҳо дастмузди баланд намедиҳанд. Зеро медонанд, ки маҳз чунин ҷавонон як доллари харҷкардаи онҳоро садҳо маротиб бештар ҷуброн менамоянд. Аз ин ҷост, ки алҳол дар ҳама  ширкатҳои бузурги ҷаҳон намояндагони беҳтарини даҳҳо миллатҳо кор мекунанд ва мутахассисони калидии он ширкатҳо маҳсуб мегарданд. Бо овардани ин мисол гуфтаниам, ки дар баробари таълим мо, омӯзгорон, ба тарбияи ватандӯстии хонандагон диққати ҷиддӣ бидиҳем, дар замири онҳо ҳисси дӯст доштани кишвар, марзу бум, обу хоки онро бедор намоем. Ҳамзамон бо фароҳам овардани шароити хуб аз ба хориҷ рафтани онҳо ҷилавгирӣ ба амал орем.

- Шумо худ олими соҳаи кимиё мебошед ва иқтисодро ҳам хуб медонед. Барои беҳтар намудани имкониятҳои содироти кишвар ва баръакс кам кардани номгӯи маводи воридотӣ бо мақсади коҳиш додани интиқоли асъор ба хориҷ аз кишвар чӣ андеша доред?
- Дар ин бахш мо бояд қабл аз ҳама дар дохили кишвар ба коркард ва тавлиди маҳсулоте даст занем, ки ашёи хоми он дар худи ҷумҳуриамон мавҷуд бошад. Ҷумҳурии мо як кишвари аграрӣ ба ҳисоб меравад ва дар он имконоти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бештар аст. Бинобар ин, бунёди корхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин самт дар кишвар ниҳоят зарур  мебошад. Сипас бо таҳким додани иқтисоди кишвар ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо рӯ овардан лозим. Алҳол аввалин кореро, ки бояд роҳандозӣ намоем – коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар мебошад. Зеро бо ба роҳ андохтани тозакунии пахта, риштабофӣ, истеҳсоли матоъ, рангу бори он ва дӯхти либос аз он ҳазорҳо ҷои кории нав  пайдо шуда, буҷаи давлат аз ҳисоби андозҳои гуногун ғанитар мегардад, содироти  асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ ба миллионҳо доллар кам мешавад. Мушкилии асосӣ  бунёди корхонаҳои гуногун бо истифодабарӣ аз  технологияҳои гуногуни муосири каммасраф мебошад, ки дар натиҷа маводи истеҳсолшаванда рақобатпазир бошад. Эҳтимол дар марҳилаи аввал чунин корхонаҳои хости дилро бо истифода аз сармоягузории хориҷӣ  бо таъсис додани корхонаҳои муштарак ё бо истифода аз механизми «Сохтмон, истифодабарӣ ва баргардонӣ» бунёд намоем, яъне аз таҷрибаи бойи ҳамсояи бузурги худ – Чин кор бигирем, ки даҳсолаҳо боз барои пешравии иқтисодии худ аз ин механизм хеле моҳирона истифода мебарад.  Мушкилоти дуюм пайдо намудани  энергия аст, ки онро низ бо ёрии манбаъҳои офтобӣ ё сохтани неругоҳҳои барқии ҳароратӣ тавлид кардан мумкин аст. Барои бунёди чунин неругоҳҳо низ боз аз  роҳҳои дар боло зикршуда метавон истифода кард.  Дар мавриди содироти меваҷоту сабзавоти тару тоза бошад,  ширкати «Тоҷикэйр» ба 1 -2 ҳавопаймои боркаш ниёз дорад, ки онҳоро тавассути Лизинг ё аз ҳисоби қарзҳои  яке аз кишварҳои пешрафта дарёфт кардан мумкин мебошад.

- Рушди минбаъдаи соҳаи саноат, аз ҷумла соҳаҳои коркарди он, ки барои тараққиёти иқтисоди кишвар муассир аст, ба таъмини ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи технологияҳои муосир бастагии амиқ дорад. Солҳои охир дар ин самт дар кишвар як қатор корҳои назаррас ба иҷро расидааст. Дар ин маврид ва оид ба пешрафти технология ва саноати кишвар дар чунин шароити душвор чӣ ақида доред?
- Воқеан, солҳои охир дар ин бахш корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва ҷиҳати тақвияти он аз тарафи Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони инфиродӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвон, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар навоҳии Фархор, Данғара, Вахш ва Ҳисор мисоли равшани он аст. Инчунин дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи филизгудозӣ дар ноҳияи Ҳисор ва  тавлиди филизи  сурбу руҳи шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кишвари моро барои ҳадафҳои дарпешистодааш наздиктар менамояд. Ба роҳ мондани маводи гуногун аз ҳисоби захираҳои дохили кишвар, ба хотири коҳиш додани  содироти асъор, муҳайё намудани ҷои кори беҳтар ва ғанигардонии буҷаи давлат аз ҳисоби андозҳои гуногун ниҳоят муфид аст. Ба назари мо низ чунин имкониятҳо хеле зиёданд. Барои тақвияти ин фикр як мисол меорам. Масалан, барои бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаи нуриҳои нитрогендор бе истифодаи гази табиӣ, бо ворид намудани каме тағйирот, тамоми имкониятҳои дохилӣ мавҷуданд. Аксар мактабиён медонанд, ки ҷиҳати истеҳсоли карбамид – нитроген, гидроген ва гази карбонат зарур аст. Нитрогенро аз ҳаво, гидрогенро аз ҳисоби электролизи об, гази карбонат ва гармии заруриро аз сӯзишвории ангишт истеҳсол кардан мумкин аст. Дуруст аст, ки барои гидролизи об энергия зарур аст. Аммо тибқи маълумоти нашргардида мо ҳар сол мувофиқи захираҳои оби  ҷамъшуда манбаи истифодаи 2 - 5 миллиард  киловатт/соат энергияро надорем, ҳол он ки ҳамин энергияро барои истеҳсоли гидроген метавонем истифода барем ва бо ёрии электролиз, масалан аз истифодабарии ду миллиард киловатт/соат энергия тақрибан 40 ҳазор тонна гидроген ҳосил ва аз он тақрибан 600  ҳазор тонна карбамид  тавлид намоем. Барои истеҳсоли гази карбонат бо  сӯзишвории ангишт як неругоҳи на он қадар калони барқӣ --ҳароратӣ сохтан мумкин аст ва дар натиҷа ҳам миқдори зарурии гази карбонат ва ҳам неруи барқ истеҳсол мегардад. Дар ин сурат мо метавонем на танҳо худамонро бо нурии  беҳтарини нитрогендор таъмин, балки миқдори изофаи онро ба кишварҳои ҳамсоя содир намоем. Бо ин роҳ ҷилави интиқоли на камтар аз 100 миллион долларро ба хориҷ бигирем ва ҷойҳои   кории нав таъсис ва буҷаи давлатро аз ҳисоби андозҳо  ғанитар гардонем. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки агар ба гази моеъ гидроген омехта гардад, масрафи он коҳиш меёбад ва имрӯз  иҷрои  ин кор басо зарур аст, зеро теъдоде аз автомобилҳо  дар кишвар аз ин газ истифода мекунанд.

Мусоҳиб Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2015    №: 67    Мутолиа карданд: 1760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед