logo

ҳукумат

ХАБАРИ ИТТИЛООТӢ

31 март  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи то соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои татбиқи босамари барномаи мазкур “тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд”.
Таъкид гардид, ки “табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон мебошад”.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” пешниҳод карда шуд.
Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 тасдиқ гашт.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлӣ замин ҷудо карда шуд.
Дар фароварди маҷлис доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам, ба кор даровардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, омодагӣ ба даъвати  баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии инвеститсионӣ, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳои навсозишуда, афзун намудани истеҳсолоти саноатӣ, назорати қурби пули миллӣ ва пешгирӣ аз суиистифода ва қаллобиҳо дар ин самт, тайёрии ҷиддӣ барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиии баҳорӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезиш супоришҳои мушаххас дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.04.2015    №: 67    Мутолиа карданд: 11778
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед