logo

мулоқотҳо

САҲА ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ СОЗАНДА НАҚШИ НАМОЁН ДОРАД

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 апрел Ивитса Дачич – раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), муовини якуми сарвазир - вазири корҳои хориҷии Сербияро ба ҳузур пазируфт.

Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат зимни пӯшиши ин хабар менависад, ки «дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд».
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ шумурда, ҳамкорӣ бо онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон хондааст. Масъалаҳои вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот, нақши САҲА дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербия дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.
Ивитса Дачич,  раиси амалкунандаи САҲА, баъд аз дидор бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташро судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки мо дар гуфтугӯ бо Ҷаноби Президент умдатарин масоили минтақаиро матраҳ кардем. Ба қавли ӯ, мусоидат ба устувории вазъи амниятии Осиёи Марказӣ ва ҳалли масоили печидаи минтақаӣ ҳадафҳои аслии ин созмон ба шумор мераванд.
- Ман бори аввал дар ин симат ба Тоҷикистон омадам ва қарор аст аз дигар кишварҳои минтақа низ боздид кунам. САҲА бояд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун шарик дар самти таъмини амнияту субот, рушди муносибот хидмат намояд ва набояд ба масоили дохилии кишварҳо дахолат кунад, - изҳор дошт Ивитса Дачич.
Ин мақоми баландпоя, ҳамзамон робитаи Тоҷикистону Сербияро дӯстона унвон карда, изҳор дошт, ки мо бояд ба ҳамкориҳои сиёсӣ тавсеа бахшида, муносиботи иқтисодиву тиҷоратиро дар сатҳи нав қарор диҳем.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.2015    №: 69    Мутолиа карданд: 1279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед