logo

маориф

ИФОДАГАРИ СИМОИ ҲАҚИҚИИ ОМӮЗГОР

Имсол Кӯлобшаҳр ҷашн дорад, се ҷашни бузург: 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳри фарҳангӣ эълон шудани Кӯлоб дар миқёси ИДМ ва 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ. Дар робита ба ин тасмим гирифтем дар бораи Ғоибназар Мирзоев, яке аз устодони шинохтаи ин донишгоҳи муътабар бинависем.
Дар соли сеюм устод моро таълим медод. Бо чеҳраи кушодаву самимияти хос таваҷҷуҳи ҳар нафарро ба худ мекашид. Тозагии зоҳирияш бо покизагии замираш мувофиқ уфтодаву ифодагари симои ҳақиқии ОМӮЗГОР буд. Ҳар як дарс ва гуфтору рафтори устод  дар баробари мавзӯъ ба мо сирри ҷаззобият ва муҳтарам будани омӯзгорро мефаҳмонд. Ҳар нафаре, ки бо вай рӯ ба рӯ мегардид, вақте аз ӯ ҳарфе мешунид, аз суҳбаташ дур шудан намехост. Устод оромона ва бо забони фасеҳу равон ҳарф мезад. Ботамкину сабуру қаноатпеша буд.
Шогирди устод Алихон Зарифӣ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз он замон чунин ёд мекунад:
- Лаҳни ширини забони фасеҳи тоҷикии ӯ моро мутаҳайир кард. Рафтору гуфтори ӯ, дарвоқеъ, барои мо, толибилмони кунҷков, ки он замон ба  ҳар устод аз нигоҳи худ баҳо медодем, ҷолиб  ва ғайриодӣ буд. Махсусан, либоспӯшӣ, суханронӣ ва роҳгардиаш моро писанд буданд. Бо ин хусусиятҳояш ӯ аз дигар устодон  фарқ  мекард.
 Аҷиб ин аст, ки устод парвардаи падари деҳқон аст, деҳқоне, ки рӯшании зиндагиро дар маълумотнокии фарзандон медид. Модар ҳам дар тарбияи ӯ нақши кам надошт, бонуи ҳунар ва зебоӣ буд холаи Бибигул. Ба чеҳраи писари зебояш бо ҳавас менигарист ва ӯро донишвар дидан мехост. Зимнан дар гузашта тамоми модарони деҳотӣ фарҳанги хосе доштанд, ки фарзандонро босавод дидан мехостанд ва ба ин хотир аз наврасии нури чашмашон шароит фароҳам оварда, ба мақсад мерасиданд. Даҳҳо олиму доктор ва нафарони барӯманде дорем, ки волидайни онҳо таҳсилоти олӣ надоштанд, аммо фарзандонро аз маърифату касб баҳравар гардонданд. Иддае аз оилаҳои деҳотӣ, мутаассифона, имрӯз ин ва орзуҳои некро латма задаанд. Фарзандонро на дар муҳити омӯзиш, балки бо роҳи муфт маблағ ба даст овардан тарбия мекунанд.
Устоди мо соли 1960 мактаби деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмаликро хатм кард. Чун фаъолияташ босамар буд ва дар мактаб муаллим намерасид, ӯро ба кор гирифтанд. Муддате муаллимӣ кард, вале эҳсос намуд, ки  барои фаъолияташ дониши касбӣ намерасад. Бинобар ин ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб супурд. Ба хизмати Ватан - Модар рафт. Хизматаш роҳбарияти қисми ҳарбиро қонеъ сохт, ахлоқи нек дошт ва софдилона хизмат мекард. Маҳз ба ҳамин хотир ба гирифтани медали «20 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 45» мушарраф гардид. Соли 1969 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, дар факултети забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуд.
Устод аз аввалин дастпарварони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд, ки дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи  шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Санкт - Петербург таҳсил кард. Пажӯҳишгоҳи мазкур миёни муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нуфуз дошт. Дар ин ҷо маъруфтарин забоншиносон, мисли академик А.М.Боголюбов, профессорон А. Н. Болдирев, Л. Г.Герсенберг, С. Н. Соколов, В. С. Соколова, В. А. Бондарко, О. В. Бондарко, Л. А. Грюнберг ва дигарон фаъолият доштанд. Маҳз таҳти таълими ин устодон Ғоибназар Мирзоев тавонист ба баҳри беканори илм бештар ғӯта занад. Зери роҳбарии эроншиноси шинохта Валентина Соколова  доир ба соҳаи калимасозӣ таҳқиқот гузаронд ва рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар забоншиносии тоҷик истилоҳҳое, монанди  калимасозӣ, таҳлили калимасозӣ, воҳидҳо ва истилоҳоти калимасозӣ пайдо шуданд ва оид ба ин мавзӯъҳо 70 асару рисола ва  мақолаи илмии устод  на танҳо ба забонҳои тоҷикиву русӣ, балки хориҷӣ ба табъ расиданд, зеро ӯ забони англисиро низ хуб омӯхт.
 Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филологӣ, аз истеъдоди баланди забондонии ӯ ёдовар шуда гуфт, ки «Боре бо ҳамроҳии Ғоиб Мирзоев ба тамошои қалъаи Ҳулбук рафтем. Меҳмонони хориҷӣ ба  тамошои қалъа омада буданд. Бо забони шикастаи тоҷикӣ ба мо муроҷиат карданд. Муаллим мушкили эшонро пай бурда, бо забони англисӣ суҳбат намуд».
Устод баробар ба корҳои илмӣ, корҳои роҳбарӣ ва ҷамъиятиро низ бар дӯш гирифтааст. Дар вазифаҳои мудири кафедра, муовини декан, декани факултет, муовини ректор  ва ғайра  кор карда, ҳамеша дар риояи интизоми меҳнат намуна буданашро собит кардааст. Алҳол дар таҳияи Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб масъул аст. Пӯшида нест, ки таҳияи чунин махзани дониш ва таърих кори саҳлу сода нест. Аз ин масъулият ифтихор ҳам дорад, охир, ин кор аз кас маҳорати таърихнигорӣ ва назокату масъулияти баланди кориро металабад. Хушбахтона, устоди мо аз ин ҳама бархӯрдор аст.

Саида НАБИЕВА, рӯзноманигор,
Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.04.2015    №: 70    Мутолиа карданд: 1438
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед