logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ЛАВРОВ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 апрел вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия  Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, менависад, ки дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. «Мавзӯъҳои ҳамгироӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷониби Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқии натанҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва ё аз тариқи он ба кишварҳои дигар мераванд, изҳори нигаронӣ намуд».
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташ бо Сарвари давлатро созанда унвон кард. Аз ҷумла изҳор дошт, ки мо дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаро матраҳ намудем. Ба гуфтаи Сергей Лавров, феълан 4 санади нав миёни ду давлат омода шудааст, ки тасвиби он мушкилоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русияро бартараф хоҳад кард. Дар ин самт пешравӣ ба назар мерасад. Талош мешавад, ки дар доираи ин санадҳо мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирон рафъ гардида, ҳуқуқу манфиатҳояшон ҳифзу мавриди истисмор қарор нагиранд, - гуфт вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия.
Бино ба гуфтаи Сергей Лавров, тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ байни ду кишвар ва расондани ёрии низомии техникӣ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.04.2015    №: 70    Мутолиа карданд: 1228
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед