logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, № 815, ш. Душанбе Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо мавриди пардохти хариди молу хизматрасониҳо ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот тибқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши молу хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, сохторҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда (минбаъд - сохтор), ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Воҳидҳои мазкур ба қабули ҳатмии кортҳои пардохтии бонкӣ барои ҳисоббаробаркунии молҳои фурӯхташуда, корҳои иҷрошуда ва ё хизматҳои расонидашуда дар мӯҳлатҳои зерин гузаранд:
- дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа – то 1 сентябри соли 2015;
- дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳру марказҳои ноҳияҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон – то 1 январи соли 2017.
3. Ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки ба барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд, қабул ва хизматрасонии ҳатмии кортҳои Низоми пардохти миллӣ «Корти миллӣ» - ро то 1 марти соли 2015 таъмин намоянд.
4. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ ба кортҳои пардохтии бонкии кормандон гузаронидани музди меҳнат ва дигар намудҳои пардохтҳои ба он баробаркардашударо таъмин намоянд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории  хурди Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади татбиқи қарори мазкур, оид ба истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои таблиғотӣ гузаронанд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон барои сари вақт бо таҷҳизоти дахлдор таъмин намудани ташкилотҳои қарзии хизматрасон ҷиҳати иҷрои банди 1 қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
7. Ташкилотҳои қарзӣ насб кардани терминалҳои электрониро дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ таъмин намоянд.
8. Ташкилотҳои қарзӣ ҳар моҳ оид ба амалиётҳои ба воситаи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ гузаронидашуда то санаи 5 моҳи минбаъда ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
9. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ташкилотҳои қарзӣ шакли ҳисобот-диҳиро ба амалиётҳои ба воситаи терминалҳои электронӣ гузаронидашуда пешниҳод намояд.
10. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба муқаррар намудани муҷозот нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН


Замима ба Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  
аз 31 декабри соли 2014, № 815

Номгӯи сохторҳое, ки бояд бо терминалҳои электронӣ барои қабули кортҳои пардохтии бонкӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд

1. Нуқтаҳои фурӯши билетҳои нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ.
2. Нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ, барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ.
3. Марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробаркардашуда.
4. Терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
5. Марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯши онҳо зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошад.
6. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ.
7. Тарабхонаҳо.
8. Беморхонаҳои хусусӣ.
9. Дорухонаҳо.
10. Муассисаҳои фарҳангию дилхушкунанда (кинотеатрҳо, театрҳо, осорхонаҳо ва ғ.).
11. Истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо.
12. Меҳмонхонаҳо.
13. Нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт.
14. Автодромҳо барои супоридани имтиҳон ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ.
15. Ташкилотҳои суғурта.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2015    №: 72    Мутолиа карданд: 1898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед