logo

маориф

МАЗҲАРИ ЛУТФИ ШОГИРДОН

Омӯзгори фанҳои биология ва  экологияи Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони ҷумҳурӣ Меҳрбону Султонова умри хешро сарфи таълиму тарбияи хонандагони ин таълимгоҳ кардааст. Ӯ панди “Таълим дода, тарбия намо” - ро сармашқи кори худ намуда, бар он бовар аст, ки дар рушди шахсият омӯзгор нақши муҳимро мебозад. Ҳангоме ки хонандагон фаъолона таҳсил карда, коҳилӣ, беиродагӣ, камҳавсалагиро паси сар намоянд, масъалаи омӯзондан барои омӯзгорон осон мегардад.

Муаллима дар ҷараёни дарс ҳар як хонандаро тарбия мекунад ва дар ин ҷода пуртоқату сабур аст. Дар дарсҳо усулҳоеро истифода мебарад, ки онҳо боиси рушди тафаккури мантиқӣ, фаъолияти донишомӯзӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва дарки дурусту ҳақиқии ҳодисот ва муҳити атроф гарданд.
Барои васеъ намудани мафкураи хонандагон дарсҳоро бо истифода аз усулҳои маъмулӣ, ғайримаъмулӣ ва муосири таълим мегузаронад. Дар дарсҳо аз намудҳои гуногуни асбобҳои аёнии методӣ, инчунин воситаҳои техникии омӯзишӣ, афсонаю ривоят ва зарбулмасалу мақолҳои халқӣ истифода мебарад. Зеро чистонҳо ва муаммоҳо тасаввурот, тафаккури мантиқӣ, нутқ, хотираи шунавоии хонандагонро инкишоф медиҳанд. Масалан, ҳангоми омӯзиши мавзӯи “Таснифоти растаниҳо – нишонаҳои оила” дар синфи 6 аз онҳо мақсаднок истифода мебарад.
Муаллима бар он бовар аст, ки истифода аз шеърҳои дидактикӣ ҷараёни дарсро ҷолибу пурмуҳтаво мегардонад. Кӯдаконе, ки адабиётро дӯст медоранд, худашон доир ба мавзӯъҳои дарсҳои биология шеърҳо интихоб намуда, бо овози баланд дар ҳузури ҳамсинфонашон мехонанд. Баъзан шеърро барои беҳтар дар хотир нигоҳ доштани мавод истифода мебарад. Масалан, баъди қироати шеър дар аснои иҷрои  кори амалӣ дар мавзӯи “Тайёр намудани дору аз пӯсти пиёз” дар синфи 5 хонандагон омода намудани онро зуд ёд мегиранд. Ё ҳангоми омӯзиши мавзӯи “Инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин” хонандагон исботи онро меёбанд, ки птеродактил мурғ набуда, балки обхокии қадима будааст. Ҳамчунин ҳангоми омӯзиши мавзӯи “Узвҳои биноӣ” дар синфи 9 усули мемотехникиро истифода мебарад, то хонандагон зудтар ба хотир гиранд, ки асо ва колбачаҳо кадоме хоси узви биноии рӯзона ва кадоме узви биноии шабона мебошанд. Бо чунин тарзи гузориши масъала хонандагон зуд дарк мекунанд, ки бо асо шабона гаштан осон асту бо колбачаҳо рӯзона дар озмоишгоҳ кор кардан. Шаклҳои ғайримаъмулии дарсҳо аз биология ва экология воситаҳои пурмаҳсули баланд бардоштани завқи хонанда нисбат ба фан буда, маданияти сухан ва лаёқати эҷодии ӯро инкишоф медиҳад. Чунин дарсҳо фаъолиятнокии хонандагонро баланд мебардоранд. Дарс – бозӣ ҳангоми такрор ва ҷамъ-басти маводи гузашта беҳтарин ва шавқовартарин усули методӣ мебошад. Дарс – ҷамъбасткунӣ, ки паси пардаи бозии хонандагон ҷойгир аст, нисбат ба дарси маъмулии – такрор шавқангезтар мегузарад. Масалан, М. Султонова дар мусобиқаи зеҳнӣ, ки дар дарсҳои ҷамъбастӣ аз биология дар синфи 8 аз рӯи мавзӯъҳои “Таснифи парандаҳо”, “Таснифи обхокиҳо”, “Таснифи хазандаҳо” гузаронд, хонандагони синф бо дастаҳои шашнафарӣ, баранда, ҳакамон, ки натиҷаи бозиро ҷамъбаст мекунанд ва холҳо мегузоранд, тақсим шуда, иштирок карданд.
Дар  лавҳаи синф варақаи калон (А0) овехта мешавад, ки дар он доираи калон  бо  6 қисм аз рӯи тартиботи зерин ҷудо карда шуд:
Қисми  якум - намуди берунӣ;
Қисми дувум - устухонбандӣ ва мушакҳо;
Қисми севум - намуди дарунӣ;
Қисми чаҳорум - афзоиш ва тараққиёт;
Қисми  панҷум - пайдоиш ва маълумоти умумӣ;
Қисми  шашум - гуногуншаклӣ.

Ба ҳар як қисм лифофаҳо бо се ранг насб шудаанд. Дар ҳар як лифофа саволҳо мавҷуданд. (Шумораи саволҳо ба шумораи гурӯҳҳо мувофиқат мекунад). Ҳар як даста баъди партофтани кубчаи рақамдор, мувофиқи рақами пайдошуда, ки рақами қисмро ифода мекунад, метавонад лифофаи заруриро интихоб намояд. Барои фикр кардан як дақиқа муайян карда мешавад. Ҷавоби саволро ҳар як аъзои даста гуфта метавонад. Дар сурати ҷавобро наёфтан, ҳуқуқи ҷавоб додан ба дастаи дигар мегузарад. Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ дастае ғолиб мебарояд, ки миқдори бисёртари холҳоро гирифтааст.
Хонандагон диктантҳо ва тестҳои биологиро, ки одатан баъди омӯзиши мавзӯъ ва ё боб гузаронда мешаванд, бо завқи калон қабул менамоянд. Дар вақти мустаҳкамкунии мавзӯъ аз дастгоҳи машқи «Худро санҷед»  истифода мебаранд.
Солҳои охир дар кишвар ба тарбияи экологӣ ҳар чӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
- Баланд бардоштани маърифати экологии кӯдакон муҳимтарин омили тарбияи экологӣ ба ҳисоб меравад. Дар кӯдакон ташаккул додани муно-сибати мусбат ба муҳити атроф, ки асоси фаъолияти маънавӣ аст, арзише барои ҳифзу нигоҳдории табиат мебошад, - мегӯяд М. Султонова.
Мавсуф дар баробари гузарондани дарсҳо бо хонандагон дар чорабиниҳои экологӣ, озмунҳо ва конфронсҳо дар дохили литсей ва берун аз он  фаъолона ширкат меварзад. Инчунин муаллима дар тӯли фаъолияти омӯзгориаш дар Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҷумҳурӣ хонандагонро ба олимпиадаҳо омода кардааст. Аз соли таҳсили 2006 - 2007 то имрӯз шогирдонаш дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва фосилавӣ ширкат намуда дар маҷмӯъ 43 нафар бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардидаанд.
Ҳамзамон ҳамасола дар бахши биологии Академияи хурди илмҳо иштирок карда, 10 нафар шогирдаш соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ҳамаи ин комёбиҳо гувоҳ аз меҳнати ҳалолу пурбаракати омӯзгор Меҳрбону Султонова мебошад, ки мо ба муаллимаи азиз дар таълиму тарбияи шогирдон дастовардҳои бештареро хоҳонем.
 
Қурбон ҚУРБОНОВ,
муовини директор оид ба таълими Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати ҷумҳурӣ,
Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 2147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед