logo

порлумон

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН НУҲ МАСЪАЛАРО БАРРАСӢ КАРД

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, 9 масъала баррасӣ шуд.

Дар оғози ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров ба аҳли хонаводаи қурбониёни офати табиии деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод изҳори тасаллият кард.
Мавсуф аз роҳбарони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ талаб кард, ки зимни баррасии қонуну санадҳои марбут ба соҳа шахсан ширкат намоянд. Дар ҳолати бе сабаби  узрнок иштирок накардан, масъалаи пешниҳодшуда баррасӣ намегардад.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» иброз дошт, ки он ба мақсади озод намудани кор ва хидматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони «Театри миллӣ» аз андоз  аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида таҳия шудааст. Ҳамчунин пудратчӣ барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, фармоишгар ва пудратчии асосӣ – Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП «Сирдарё» мебошанд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаанд. Иншооти мазкур дар муддати 5 сол бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Суҳроб Паноев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии Созишома оид ба ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ гуфт, ки он 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт- Петербург ба имзо расид. Дар созишнома масъалаҳои ҳамкорӣ пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд.
Ба гуфтаи мавсуф, вазъияти мураккаби сиёсии амниятӣ дар шароити муосир, пурзӯр гардидани фаъолияти созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноятӣ зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бо ин падидаи манфӣ ба миён овардааст.
Фаъолияти минбаъдаи давлатҳои ИДМ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ, ки дар доираи талаботи ҳамин созишнома ба роҳ монда мешавад, воситаи муносибест барои густариши бештари ҳамкориҳои судманд ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.
Ҳамчунин аз тарафи вакилон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният тасдиқ гардид.
Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, иброз дошт, ки дар он асосҳо оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, манфиатҳои тарафайн дар таъмини бехатарии миллии ҳар ду давлат, рушди ҳамкорӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва психотропӣ барои баста шудани созишномаи мазкур ифода ёфтааст.
Бахтовар Сафаров, вакили порлумон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иброз дошт, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади мутобиқ намудани Рӯзи иди касбии кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратура дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мувофиқи лоиҳаи мазкур Рӯзи иди касбии кормандони мақомоти прокуратура аз 14 декабр ба 14 март гузаронда шуд.
Мунаввари САФАР,«Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2015    №: 74    Мутолиа карданд: 1388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед