қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 9 апрели соли 2015, № 215, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саломзода С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Саломзода Сиҷоуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2015 №: 74 Мутолиа карданд: 1452