суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, Корея, 12 апрели соли 2015
Муҳтарам ҷаноби Раис!
Иштирокдорони гиромии Форум!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои даъват ҷиҳати иштирок дар чунин ҳамоиши бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, инчунин фароҳам овардани шароити беҳтарини кору фаъолият, пазироии гарм ва меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос менамоям.
Мавзӯи Форум – «Об барои ояндаи мо», бешубҳа, ба тамоюлоти ҷории глобалӣ оид ба муайян намудани амалиёти минбаъда барои давраи баъди соли 2015, ки дар ҷараёни он низ, ба назари мо, мавзӯи захираҳои об бояд нақши калидӣ дошта бошад, комилан ҳамоҳангу созгор аст.
Қобили зикр аст, ки форумҳои ҷаҳонии об дар ҳалли масъалаҳои мубрами об дар тамоми ҷаҳон саҳми бисёр арзишманд мегузоранд. Бисёр ғояву ибтикорот оид ба масъалаҳои об, ки дар сатҳҳои гуногун мавриди татбиқ қарор гирифтаанд, маҳз дар пояи чунин ҳамоишҳо арзи вуҷуд кардаанд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон силсилаи қатъномаҳои муҳими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об қабул гардиданд ва аз ҷумлаи онҳо ду қатънома, ки ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 - 2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) бахшида шудаанд, бори аввал аз ҷониби мо маҳз дар ҷараёни ин чорабиниҳо, яъне дар Киото, дар Форуми сеюм ва дар Истамбул, дар чаҳорчӯбаи Форуми панҷуми умумиҷаҳонии об эълон шуда буданд.
Иштирокдорони муҳтарами Форум!
Ҳарчанд ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунанд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард.
Мо ҷонибдори ақидае ҳастем, ки андешидани тадбирҳои фаврии ба иқдомоти воқеӣ нигаронидашуда зарур аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар амалҳои мо сармоягузорӣ ба бахшҳои ба истилоҳ «нарм» ҳиссаи ҳарчи бештар пайдо мекунад, ҳол он ки дар раванди мазкур лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши асосӣ доранд.
Дигар самти муҳими фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад, ки дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд.
Имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду халос.
Дар ин зимн ҳамбастагии «об – неруи барқ – озуқаворӣ» низ, ки баҳисобгирии мутавозини манфиатҳои тамоми бахшҳои муҳимро таъмин менамояд, муҳим ба назар мерасад. Ба кор гирифтани чунин шеваи амал, бешубҳа, барои вусъати ҳамкории дурусту оқилона на фақат дар байни бахшҳо, балки дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар низ асоси боэътимод ба вуҷуд меорад.
Барои расидан ба ҳадафҳои соҳаи об маблағгузории мунтазам тадбири муҳим мебошад. Мутаассифона, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли даҳсолаи охир саъю талоши кишварҳоро оид ба таъмини соҳаи об бо маблағгузории кофӣ коҳиш доданд. Аз ин лиҳоз таъсис додани сандуқҳои (фондҳои) гуногуни миллӣ ва минтақавию глобалӣ, инчунин дигар ташаббусҳо доир ба беҳсозии маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад, аз ҷумла ба кишварҳои камтараққӣ ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ, дар ҳалли ин масъалаҳо иқдомоти саривақтӣ хоҳанд буд.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Аммо инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молиявӣ имкон намедиҳанд, ки захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд.
Сарфи назар аз захираҳои кофии об, имрӯз фақат тақрибан 57 фоизи аҳолии мамлакат ба манбаъҳои бехатари оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он ба шароити хуби санитарӣ дастрасӣ дорад. Ин масъала алалхусус дар деҳот тезутунд буда, дастрасии сокинони деҳот ба оби нӯшокӣ ҳамагӣ қариб 40 фоиз ва ба хизматрасонии беҳдоштӣ на зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад.
Офатҳои табиии марбут ба об барои Тоҷикистон ҳамоно чун мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсори релйефаш мураккаб ташкил медиҳад.
Селу обхезиҳо ҳамасола ба иқтисоди кишвар зарари калон мерасонанд ва дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона, боиси ҳалокати одамон мегарданд. Масалан, фақат тайи 5 соли охир хисороти умумӣ аз обхезӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Иштирокдорони муҳтарами Форум!
Мушкилоти зикршудаи марбут ба об, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯст, ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хос мебошанд.
Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа ва тағйирёбии иқлим, ки ба раванди обшавии пиряхҳо – манбаи асосии об – таъсири манфӣ мерасонад, сол аз сол мубрам ва боиси нигаронӣ мегарданд.
Мувофиқи арзёбию таҳлилҳои мавҷуда, то соли 2030 таъминот бо об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди ниҳоиву хатарноки худ – камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта тақрибан ба 6 ҳазор метри мукааб барои як одам дар як сол баробар буд.
Дигар масъалаи мубрами минтақаи мо бо об таъмин намудани аҳолии деҳот мебошад. Обёрии зиёда аз 8,5 миллион гектар заминҳои корами минтақа дар шароити даври тағйирёбандаи гидрологӣ ва зиёд шудани шумораи солҳои камобу хушк душвортар ва мураккабтар мегардад.
Дар ин зимн истифодаи дурусти захираҳои об, алалхусус тавассути технологияҳои муосири сарфаи об, навсозии шабакаҳои обрасониву мелиоративӣ ва татбиқи усулҳои нави обёрӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Чунин муносибат ва тарзи кор ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, хеле кам гардидани партовҳои заҳрнок ба атмосфера, ҳамчунин ба рушди иқтисоди «сабз», ки ба татбиқи самараноки манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ равона шудааст, мусоидат менамояд.
Гузашта аз ин, дар минтақа захираҳои кофие мавҷуданд, ки азхудсозии ботадриҷи онҳо ба кишварҳо имкони ба даст овардани фоидаи иловагиро муҳайё мегардонад.
Ба назари мо, фақат ҳамкории пурсамар дар арсаи истифодаи оқилонаи захираҳои об имконияти бо об таъмин намудани аҳолии кишварҳои минтақаро фароҳам оварда, дар баробари ин, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Раиси муҳтарам,
Иштирокдорони гиромии Форум,
Имсол Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида буд, ба анҷом мерасад. Дар иртибот ба ин, арзёбии мукаммалу ҳамаҷонибаи чорабиниҳои дар тӯли даҳ сол суратгирифта, ошкор сохтани мушкилоту масъалаҳои дар роҳи татбиқи ҳадафҳои даҳсола мавҷуда ва ҳамчунин банақшагирии амалиёти минбаъда дар давраи баъд аз соли 2015 зарур аст.
Бидуни шакку шубҳа, иҷрои нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои муттаҳид сохтани саъю талоши муштараки мо дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хотири тақвияти тадбирҳои расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об асоси хубе ба миён овард. Вале таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд.
Бо дарназардошти ин, пешниҳод менамоям, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.
Итминон дорам, ки мо бо эълони даҳсолаи навбатӣ татбиқи амалии тадбирҳои нақшавиро дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» идома медиҳем ва онҳоро ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо саъю талошҳои нав ғанӣ месозем. Мо умедворем, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ хоҳад ёфт.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
Дар фарҷоми суханронӣ лозим медонам ёдрас намоям, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба хотири расидан ба «рушди устувори захираҳои об», ки моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд, 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи номбурда дар назар аст.
Фикр мекунам, ки дар чаҳорчӯбаи Конфронси Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳо, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ ҷараёни татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҳамаҷониба арзёбӣ гардида, вазифаҳои навбатӣ дар самти дастёбӣ ба рушди устувор дар соҳаи захираҳои об муайян карда мешаванд.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро даъват менамоям, ки дар ин чорабинии байналмилалӣ ширкат варзанд ва дар кори муваффақи он саҳм гузоранд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.04.2015 №: 76 Мутолиа карданд: 1496