ҳукумат
ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР
Дар ҳузури Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, ҷаласаи кории Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Зикр гардид, ки соли 2014 дар кишвар 67 ҳолати ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Бар асари офатҳои табиат 31 кас ба ҳалокат расида, ҳаҷми зиёни ба хоҷагии халқ расида беш аз 41 миллион сомониро ташкил дод. Фаъолияти масъулони ситодҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо дар ин самт нокифоя ва боиси нигаронӣ арзёбӣ гардид. Аъзои комиссия ва масъулони дигар вазифадор гардиданд, ки барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла сел, ярч, тарма, тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба нақшаи кории Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.04.2015 №: 77 Мутолиа карданд: 11903