logo

маориф

ФАЙЗОБОД. САТҲИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН – 3,2 БАЛЛ

Хадамоти сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи дониши хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 - и ноҳияи Файзободро санҷида онро 3,2 бал муайян кард. Ин нишондод дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия беҳтарин ба шумор  меравад. Ба пурсиши хабарнигори рӯзнома директори мактаби мазкур, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯрабек Ҷобиров чунин посух дод.

- Боиси нишот ва дилгармию ҳавасмандии мо, омӯзгорон аст, ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Мо самари ин ғамхориҳоро дар ҳаёти маънавию иқтисодии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушоҳида мекунем. Тадбирҳои оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф,  ки дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан баён гардиданд, баҳри беҳтар шудани вазъи иқтисодии давлатамон ба кори мо, омӯзгорон, низ такон бахшиданд. - «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Ин суханони Сарвари давлат ифшогари мақоми баланди омӯзгор буда, моро ба иҷрои софдилонаи рисолатамон ҳидоят менамоянд.
Мактаб ба шакли нави фаъолияти хоҷагиву молиявӣ – маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) аз ибтидои соли 2009  гузаштаст. Тавассути он муассисаи комилҳуқуқи юридикӣ шуда, дар ҳалли аксар масъалаҳои аввалиндараҷаи хоҷагидорӣ муваффақ шуда бошад ҳам, аз сабаби  кам будани шумораи умумии хонандагон ва норасоӣ дар механизми ҷудо гардидани маблағ ба буҷаи муассиса ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб рӯ ба рӯ шуда истодааст.
Бинобар камии буҷа шумораи синфҳо сол то сол кам ва теъдоди умумии хонандагон дар ҳар синф аз 25 нафари меъёрӣ то 35 – 38 – нафарӣ расид. Соли хониши гузашта дар синфҳои дуюм 34 ва 35 – нафарӣ хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд. Барои таъмири ҷории бинои мактаб ҳар сол маблағ камӣ мекунад. Ҳамаи ин, албатта, ба сатҳи дониши хонандагон таъсири бад мерасонад. Тайи соли хониши 2013 – 2014 кӯшиш намудем имконияту бартарияти ин шакли фаъолият ба пешравии таълиму тарбия ва боло бардоштани таъминоти мактаб босамар истифода карда шавад. Таълим  асосан дар як баст ба роҳ монда шуда, аз рӯи зарурати ба миёномада як қисми синфҳои ибтидоӣ дар басти дуюм ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

- Мушоҳида намудем, ки роҳи ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳои омӯзгориро  ёфтаед...
- Оре. Роҳи асосии ҳалли ин  мушкилотро мо аз ҳисоби ҷалби  хатмкардагони  мактаб пайдо намудем. Онҳоеро, ки касби омӯзгориро дар мактабҳои олӣ омӯхтаанд, ба кор қабул мекунем. Маъмурият ба кори муаллимони ҷавон диққати зарурӣ дода, ба онҳо муаллимони кордон  малакаи сабақдиҳӣ омӯзонданд. Омӯзгорони бемаълумот ба таҳсили ғоибонаи донишкадаҳои омӯзгорӣ ҷалб гардиданд. Бо мақсади такмилу омӯзиш, инкишофи маҳорати педагогӣ, таҷрибаивазкунӣ, омӯзгорони фанҳо дар 7 иттиҳодияи методии дохили муассиса фаъолият намуданд. Ҳоло дар муассиса омӯзгорони тамоми фанҳо мерасанд. 
Соли хониши гузашта коллективи омӯзгорон, ки дар байнашон 9 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар бо таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, 725 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтанд. 
Вазъи таълим ва алоқамандӣ бо тарбия аз мадди назари маъмурияти мактаб дур намемонад. Дарсҳои муаллимон таҳлил гардида, барои аниқу муайян кардани дониши хонандагон корҳои хаттии санҷишӣ гирифта, ба омӯзгорон ёрии методӣ расонида шуд. Дар амалӣ гардидани ин чораҳо гурӯҳи сифати таҳсилот, ки ибтидои соли таҳсил таъсис ёфта буд, мусоидат намуд.

- Саҳми Ассосиатсияи волидону омӯзгорон (АВО) дар мактаб чӣ гуна аст?
- Беш аз панҷ сол аст, ки дар мактаб Ассосиатсияи волидону омӯзгорон (АВО) фаъолият менамояд. Боиси қаноатмандист, ки АВО ба баландшавии сифати таълим, афзоиши таҷҳизоту даргоҳҳо ва таъмири биноҳои муассиса мадади бевосита расонид. Бо ташаббуси АВО ва дастгирии Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф дар мактаб се лоиҳа татбиқ карда шуд. Лоиҳаи барқароркунии «Таъмири бинои якуми таълимӣ» бо маблағи беш аз 92 ҳазор сомонӣ ва лоиҳаҳои грантии «Таҷҳизонидани дастгоҳи суруду мусиқӣ» ва сохтмони иншооти ёрирасон ба анҷом расид.
Ҳамзамон, маъмурият бо кори ташкилотҳои ёрирасони мактаб, созмонҳои талабагӣ, шӯрои духтарон аҳамияти бештар дода, барои фаъолияти босамари онҳо шароит муҳайё сохт. Инчунин, аз рӯи проблемаи «Роҳбарии педагогӣ ба кори худидоракунии хонандагон» кор мебарем.
 Хатмкардаи синфи 9 Мавҷуда Ҷалолова бо хониши аъло ва рафтори ибратбахш сазовори намунаи махсуси «аъло» - и «Аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ» гашт. Зиёда аз 20 нафар хонанда ҷоизадор ва гирандагони ҷойҳои ифтихории олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ беш аз 40 нафар хонандаи синфҳои 6 – 11 иштирок карданд. Шогирдони мактаб бо донишу ҷаҳонбинии васеъ обрӯй ва эътибори мактабу ноҳияамонро баландтар бардоштанд. Муҳайё Саидова бо Квотаи президентӣ донишҷӯи факултаи сайёҳӣ ва туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд. 16 нафар хамткардаи мактаб ва василаи имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ  номи донишҷӯиро сазовор гардиданд, 8 нафари дигар таҳсилашонро дар коллеҷу омӯзишгоҳҳо идома медиҳанд.

Мусоҳиб Эмом НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2015    №: 78    Мутолиа карданд: 1562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед