logo

порлумон

ДУ ФРАКСИЯ ВА ГУРӮҲИ ВАКИЛОН ТАШКИЛ ШУД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, панҷ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.

Азизмат Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорат дастур ва ташкили кор, зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» иброз дошт, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ ва амалӣ гардондани барномаҳои пешазинтихоботӣ метавонанд дар фраксияҳо ва гурӯҳҳои вакилон дар Маҷлиси намояндагон муттаҳид шаванд. Дохил шудан ба гурӯҳҳо ва фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар Маҷлиси намояндагон ва баромадан аз онҳо ихтиёрист. Барои ба қайд гирифтани гурӯҳ ё фраксия шумораи онҳо аз 5 нафар кам набошад.
Мавсуф зикр кард, ки шумораи аъзои ҳизби мазкур аз 43 нафар иборат аст.
Назар ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи аввали ташкили фраксияи ҲХДТ, ки чанд рӯз қабл ба вуқӯъ пайваста буд, Бахтовар Сафаровро раиси фраксия интихоб намуданд. Ӯ яке аз ҷавонтарин вакилон буда,  32 - сола аст ва номзади илми ҳуқуқ мебошад.
Дар  ҷаласа фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки шумораи вакилонаш 5 нафар аст, ба қайд гирифта шуд. Аъзои фраксияи ҳизби мазкур Толиббек Бухориевро раис интихоб намуданд. Мавсуф доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзӣ буда, солҳои охир ба ҳайси ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолият дошт.
Ҳамчунин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Ба гуфтаи Азизмат Холмуҳаммадзода, шумораи онҳо ба 8 нафар мерасад ва раиси ин гурӯҳ вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом Равшан Раҷабов интихоб шудааст.
Дар ҷаласа бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода интихоб гардиданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2015    №: 79    Мутолиа карданд: 1451
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед