logo

мулоқотҳо

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев телефонӣ сӯҳбат карданд. Дар оғози сӯҳбат натиҷаҳои мулоқоти сарони 20 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар масъалаи бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба таври муфассал  баррасӣ карда шуд.
Сарони ҳар ду давлат дар робита роҷеъ ба роҳҳои то ҳадди имкон камтар сохтани таъсири зуҳуроти бӯҳронӣ ба вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳояшон табодули назар намуданд. Мусоҳибон ба вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои гуногун диққати калон доданд.
Қисмати бештари сӯҳбат ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика бахшида шуд. Паймон карда шуд, ки маросими ботантанаи ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» моҳи майи соли равон бо иштироки президентҳои ҳар ду мамлакат баргузор карда мешавад. Дар ин маврид роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории Русияю Тоҷикистон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти Русия хоҳиши Сардори Тоҷикистонро дар бобати тезонидани суръати корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар чор ҳавзаи газ аз ҷониби ширкати «Газпром» ба инобат гирифта, ваъда дод, ки барои тезонидани чунин корҳо дастурҳои дахлдор дода мешаванд.
Ҷониби Русия зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ хабар дод, ки барои омода сохтани мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Русия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳар ду ҷониб инчунин дар бораи ҳарчи зудтар кушодани филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон паймон карданд.
Баъдан масъалаҳои ҳамкории ҳарбию техникии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар фарҷоми сӯҳбат масъалаҳои дорои хусусияти байналмилалӣ ва минтақавии мавриди назарашонро баррасӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2261
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед