logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат

6 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рафти иҷрои лоиҳаҳо ва азхуднамоии маблағҳо машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин   мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат иштирок намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи босамар ва саривақтии барномаю лоиҳаҳои инвеститсиониро яке аз чораҳои муассири зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ карда, аз масъулин талаб намуд, ки баҳри тезондани суръати азхуднамоии маблағҳои калони ҷудогашта ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, истифодаи маблағҳои ҷудогашта ва иҷрои корҳои мушаххас ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ шунида шуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки айни ҳол дар мамлакат 56 лоиҳаи инвеститсионии давлатӣ татбиқ мешаванд ва маблағи умумии онҳо 6,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз он 74% маблағҳои имтиёзноки қарзӣ, 15% грантҳо ва 11 дар садаш ҳиссаи Ҳукумати мамлакат аст.
Дар татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 60 ҳазор шаҳрванди касбу кори гуногуни кишвар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гаштаанд.
Лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ асосан аз 23 манбаъ маблағгузорӣ шуда, дар зиёда аз 16 соҳа ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ мешаванд.
Афзалияти бештар ба соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав, обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дода  мешавад.
Дар  соҳаи энергетика баҳри беҳтар намудани сифати таъминот бо нерӯи барқу газ ба аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат 12 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Сохтмони хати интиқоли барқи 500- киловолтаи Ҷануб-Шимол, ки ҳадафи  он пайваст намудани системаи энергетикии ҷануб бо шимоли кишвар аст, аз лоиҳаҳои афзалиятноки ин соҳа ба шумор меравад. Бунёди ин хат ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад ва то моҳи ноябри соли равон бояд ба поён расад.
Сохтмони хати интиқоли барқи байнисистемавии Тоҷикистон ва Афғонистон аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ буда, бо маблағи 205 миллион сомонӣ амалӣ мегардад ва соли 2010 бояд ба итмом расад.
Барои кам кардани талафоти қувваи барқ ва газ ба воситаи васли 160 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ ва 173 ҳазор ҳисобкунакҳои газӣ то соли 2011 ду лоиҳа ба маблағи 206 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Барои барқарорсозии иншооти инфраструктураи соҳаи кишоварзӣ, системаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ  12 лоиҳа амалӣ мегардад ва то 1 апрели соли 2009   38 фоизи нақша иҷро шудааст.
Дар соҳаи нақлиёт 9 лоиҳа ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад, ки қариб 32 фоизи маҷмӯи ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсиониро ташкил медиҳад.
Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои соҳаи мазкур ба ҳолати   1 апрели соли равон 1,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 66 фоизро ташкил медиҳад.
Таҷдиди роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок моҳи  сентябри соли равон ва сохтмони  нақбҳо  ва долонҳои  зиддитармавӣ моҳи  июли соли 2010 бояд ба итмом расад.
Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон дар 3 марҳила ба маблағи 545 млн. сомонӣ амалӣ мешавад. Марҳилаи якуми он ба анҷом расид ва корҳо дар марҳилаи дуюм ва сеюм мутаносибан 32 ва 12 фоиз иҷро шудаанд.
Дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 10 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 512 миллион сомонӣ амалӣ гардида, аз аввали татбиқи онҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2009  285 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми 4 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ 220 миллион сомониро ташкил дода, аз аввали татбиқи онҳо то 1 апрели соли 2009 ҳамагӣ 119 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 54 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
Умуман дар семоҳаи аввали соли 2009 дар соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба маблағи 298 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд.Аз аввали татбиқи лоиҳаҳо бошад 3,7 миллиард сомонӣ. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ азхудкунии маблағҳо ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди пешравиҳои намоён аз суръати корҳо дар татбиқи аксари лоиҳаҳои инвеститсионӣ изҳори норозигӣ карда, таъкид дошт:
-Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои дунё аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва пастравии нишондодҳои макроиқтисодӣ бонги хатар мезананд, масъулини лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон маблағҳои омодаи ҷудогаштаро сари вақт аз худ карда наметавонанд.
 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ вазифадор гардиданд, ки суръат ва сифати корҳоро баланд бардошта, ҳар моҳ оид ба рафти амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чораҳои андешидашуда ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал пешниҳод намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3876
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед