logo

маориф

МУСАННИФИ ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ

Устод Муҳаммадулло Лутфуллоев, дӯсти ман, ба синни мубораки 80 расиданд. Ин марди шариф ва олими барҷастаи низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 1935 дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара таваллуд шудаанд. Волидайнашон баъди чанд сол ба ноҳияи Бохтар кӯч бастанд. Лутфуллои ҷавон таҳсилро дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯрғонтеппа давом дода, баъди хатми он муаллими мактаби таҳсилоти миёна гардиданд…

Соли 1959 ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи (Институти) давлатии педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бомуваффақ хатм карданд ва дар ҳамин ҷо ба кор монданд: аввал ассистент, баъд муаллими калон шуда кор карданд. Рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, баъди чанд сол дараҷаи илмии дотсентиро гирифтанд ва мудири кафедраи педагогикаи таълими ибтидоӣ ва декани он ҳам гардиданд.
Солҳои 1978 - 1984 ба Афғонистон рафта, мушовири вазири маорифи ин кишвар шуданд. Баъди баргашт ба Ватан (1987 - 2002) директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ таъйин гаштанд ва ҳамзамон омӯзгорӣ ҳам мекарданд ва мекунанд…
Устод дар ташкили Академияи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ ташаббускор буданд. Соли 2002 президенти он интихоб шуданд. Имрӯз ҳам дар ҳамин академия фаъолият доранд ва бештар ба корҳои илмӣ машғуланд… Устод дар давоми зиёда аз 50 сол соҳиби унвонҳои доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академик шуданд. Давлат ва Ҳукумати вақт ва ҳамчунин давлати ҷавони соҳибистиқлоламон хизматҳои арзандаашонро қадр карданд: бо Ифтихорномаҳои зиёд; «Аълочии маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР»; ордену медалҳо; унвонҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.
Устод дар корҳои ҷамъиятӣ ҳам саҳми фаъол доштанд ва доранд. Солҳои зиёд аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати маорифи СССР, аъзои таҳририяи маҷаллаҳои «Маърифат» ва «Адиб», раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили таълимии синфҳои ибтидоӣ ва раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва иштирокчии фаъоли семинару конференсияҳои гуногуни байналмилалӣ (Душанбе, Москва, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Украина, Молдавия) буданд.
Устод дар таҳияю таҳрири бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти олии давлатӣ ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ саҳми фаъол доштанд, монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; стандартҳои давлатӣ ва таълимӣ ва ғайра.
Устод  55 соли умри худро ба низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидаанд. Асарҳои зиёди таълимӣ, илмӣ, дастуру тавсияҳои методӣ ва мақолаҳои гуногунмазмуни фаровон офаридаанд; бештари онҳо дастраси муассисаҳои таълимӣ ва муаллимон гардидаанд, аз қабили: «Субҳи дониш», «Алифбо», «Наҳви забони модарӣ», «Асосҳои омӯзиш», «Забони модарӣ барои синфи 4», «Педагогикаи шафқат», «Забони модарӣ барои синфи 1», «Дарс», «Эҳёи педагогикаи Аҷам», «Тоҷикистон - Ватанам, ифтихорам», «Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия», «Дидактикаи муосир», «Қиссаи оғози тарбия», «Таълими алифбо», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин», «Шарафномаи миллат», «Фарзанд - ҳадяи Худованд» ва ғайра.
Устод шумораи умумии асарҳояшонро бештар аз 280 шумурдаанд. Тасмим гирифтаанд, ки онҳоро ба қисмҳо ҷудо карда дар шакли китоби бутун (ҷилдҳо) нашр кунанд. Миқдори онҳо ба 18 - то расидааст. Имрӯз 6 ҷилди он нашр гардидааст. Номи умумии онҳоро «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» гузоштаанд. Дӯсти ман асарҳояшонро бо маблағи худ ва бо теъдоди кам чоп кардаанд. Афсӯс, ки дар ин равия кумаки мақомоти идории низоми маориф қариб ки ҳеҷ аст…
М. Лутфуллоев 7 сол дар Афғонистон буданд ва дар ташкилу рушди низоми маорифи ин кишвари ҳамзабон саҳми арзанда доштанд. Барои муаллимони онҳо зиёда аз даҳ китобҳои дарсию барномаҳои таълимӣ ва тавсияҳои методии зиёде навиштаанд. Ва барои муаллимон курсҳои такмили ихтисос ҳам ташкил карда буданд… Хизмати устодро вазири маорифи вақти СССР М.А.Прокофьев  баҳои баланд дода буд. Рӯзномаи машҳури ин вазорат «Учительская газета» 2 маротиба роҷеъ ба фаъолияташон дар Афғонистон мавод чоп кардааст.
М. Лутфуллоев дар коркарду корбаст кардани барномаҳои таълимии мактабҳо ҳам хизмати арзанда кардаанд. (Барномаҳои таълимии забони модарӣ; барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ; барномаи забони модарӣ; забони модарӣ барои шуъбаи методикаи таълими ибтидоии факултаи педагогика; «Одобнома» ва ғайра). Мавсуф дар байни кормандони низоми маориф, хусусан омӯзгорон маъруфияти зиёд доранд. Солҳое, ки президенти Академияи илмҳои педагогӣ буданд, корҳои зиёдеро баҷо оварданд: шогирдони зиёд тайёр карданд, бо муаллимон тез-тез дар маҳалҳо дидор дида, суҳбату семинарҳои амалӣ мегузарониданд.
Бо М. Лутфуллоев дӯстии дерина дорем. Вомехӯрем, суҳбат менамоем, таҷриба иваз мекунем, аз он кас маслиҳатҳои муфид мегирем. Устод одами аҷибанд: одӣ, сода, озода, ором, хоксор, камгап, батоқат, хушсуҳбат. Одоби муоширатро бисёр хуб баҷо меоранд. Бисёр мехонанд, зиёд медонанд, аксаран, шаб кор мекунанд. Суханро паст, пухта, суфта, равшан ва бо мисолу далелҳо мегӯянд.
Устод таъкид мекунанд, ки мо бояд педагогикаи табиатмонанду илмии Я. Коменский, Д. Локк, А. Дистерверг, К.Ушинский, А. Макаренко, В.Сухомилинский ва дигаронро ҳам истифода барем. Онҳо асосан аввал тарбия, баъд, таълим ва солимию саломатии таълимгирандагонро дар мадди назар доштанд ва роҳбарии дурусту назорати фаъолияти шогирдону муаллимонро талаб мекарданд. Олими барҷастаи генетика (ирсият) Н.Ляпунова мегӯяд, ки маҳдудкунӣ, маҷбуркунӣ, фишороварӣ ба мактаб ва мактаби олӣ зид аст. Ҳама бояд солҳои зиёд якхела хонанд, якхела ҳаҷми маълумотро азхуд кунанд, аз назари ирсият сафсата аст. Вале мактаби шӯравӣ ба дарёфт, кушодан, сабзондан, амалӣ намудани қобилияти модарзодии кӯдакон машғул набуд. Мо бояд ин масъаларо баррасӣ намоем. Устод ният доранд, ки ба ин масъала ҳам машғул шаванд.
Мо огоҳӣ дорем, ки 400 сол пеш педагогикаи Я.Коменский беҳамто буд. Баъди 100 сол педагогикаи Д. Локк беҳамто шуд. Баъди он педагогикаи А. Дистерверг беҳамто гардид. Аввалҳои асри 20 педагогикаи А. С. Макаренко дастболо шуд. Солҳои 60 - 80 уми асри гузашта педагогикаи В.А.Сухомилинский машҳур шуд. Имрӯз чӣ? Чандон маълум нест! Шояд ҳамин бошад, ки нуфузу обрӯи педагокикаи умумӣ ва дидактикаи он хело коҳиш  ёфта истодааст. «Занозанӣ» ва «зӯроварӣ» дар байни усулҳои анъанавии таълим ва усулҳои фаъол (ба ном хориҷӣ) идома дорад. Низоми идораю назорати соҳаи маориф тағйир хӯрдааст. Дар замони А. Макаренко ва солҳои баъдӣ ҳам ба тарғиби интихоби касбу ҳунар ва тамоюли он диққати бештар медоданд. Имрӯз дар ин кор мушкилию монеаҳо зиёданд. Меҳнатро, бахусус дар шаҳрҳо, ба мактаб овардан лозим аст.
Мо бояд педагогикаи миллӣ ва педагогикаи халқи худро дошта бошем. Ин масъаларо ба М. Лутфуллоев супоридан, аз нигоҳи ман айни муддаост. Чӣ хуб мебуд, агар педагогикаи мо беҳамто шавад. Мавсуф дар ин раванд кайҳо заминаи хуб гузоштаанд.
Агар мо аз оғоз ба коркарду корбасти педагогикаи миллии худ машғул мешудем, бурд мекардем. Китобҳои дарсии педагогикаи худиро барои муаллимони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ медоштем.
Нуфузи педагогика коҳиш ёфтааст. Яке аз омилҳои пасти сифати таълим ва сатҳи таҳсилдидагии шогирдон огоҳии дуруст надоштани муаллимони мо аз педагогикаю психологияи умумӣ ва муосир мебошад.
Дар суҳбат М. Лутфуллоев таъкид карданд, ки «аз таҷрибаи пешқадами педагогикаи муосири ҷаҳон ҳам бояд баҳра бардорем. Вале нусхабардорӣ накунем. Мо давлати соҳибистиқлоли худро дорем. Он тартиб, низом, қонунҳо ва қарорҳои худро дорад. Мо бояд аз ин талаботҳо берун набароем ва  дар навбати аввал дастурҳои онро ба амал барорем. Фонду ташкилотҳои хориҷӣ, ки ба мо ёрӣ мерасонанд, фақат маслиҳат дода метавонанду халос. Ҳақ надоранд, ки ақидаҳои нодурусти худро зӯран болои мо бор кунанд. Бояд хусусияту минталитети миллии моро ба ҳисоб гиранд. «Реформаторҳои» мо ҳам аз ҳад нагузаранд».
Дар замони шӯравӣ мо аз педагогикаи асрҳои гузашта ва шӯравӣ истифода мекардем. Онҳоро меомӯхтем ва имрӯз ҳам меомӯзем, ки кори бад набуд ва нест. Бояд аз фарҳангу маърифати ниёгонамон ва педагогикаи миллии халқи худ низ пурра истифода барем. Дар ин равия, хизмати муаллифи «Педагогикаи миллии халқи тоҷик» М. Лутфуллоевро  бояд ба ҳисоб гирем ва қадр кунем.
Аз нигоҳи мо Муҳаммадулло Лутфуллоев бояд ҳомии «Педагогикаи миллии» мо бошад ва барои ӯ шароитҳои заруриро фароҳам оваранд. Хуб мебуд, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ин ҷода шуъба ё маркази махсусро роҳандозӣ мекард.

Ҳабибулло ИСКАНДАРОВ,
дорандаи Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2015    №: 81    Мутолиа карданд: 2098
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед