logo

туризм

ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДУ МАРОТИБА АФЗУД

Босамар ва босифат мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм,  ҳамкорӣ бо идораю муассисаҳои  ватанӣ, сохторҳои туристии кишварҳои дуру наздик ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин ҷода аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли равон боиси ба натиҷаҳои назаррас ноил шудани бахши сайёҳии кишвар гардид.
Дар семоҳаи якуми соли 2015 ба кишвар 73 685  шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 63320 сайёҳ ташриф овард ва аз ҳисоби сайёҳон ба иқтисодиёти мамлакат 31 миллиону 660 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ворид гардид.
Дар семоҳаи аввали соли гузашта 27207 сайёҳ ба тамошои Тоҷикистон омада, аз ҳисоби онҳо ба иқтисодиёти мамлакат 13 миллиону 603 ҳазору 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид шуда буд. Яъне, шумораи  сайёҳон дар семоҳаи аввали соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум  36 113 нафар афзуд.
Таҷриба собит месозад, ки тавассути роҳандозии тадбирҳои пайгиронаю босамар бобати таблиғу ташвиқи захираҳои туристӣ ва муаррифии пайвастаи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии кишвари биҳиштосои мо шумораи сайёҳони хориҷӣ афзоиш ёфта, ба ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ,
мутахассиси пешбари  бахши таҳлилу иттилооти
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2015    №: 81    Мутолиа карданд: 11676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед