logo

мулоқотҳо

НАВСОЗИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ХОРУҒ - КУЛМА БА МИЁН ГУЗОШТА ШУД

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ - роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян аз сатҳи муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат кардааст.

Ин дидор рӯзи 20 апрел дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба он иттиллоъ медиҳад, ки зимни суҳбат «масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд». Дар мулоқот бо назардошти он ки имсол барномаи амалкунандаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом мерасад, бо сифати баланд таҳия намудани барномаи нави ҳамкорӣ зарур шумурда шудааст.
Манбаъ гузориш медиҳад, ки «ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма - Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии Роҳи оҳани Тоҷикистон баробар гардидааст. Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ - Кулма ба миён гузошта шуд».
Котиби Кумитаи ҳизбӣ - роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз натиҷаҳои судбахши ҳамкориҳои дуҷониба хушҳол шудааст. Вай аз корхонаву муассисаҳои муштараки Тоҷикистону Чин боздид карда, аз суръат ва ҷараёни корҳои пурсамари онҳо тавсиф кард.
- Мо дар доираи ҳамкорӣ натиҷаҳои бадастомадаро аз соли 2010 ба ин сӯ миёни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғур таҳқиқ намудем. Маълум гардид, ки ҳамаи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар асоси созишномаҳои тарафайн пурра татбиқ шудаанд. Чунин раванд моро ба дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш умедвор месозад, -  гуфт Чжан Чунсян.
Гуфта мешавад, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78 дарсадро ташкил медиҳад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2015    №: 82    Мутолиа карданд: 1333
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед