logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хати барқии 500 - киловолтаи Душанбе – ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ноҳияи Варзоб, 20 апрели соли 2015

Узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин муҳтарам Чжан Чунсян!
Меҳмонони гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Нахуст мехостам дар ин маросими бошукӯҳ ҳайати дӯстонамонро аз Ҷумҳурии Халқии Чин бо сарварии Котиби ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзяну Уйғур, дӯсти олиқадри мо Чжан Чунсян хайра мақдам гӯям.
Равобити созанда ва пурсамари мо бо ҳамсояи бузургамон – Ҷумҳурии Халқии Чин, ки солҳои охир хусусияти шарикии стратегӣ касб кардааст, рӯ ба тараққист. Мардуми Тоҷикистон набзи ин дӯстиро дар мисоли иншооти сершуморе, ки бо мусоидати хайрхоҳонаи дӯстонамон аз ин ҳамсоякишвари мо амалӣ мегарданд, баръало эҳсос менамоянд ва қадр мекунанд.
Ҳамкории муассири ду кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай – Тоҷикистону Чин тақрибан дар тамоми бахшҳои зиндагии ҳаррӯзаи мо инъикос ёфта, аз саноату кишоварзӣ то фарҳангу маорифро дар бар мегирад ва ҳар солу ҳар моҳ самараи нек мебахшад.
Имрӯз низ мо дар ин ҷо ба муносибати боз як рӯйдоди хурсандиовар – гузоштани санги асос барои оғози бунёди хатти интиқоли барқи 500 - киловолта ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шурӯъ гардидани сохтмони панҷ мактаби нав дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ки натиҷаи пурсамари ҳамкориҳои мо хоҳанд буд, гирди ҳам омадаем.
Аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин бо камоли ҷиддият ва самимият қабул шудани ҳамаи ҳадафҳои стратегии рушди минбаъдаи Тоҷикистон – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътимоду итминони моро ба амалӣ шудани ин ҳадафҳо дар муддатҳои кӯтоҳтарин зиёдтар мегардонад.
Хати интиқоли баландшиддати барқе, ки мову шумо имрӯз ба бунёди он ҳусни оғоз мебахшем, дар барномаҳои созандагиву ободкорӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани аҳолии манотиқи мухталифи кишвар ва корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, инчунин рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши басо арзишманд хоҳад бозид. Дарозии ин хат 196 километрро ташкил дода, бо васлу насби 466 симпоя ва ба маблағи қариб 500 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд ва дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба шимоли мамлакат ва ноҳияҳои тобеи марказ саҳми муҳиме хоҳад дошт.
Ҳамзамон бо ин, баробари татбиқи як силсила лоиҳаҳо аз қабили сохтмони зеристгоҳи «Шаҳринав - 220 кв», «Ҳисор - 110 кв» ва навбати дуюми Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе бо тавоноии 300 мегаватт, бунёди ин хати барқ низ амалӣ гардидани орзуву ормонҳои мардуми моро, ки қаблан зикр кардам, боз ҳам наздиктар хоҳад сохт.
Лаҳзаи басо хотирмон аст, ки якҷоя бо оғози бунёди хати интиқоли барқ мо рамзан ба сар кардани сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дигар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои кишвар санги асос мегузорем. Ин амр, аз як ҷониб, бо муассисаҳои навбунёди илму маърифат таъмин намудани аҳолии кишвар бошад, аз ҷониби дигар нишонаи таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Ҳукумати кишвар ба тарбияи наслҳои давраи истиқлолият аст, ки дар роҳи татбиқи барномаҳои ояндаи мо нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Шоистаи зикр аст, ки ин панҷ муассиса дар маҷмӯъ 7700 ҷои нишаст дар ду баст дошта, ба маблағи наздик ба 80 миллион сомонӣ сохта мешавад.
Итминони комил дорам, ки бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 500 - киловолта дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои зикршуда, ки аз ҷониби Корпоратсияи соҳибноми чинии «Ти Би Эй» роҳандозӣ карда мешавад, дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба иҷро расида, боз як намунаи сатҳи баланди ҳамкории бунёдкорона ва рӯ ба густариши Тоҷикистону Чин хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, дар фарҷом мехостам ба ин муносибат ба шарики боэътимоди стратегиамон – Ҷумҳурии Халқии Чин арзи сипос намуда, ба муҳандисону бинокорон, барқчиён ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди сохтмону баҳрабардории ин иншооти муҳим саҳм мегузоранд, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу намоям.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2015    №: 82    Мутолиа карданд: 1326
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед