logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Рашт

Субҳи 2 октябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқонон, ташкили кишти тирамоҳӣ, ҳамчунин мулоқоту сӯҳбатҳои бевосита бо мардуми деҳот бо сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ташриф овард. Бояд таъкид кард, ки эҳтиёҷоти аҳолии деҳот, пеш аз ҳама деҳоти кӯҳистон, пайваста зери назар ва ғамхории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин кор, хусусан дар шароити солҳои охир, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳон таъсири худро ба рӯзгори ҳар сокини кишвари мо низ расондааст, аҳамияти хоса касб мекунад. Боздиди кории Сардори давлат аз маркази ноҳияи Рашт оғоз ёфт.

Дар фурудгоҳи ноҳия Сардору раҳнамои давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии Президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси ноҳия Маҳмадшариф Толибов ва намояндагони аҳли ҷамоати ноҳия бо эҳтирому самимият ва шукргузории хоса аз сиёсати раиятпарвариаш истиқбол гирифтанд Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Манзар Шарифи ноҳияи Рашт ташриф оварда, дар оғози кишти тирамоҳии гандум ширкат варзид. Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рӯзгордидаи деҳа бо дуою фотиҳаи нек ба замин нахустин донаҳои умедро кошта, ба кишти тирамоҳии имсола дар ин хоҷагӣ оғози расмӣ бахшиданд. Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ноҳияи Рашт низ яке аз ҳадафҳои муҳими боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия аст. Зеро ба кор даромадани он дар бартараф намудани норасоии омӯзгорон дар ин минтақа аҳамияти калон дорад. Ин яке аз мушкилоти асосӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, хусусан дар деҳоти кӯҳистон ба шумор меравад.
Сардори давлат     Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои босуръату сифати баланд анҷом додани сохтмон ва таҷҳизонидани бинои таълимӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки иншоот то моҳи сентябри соли оянда, яъне як сол пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шавад. Боздиди Сардори давлат Эмомалӣ   Раҳмон аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 1 – и Ҷамоати деҳоти Ғарм гувоҳи ғамхории пайвастаи роҳбари давлат ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас мебошад. Зимни сӯҳбатҳо дар мактаб зикр гашт, ки имсол аз 55 дастпарвари он 24 нафар ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуд. Дар ҷараёни сӯҳбатҳои фораму дилнишин бо талабагони мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ширинзабонии хурдсолон ҳаловат бурда, ҳамаи талабагонро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуда, ба омӯзгорони мактаб барои савияи хуби дониши муҳассилин арзи сипос кард.
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯъбаи минтақавии бемориҳои дили бемористони марказии ноҳияи Рашт расман ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки ин бино дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии молиявии Сардори давлат сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини ташхис ва муоинаю муолиҷаи бемориҳои дил таъмин шудааст. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» - и Ҷамоати деҳоти Навдеҳ ташриф оварда, шоҳиди ҳосили фаровони картошка гашт.
Деҳқонони хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар 420- сентнерӣ ҳосил гиранд. Дар чойхонаи «Болои об» - и маркази ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди собиқадорони меҳнат ва ветеранҳои ҷанг, ки имрӯз ҳам сарфи назар аз пирию барҷомондагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши намоён мегузоранд, сӯҳбати гуворою дилнишин орост. Байни онҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷараёни татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сардори давлат барои истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корам ва рӯёнидани ҳосили фаровони зироат, танзими анъана ва расму оинҳои серхароҷот, инчунин дар бораи натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нию – Йорки ИМА, ки баҳри болобарии нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дошт, сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сардори давлат иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед