logo

маориф

Рисолати омӯзгор дар ҳама давр якест

«Аз гаҳвора то гӯр илм биёмӯз». Ин бузургтарин ҳикмат беш аз ҳазор сол аст, ки моро масъул намуда, то лаҳзае аз омӯзиш фориғ набошем. Ва ҳам чун аҳли фазлу хирад ба умқи маънои он расиданд, дарёфтанд, ки касби камол чи ранҷҳо дорад. Аз ин маънӣ маълумашон шуд, ки ҳеҷ чиз ҳанӯз маълумашон нагардида.

Тасаввури ин ду макон, ки дар он яке инсон буда ва ба он дигар рӯзе ҳатман мерасад ва, албатта, ба дасту пои дигарон, худ ҳақиқат ва дарси дигар аст.
Ин рӯзгор ҳазорон таҷрибаро пеши чашми мо меорад, то аз он баҳра бигирем, то бад-он дафъи ҳаводис кунем. Ва миллати куҳанбунёди мо аз ин панд ва ҳикмати Одамушшуаро то ба имрӯз наҷот ёфту тоҷи шараф бар сар ниҳод ва дарёи пуршӯру пурталотумро бо киштии накӯкорӣ ба амният гузашт.
Мусаллам аст, ки бе пир, бе раҳнамо, бе омӯзгор ин роҳи дуру дарозро наметавон тай кард ва ба манзили мақсуд расид.
Ва аз ҳикматҳои дигари бузургони мо ин аст, ки агар дар ҷаҳон омӯзгор набувад, ҷаҳон аз бехирад тира мешавад. Ва ба шарҳи он баён доштанд, ки ин тирагиро агар ҳазор офтоб нур бибахшанд, наметавонанд рӯшан бисозанд.
Дар лавҳи кӯдакон, асилзодагон, менавиштанд, ки ҷабри устод беҳ аз меҳри падар аст. Оре, зеро падар аз ҳаёт ва устод аз наҷот баҳра медиҳад.
Дар ин беш аз ҳазор сол ниёгон ва бузургони даврон пайваста таъкид доштанд, ки ба қадри  илму олим ва омӯзгор бирасем ва гиромияшон бидорем.
Мегуфтанд, ки ҳар кӣ илмеро биёмӯхт, набояд ки хораш бикунаду фаромӯшаш бисозад. Балки бояд аз рӯи он амал бинамояду ба дигарон биёмӯзад.
Мегуфтанд, ки бе устод кор оғоз накунанд, ки он эътибор надорад. Ва усто нашуда дӯкон накушоянд, ки он зоеъ намудани умру касбу мол аст.
Мегуфтанд, ки ҳама саъю талоши инсон бояд ба хотири дарёфти ҳақиқат, шинохти дурусти он бошад. Агар ӯ онро дарнаёфту нашинохт, пас ба беҳуда зистааст.
Мегуфтанд, ки омӯзгор то замони мавт омӯзгор мемонад ва ҳам марги ӯ дарси дигаре барои инсонҳост.
Мегуфтанд, ки омӯзгор барои омӯзиши башар аз Офаридгор дастур дорад ва бад-он мардумро ҳидоят менамояд.
Яъне барои ҳеҷ кас дар ҳама давру замон ҷуз ба олим ва ё худ омӯзгор мақому мартабае баландтарро қоил набуданд. Ва ҳеҷ касро бештару беҳтар аз он гиромӣ намедоштанд. Ва худ омӯзгорон илмро бартар аз моли ҷаҳон донистанд. Агар бар кӯдаке илм омӯхтанд, ҳам аз ӯ сабақ гирифтанд ва ин ҳикматро бар дигарон арза доштанд, то дарси ибрат бигардад.
Аттори Нишопурӣ, орифи бузург, дар «Тазкиратулавлиё»-и худ оварда: «Имоми Аъзам рӯзе мегузашт. Кӯдакеро дид, ки дар гил бимонда. Гуфт: «Гӯш дор, наяфтӣ». Кӯдак гуфт: «Афтодани ман саҳл аст. Агар бияфтам, танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор, агар поят билағжад, ҳама мусулмонон, ки аз паси ту оянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор бувад».
Имом бигрист ва асҳобро гуфт: «Зинҳор, агар шуморо дар масъалае чизе зоҳир шавад ва далеле рӯшантар намояд, дар он мутобиати ман макунед ва ба тақлиди ман таҳқиқи худро мамонед».
Бешак, ҳамеша донишмандону устодон чароғи маърифатро фурӯзон доштанд ва пеш аз он ки ин ҷаҳонро падруд бигӯянд, худ шогирдони фарзонаро бар ҷойи худ гузоштанд.
Мақому мартабаи омӯзгор аз ин рӯ дар назди ҷомеа ҳамеша бас баланд буд. Давлат ва мардум барои рушду такомули маориф бо ҳисси масъулиятшиносии бузург саҳми бештару беҳтар мегирифтанд.
Бо шинохти дурусти рисолат аҳли маорифи кишвар дар беш аз ҳаштод соли охир низ ба мардум, ба Ватан бо дилу софу дасти пок хизмат намуданд. Саргузашту корнамоии ибратомӯзи омӯзгорзанони аввалини ноҳияи собиқи Ҳоит Сайрамбибӣ Абдуллоева, Аламбибӣ Гадоева, Маълумбибӣ Қосимова, ихтиёриёни ноҳияи Рашт бо сарварии мудири шӯъбаи маорифи вилоят Каримҷон Ҳусейнзода барои таъсиси мактабҳои нави даврони шӯравӣ, маҳви бесаводӣ, ҳимояи мактабу омӯзгорон дар сафҳаҳои китоби таърихи миллат бисёр рӯшану хоно сабт гардидааст. Таърих ҳеҷ аз ёд намебарад, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5 ҳазор омӯзгор ва устод ба ҳимояи Ватан бархостанд. Ва аз миёни онҳо Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Аҳмадҷон Қурбонов барои мардонагию корнамоӣ дар майдони ҷанг ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат хонд. Инчунин маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ кард. Бо дастуру ҳидояти ӯ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд мегардад. Дар давоми ҳафт соли охир он 13 маротиба  афзоиш ёфт. Дар панҷ соли охир барои рушди ин соҳа 1 миллиарду 600 сомонӣ сарф шудааст.
Барои пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки фарзандонашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ илм меомӯзанд, соли гузашта беш аз 10 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт гардид.
Сардори давлат ҳанӯз 28 августи соли 1995 дар вохӯрӣ бо фаъолони соҳаи маорифи кишвар баён дошта буданд, ки: «То замоне, ки мо барои аҳли маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистае муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».
Пас аз ин - моҳи ноябри соли 1995 қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилӣ ва коммуналию маишии кормандони маориф» ва «Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф» ба тасвиб расиданд. Тибқи он манзили дар ихтиёри кормандони соҳа буда ба таври ройгон ба онҳо дода шуданд. Инчунин ба омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ ёрдампулии табобатӣ ба андозаи як маош, ҷубронпулии ҳармоҳа барои харидории маводи методӣ муқаррар шуд. Омӯзгорони деҳот аз супурдани андози қитъаи замини наздиҳавлигӣ озод гардиданд.
Президенти кишвар 18 марти соли 2005 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат изҳор доштанд: «Рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф омили асосии пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи дониш, маърифат ва солимии мардум мебошад. Бе ноил шудан ба ин ҳадафҳо мо наметавонем дар радифи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷой ёфта, амнияти ҷомеа ва арзишҳои фарҳангии худро пуштибонӣ намоем».
Сардори давлат бо таваҷҷӯҳи махсус ба ин соҳа 22 декабри соли 2005 бо кормандони соҳаи маорифи кишвар мулоқот доир намуданд. Дар мулоқоти мазкур гуфтанд, ки «мо маорифро дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самти асосӣ ва стратегӣ эълон доштаем». Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки давлат 22 фоизи буҷетро ба соҳаи маориф равона кардааст.
Бо амри Сардори давлат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис ёфт ва бори аввал соли 2006, дар арафаи Рӯзи омӯзгор панҷ нафар фидоӣ ва собиқадори соҳаро сарфароз гардониданд. Албатта, ин ҳама ғамхорӣ ба соҳа ва омӯзгорону устодон ба хотири рушду такомули маорифи кишвар, боло бурдани сифати таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва ба шароити замона мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим, тарбияи мутахассисони асил барои мамлакат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ва хуб аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 3810 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 78 мактаб-интернат, 71 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 99354 омӯзгор ба тадрис машғуланд, ки 52985 нафари онро занҳо ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бошад, шумораи омӯзгорон ба 1221 ва устоҳои таълимӣ ба 1369 расидааст.
Аз 2561 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1007 нафараш зан ва 11 нафараш доктори илм ва 93 нафараш номзади илманд.
Дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 8231 омӯзгор (2562 зан), 392 профессор (61 зан), 420 доктори илм (59 зан), 1203 дотсент (308 зан), 1715 номзади илм (417 зан) ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд. Яъне дар ҳеҷ замон кишвари мо бад-ин шумораи зиёд мактаб, омӯзгор, шахсони унвондори илмӣ надошт.
Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар соли хониши гузашта аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ 4867 нафар мутахассисони ҷавон хатм намуд.
Нарасидани омӯзгорони фанҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ дар соли нави хониш ба 6856 нафар расид. Нисбати солҳои пешин он коҳиш ёфтааст. Ва, албатта, Вазорати маорифи кишвар ин норасоиро аз ҳисоби донишҷӯёни бахши болоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ рафъ менамояд. Аммо ин ва дигар мушкилоти соҳа то он замон боқӣ мемонанд, ки мақому мартабаи омӯзгор, чунон ки мебояд, баланд бардошта нашавад ва ҳама масъалаҳои мубрами соҳа ба таври зарурӣ ҳалли дурусти худро наёбад. Мусаллам аст, ки ҳанӯз ҳам маоши омӯзгор барои зиндагиву истироҳату табобати худу аҳли хонадонаш кофӣ нест. Мактабҳо бо адабиёти таълимии пешрафта ва ҷавобгӯи талаботи давр пурра таъмин нагардидаанд. Аксари омӯзгорон ба иллати камбудии маблағ ба компютер ва шабакаи Интернет дастрасӣ надоранд ва аз дастовардҳо, таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф сари вақт огоҳ шуда наметавонанд.
Ба ҷуз ин робитаи оила бо мактаб дар сатҳи зарурӣ нест. Волидон қариб ҳама масъулияти худро вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон ба дӯши омӯзгор вогузоштаанд.
Аксари воситаҳои ахбори оммаи кишвар барои пешрафти соҳа, тарғиби фаъолияти омӯзгор, инъикоси таҷрибаҳои пешқадам саҳми дуруст намегиранд.
Имтиёзҳоеро, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон муқаррар шудаанд, дар бисёр мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Албатта, ин ҳама боиси дилсардии мардум аз соҳа, касби омӯзгорӣ мегардад. Аз ҷумла, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, ба омӯзгорони ҷавон аз 1 январи соли 2007 чунин имтиёзҳо муайян шудаанд:
-бе навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил;
-дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имкониятҳои ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ;
-додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал.
Агар дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб каму беш ва қисман аз ин имтиёзҳо омӯзгорони ҷавон баҳравар шуда бошанд, дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Ваҳдат аз онҳо маҳрум гардидаанд. Балки дар ин ноҳияҳо мутахассисони ҷавон аслан дастгирӣ намеёбанд. Ва, албатта, овардани ин мисолҳо «мушт намунаи хирвор»-ро мемонад.
Президенти мамлакат ҳанӯз се сол пеш дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар бо таъкид гуфта буданд: «Баръакс роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва хулоса, ҳар фарде, ки ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ дорад, бояд дар муҳайё намудани шароити беҳтари таълиму тарбияи насли наврас амали хайреро анҷом диҳад».
Воқеан, бо ин ҳидояти дуруст ҳар кадоми мо, ки бароямон манфиатҳои давлату миллат, пойдорӣ ва ояндаи неку дурахшони он азиз аст ва арзиши баландро касб кардааст, дар рушду такомули соҳа саҳми бештар аз пештар бояд бигирем. Охир ниёгони  шарафманди мо бо шинохти масъулият зистанду саъйю кӯшиш ба харҷ доданд ва дар пешрафти илму маорифи ҷаҳонӣ ҳиссаи чашмгир гузоштанд.

Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед