logo

маориф

НАҚШИ ДОНИШГОҲ ДАР РУШДИ ҶОМЕА

Имсол дар радифи 700 – солагии алломаи бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Кӯлоб,  ҳамчунин 70 – солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар донишгоҳ оид ба мавзӯи «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тайёр намудани  мутахассисон ва рушди ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс муҳаққиқони муассисахои таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ ва  кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози конфронс меҳмонон бо намоиши дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва ихтирооту навоварии олимону муҳаққиқони донишгоҳ шинос шуданд.
Намоишгоҳро китобҳои дарсӣ, монографияҳо, асарҳои бадеию публисистии дар давраҳои гуногун таълифшуда ва матолиби илмии   ба  ифтихори солгарди донишгоҳ ба табъ расида  зинат доданд.  Бахусус, лавҳаҳои бозгӯ аз таърихи донишгоҳ ва инъикосгари рушди илму маорифи кишвар аз он шаҳодат медоданд, ки аҳли зиёи  ин муассисаи таълимӣ ҷонибдори сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев оид ба зинаҳои тайнамудаи донишгоҳ дар тӯли 70 сол суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  таҷлили 70 - солагии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бо дастгирии Президент, дар арафаи ҷашн дар донишгоҳ  бинои 7 - ошёнаи маъмурию таълимӣ қомат афрохт. Ҷиҳати таъминоти техникӣ, баланд бардоштани шароити иқтисодии кормандон ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Нақши таълимгоҳ дар омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари азизамон ва берун аз он муассиру арзанда арзёбӣ гардид.  Аз остонаи ин боргоҳи илму маърифат даҳҳо ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, шоирону нависандагон, кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳунармандону варзишгарон ба шоҳроҳи ҳаёт   раҳнамун гардидаанд.
Устодон Самариддин Каримов, Ислом Ғуломов, Раҳматулло Акбаров, Салим Мирзоев, Ғоибназар Мирзоев, Грез Иброҳимов ва  омӯзгорони дигари ин даргоҳи маърифат дар рушди илму ирфон хизматҳои шоён анҷом медиҳанд.
  Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон  низ  нақши  кормандони донишгоҳро дар таҳкими амнияту субот ва ваҳдати комили кишвар, рушди иқтисодиёту фарҳанг  ва пешрафту шукуфоии ҳамаҷонибаи давлати куҳанбунёду соҳибистиқлоли Тоҷикистон бесобиқа унвон карданд .
Академик Акбар Турсон перомуни  нақши тоҷикон дар тамаддуни башарӣ, саҳми беандозаи муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва суханварони миллати тамаддунпарвари тоҷик дар рушду нумӯи фарҳанг,  ҷанбаҳои фаротаърихии фарҳангу маънавиёти тоҷикон сухан гуфт.
 Ба кори  бахшҳои конфронс  академикҳо  Акбар Турсон,  Геннадий Михайлов, Қодир Қодиров, Сайдаҳмад Одинаев роҳбарӣ намуданд.  Тайи  ду рӯз дар бахшҳои соҳавии конфронс наздики 200 маърӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдрас менамоем,  ин нахустин конфронси илмию назариявӣ дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар   бораи таҷлили 70 - солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” буд.  Ҳамчунин дар доираи ҷашн таҳияи энсиклопедия  ва таърихи донишгоҳ, китоби хотираҳо, баргузории конфронс  бахшида ба 70 - солагии Ғалаба бар фашизм, Форуми ихтироъкорони ҷавон, бозиҳои варзишӣ,  бунёду барқарорсозии иншооти таъйиноти гуногуни маданию маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  низ  тарҳрезӣ шудаанд.

 Шарофат ХУДОЙДОДОВА,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.05.2015    №: 89    Мутолиа карданд: 1547
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед