logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳои кишвар вохӯрд

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти устувор ва бонизоми бонкҳоро аз омилҳои асосии нигоҳдории суботи хоҷагии халқ ва низоми молиявии кишвар арзёбӣ намуд, аз ҷумла дар роҳи коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ.

Ин нукта  дар машварати кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳои мамлакат оид ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар семоҳаи якуми соли равон изҳор гардид. 
Дар ин машварат ҳамчунин мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, вазири молияи мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Оид ба вазъи имрӯза ва натиҷаҳои фаъолияти бонкҳо дар семоҳаи якум ҳисоботи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳо шунида ва таҳлилу баррасӣ шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ба санаи 31 марти соли равон 121  ташкилоти қарзӣ ва 101 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият мекунанд. Онҳо дар маҳалҳо 167 филиал, 70 шӯъбаи амалиётӣ ва 502 оҷонсӣ доранд. Дар давоми соли 2008 ва се моҳи аввали соли 2009 шумораи бонкҳо 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд 31 адад ва филиалҳо 18 адад зиёд шудаанд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар семоҳаи якуми соли 2009 401,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,9 миллион сомонӣ ва ё 4,7 фоиз зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ин давра 102,2 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,1 миллион сомонӣ ва ё 5,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли равон шумораи қарзҳои хурди додашуда 80,1 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,6 ҳазор адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, қарзҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 28,2 ҳазор ададро ташкил намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,4 ҳазор адад зиёд аст.
Дар ахбори аксари роҳбарони бонкҳои саҳомӣ таъкид гардид, ки шумораи амонатгузорон ва ҳаҷми маблағҳои амонатҳои аҳолӣ дар онҳо рӯ ба афзоиш дорад ва инро нишона аз болоравии боварию эътимоди мардум ба бонкҳо маънидод карданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар се моҳи соли равон шумораи мизоҷони бонкҳо 355 ҳазор зиёд шуда, ба наздики 2,5 миллион нафар расид.
Дар баробари муваффақиятҳо ҳамчунин камбудиҳои мавҷуда зикр гардиданд, ки яке аз онҳо ба пуррагӣ барнагаштани қарзҳои пахтакорон аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки маблағҳои имсолаи аз буҷети давлат ба пахтакорон тавассути бонкҳо ҷудошаванда ба мӯҳлати якуним сол ва бо  фоизи нисбатан пасттар дода шаванд.
Роҳбарони бонкҳои саҳомӣ ин иқдоми Сардори давлатро  дар шароити имрӯза дастгирии пурарзишу саривақтӣ аз фаъолияти бонкҳо маънидод карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани боварию эътимоди мардум ба бонкҳо  як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Аз ҷумла даъват намуд, ки филиалҳои бонкҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кушоянд, қарзҳоро ба соҳаҳои истеҳсолӣ афзун намоянд ва оид ба ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама пасттар кардани фоизи қарзҳо тадбирҳо андешанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед