logo

номаҳо

АСЛИ МАТНҲО ОВАРДА ШАВАНД

Нахустин бор Раёсати маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои оид ба дини Ҷумҳурии Туркия тақвими соли 2015 - ро ба хати кириллӣ ба табъ расонданд. Тақвим маълумоти зиёди  динию фарҳангиро дорост. Аз он ба оёти қуръонӣ, ҳадис, масъалаҳои фиқҳӣ,  панду арзҳо, моҳҳову рӯзҳои исломӣ ва замони фарорасии намозҳои панҷгона дар манотиқи ҷумҳурӣ метавон ошно шуд. Яъне,  мо пештар аз ин чунин як тақвими муфиди иттилоотию омӯзишӣ надоштем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онро хуш бояд истиқбол кард. Мутаассифона, чун кори аввалин аст, ба тақвим баъзе хатоҳо роҳ ёфтанд, ки фикр мекунам, бе зикрашон низ дар солҳои оянда онҳо ислоҳ мегарданд. Аммо чанд иштибоҳу нофаҳмиҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки ёдоварии онҳо зарур аст.
Дар саҳифаҳои аввали тақвим сарсухан бо алифбои лотинӣ ва забони туркӣ мебошад, ки барои ҳама фаҳмо нест. Он ба хати кириллӣ ва забони давлатии мо бояд бошад. Ба ҷуз ин суханони шуаро ва шахсиятҳои барҷастаи форсу тоҷик аз забони туркӣ тарҷума шудаанд. Дар натиҷа  ифодаву мазмун халалдор гардидаанд. Масалан, чунин матнеро (12 январ)  пешниҳод намудаанд: «Ҳарчи қадар бихоҳӣ, аммо агар тибқи донишат рафтор накунӣ, ҷоҳил ҳастӣ». Дар поёни ин матн номи Саъдии Шерозиро ҷой додаанд. Матни овардашуда мазмуни ин байти Шайх Саъдӣ мебошад:
Илм ҳарчанд бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Як мисоли дигар аз ин тақвим (14 январ) : «Адаб тоҷе будааст аз Нури Худо, Бипӯш он тоҷрову дар амон бош аз ҳар бало… (Мавлоно).
Ба пиндори ин ҷониб Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ чунин гуфтааст:
Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Мебояд дар оянда асли матнҳо ба забони тоҷикӣ оварда шаванд, на тарҷумаи онҳо аз забони туркӣ.
Д. ИСМАТУЛЛОЕВ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.2015    №: 95-96    Мутолиа карданд: 1309
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед