logo

маориф

Стипендияҳои «Дурахшандагон» ва «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис ёфтанд

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки «бо мақсади ба раванди ислоҳот ҳамоҳанг намудани мазмуни таҳсилот Стандарти нави таҳсилоти умумӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид.
Иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейу гимназияҳо ва натиҷаҳои он дар озмунҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳодати болоравии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мебошад».
Вазир вобаста ба пурсиши хабарнигорон иброз дошт, ки норасоии омӯзгорон се сол пеш 8881 нафарро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар соли нави хониш коҳиш ёфта ба 3209 нафар расидааст.
Дар мавриди китобҳои дарсӣ бошад, то ба имрӯз 194 номгӯй барои синфҳои 1-11 чоп ва дастраси хонандагон гардонида шудааст. Дар семоҳаи аввали соли равон 8 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 480126 нусха нашр гардидааст. Китобҳои дарсӣ аз забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва арабӣ  барои синфҳои 5-11 то моҳи сентябри соли равон ба табъ мерасанд.
Омӯзиши хати ниёгон дар синфҳои 8-11 идома меёбад ва барои онҳо китобҳои «Матнҳои адабӣ»-ро омода ва ба дасти чоп месупоранд.
Вазир ҳамчунин дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон гуфт, ки бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба тасвиб расидааст. Барои стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед