logo

маориф

СУПОРИШҲОИ ТЕСТӢ

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳи наврасоне, ки мақсади аз фанни химия тест супурдан доранд, дониши хуб доранд. Бештари одамон ба он назаранд, ки омӯзиши фанни химия дар зиндагӣ ва ҷомеаи кунунӣ  он қадар зарур нест. Ин раванд дар назди омӯзгор вазифаи ҳавасманд намудани наврасонро ба омӯзиши ин фан мегузорад.
Ба хотири омодагии толибилмон барои супоридани имтиҳон дар шакли субтестҳо чунин намунаҳо гузошта шудаанд:
- тайёрии ахборӣ (маълумот оид ба қоидаҳои рафтор дар аттестатсия, маълумот оид ба қонуни пур кардани бланкаҳо ва ғайра);
- тайёрии мавзӯӣ ё пурмазмунӣ (омодагӣ оид ба фанни аниқ ва маҳорати ҳал намудани масъалҳои тестӣ);
- тайёрии психологӣ.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ чунин усули илмии ташхисӣ, дастовардҳои илмии толибон, чун имтиҳон, санҷиш, пурсиши хаттӣ ва шифоҳӣ, корҳои назоратӣ ва маърӯза вуҷуд дорад. Ҳамаи онҳо норасоиеро доро мебошанд. Ҳамин гуна пурсиш одӣ ва ҳаматарафа буда, донишро васеъ намуда, нутқро инкишоф дода, вале имконияти дониши ҳамаро санҷидан надорад. Имтиҳон имконият медиҳад сатҳи дониши хонандаро дар маҷмӯъ муайян кунад, аммо бештари онҳоро ҳиссиёти ваҳм ва нобоварӣ фаро мегирад. Тарзи анъанавии назорат дар бештари ҳолат субъективӣ мебошад ва  ҳар як имтиҳонгиранда ба худ хусусияти хос дорад. Баъзеҳо  ҷавоби мантиқиро ва дигарон  асоснокии он ва севумин ақидаи аслиро мепазирад. Ва маҳаки баҳо барои ҳар як омӯзгор гуногун мебошад, ин ҳолат баҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунонад.         
Калимаи тест аз забони англисӣ гирифта шуда, маънои он санҷиш ва озмоиш мебошад. Тестҳо бояд ба як қатор талабот ҷавобгӯ бошанд. Иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб накунад.
Бояд гуфт, ки назорати тестӣ ба мустақилона  фаъол шудан, натиҷабахш шудани таҳсил, фикрронӣ ва фаъолияти эҷодӣ, пайдо шудани масолеҳ дар маълумоти омӯхтаи онҳо имконият медиҳад ҳангоми дарс оқилона истифода баранд. Ҳамаи тестҳои аз ҷониби ман тартибдодашуда ҳисоби сатҳи азхудкуниро дар бар мегирад. Сатҳи аввал омӯзишӣ буда, аз ду тест иборат аст. Тести якум иловагист, он  оид ба масъалаи аз сатр ба сатри дигар гузаронидани калимаҳо мебошад. Намуди дуюм - ёдоварӣ. Тестҳо  дар намуди саволҳо, ки хонанда бояд ба он ҳаммаъно бо ҷумла, адад ва формула ҷавоб диҳад.
Намуди дуюм алтернативӣ мебошад. Он  иборат аз ҷумлаест, ки тасдиқ шуда, дурустӣ ва нодурустияшро бояд муайян кунад. Тест дар намуди диктанти графикӣ иҷро карда мешавад.
Дараҷаи сеюм, «муқоиса» аст. Он интихоб намудани ҷавобҳо мебошад. Тести «аҳамият» аз рӯи рӯйхати мавзӯъ  (формула ва миқдор) аст, ки бояд аз рӯи тартиб чида шаванд.
Ҳамин гуна ман метавонам лаҳзаҳои мусбати истифодаи мисолҳои тестиро дар дарсҳоро ҷудо кунам. Имконияти пинҳонӣ гуфтан ва рӯйбардор намудан бартараф мешавад. Донишу баҳогузорӣ ба таври объективӣ боло меравад. Тартиби кор хислати назоратӣ ва омӯзиширо дорост.
Ҳамчунин ба  хонанда фароҳам оварда мешавад то мавқеи худро дар байни дигар хонандагон муайян кунад. Тестҳои пӯшида маъмултаранд. Ин намуди мисолҳои тестӣ чанд тариқи ҷавобро барои саволи гузошта пешбинӣ мекунад. Аз як қатор ҷавобҳо танҳо як ҷавоби дуруст муайян карда мешавад.
Қисмати дуюми масъалаҳои тестӣ аз тестҳои кушода иборат мебошад. Ҷавоби мисоли қисмати дуюм як намуди адад ё ин ки рақам аст.  Ҳангоми кор кардани ин масъалаҳо ҳатман бояд ададҳоро дуруст нависем, чунки ҳангоми тафтиши компютерӣ ҳама гуна хатоӣ метавонад сабаби нодуруст баромадани ҷавоб гардад. 
Бештари хонандагон одат намудаанд, ба саволҳои мусбат ҷавоб гӯянд. Ва ҳангоми бо чунин ҷузъ рӯ ба рӯ шудан «НЕ» -ро намебинанд. Аз ин рӯ  бештари ҷавобҳо нодуруст мебароянд.

Наргиза БОЗОРБОЕВА,
муаллимаи гимназияи № 74-и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2015    №: 99    Мутолиа карданд: 2038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед