logo

порлумон

МАНСАБДОРОН БАРОИ ОМОРИ ДУРӮҒ МУҶОЗОТ ХОҲАНД ШУД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, якчанд лоиҳаи қарорҳо ба тасвиб расиданд.

Дар ҷаласа фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ширинзода Абдуҷаббор ва муовинони раиси Бонки миллӣ Юсуфиён Ҷамшед, Малоҳат Холиқзода, Абдукарим Неъматов  ва дар бораи таъйин намудани Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи вакилон тасдиқ гардиданд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба саволҳои вакилон оид ба вазъи бозори асъор иброз дошт, ки дар мамлакат 1500 нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият дошт. Аз он 800 ададаш ба шахсони воқеӣ мансуб буд ва бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон баста шуданд. Минбаъд фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ба зиммаи бонкҳо гузошта мешавад.
Мавсуф гуфт, ки барои беҳбуди вазъи бозори асъор Бонки миллӣ ҳамчун бонки назоратӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Гурӯҳҳои корӣ бо дигар мақомот фаъолият доранд ва он натиҷаҳои хуб медиҳад. Назар ба гуфтаи ӯ, вазъи бозори молияи Русия ба эътидол меояд ва интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар моҳи апрел назар ба моҳи март рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ба тасвиб расидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки ба моддаи 123 вобаста ба масъалаи мушаххас нишон додани субъекти баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шудааст.  Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ба мақсади таъмини шаффофияти фаъолият, дуруст ва саривақт пешниҳод кардани ҳисоботи оморӣ ва зиёд кардани манбаъҳои андозбандӣ тавассути бо ҷавобгарӣ ҳушдор намудани шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
Саидраҳмон Назриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни ташреҳи созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо гуфт, ки тасдиқи он то як дараҷа ба паст кардани нарх дар бозори дохилӣ равона шудааст.
Аҳамияти созишнома дар он аст, ки хароҷот ҳангоми воридот, содирот ва транзити молҳо тавассути маъмуригардонӣ кам мешавад. Ин ба афзудани даромади аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2015    №: 99    Мутолиа карданд: 1518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед