logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Президент

16 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, мушовирони давлатии Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда нақшаи чорабиниҳо баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи гузаштан ба лампаҳои каммасрафи барқӣ зоҳир гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва  вазорату идораҳо сар карда, то ҳар як хонавода ҳарчи зудтар бояд ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаранд ва таъкид намуд, ки 241 ҳазор оилаи камбизоат бо чунин лампаҳо аз ҳисоби давлат таъмин карда шавад.
Ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки оид ба фоида ва аҳамияти истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ барномаҳои фаҳмондадиҳӣ таҳия ва пешкаши мардум намояд.
Мутобиқи супориш гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ бояд то 1  октябри соли равон пурра ба анҷом расад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки иҷрои супоришҳо оид ба кам кардани андозҳо, афзун намудани қарзҳои бонкӣ ба соҳибкорон, дароз намудани мӯҳлати баргардонии қарзҳои пахтакорон ва паст намудани фоизи ин қарзҳо таъмин гардад.
Тибқи супоришҳо баҳри расондани майдони кишти такрорӣ ба 200 ҳазор гектар ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об бояд тадбирҳои судбахш андешида шаванд.
Қатъан талаб карда шуд, ки корҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ, тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳи азими Норак, истихроҷи гази табиии худӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои стратегии иқтисодиёти кишвар тезонда шаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вусъат додани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба зимистони оянда ва доир ба иҷрои босамару саривақтии тамоми нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3669
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед