logo

маориф

МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМИИ ХОНАНДАГОН

Дар озмуни лоиҳаҳои илмии Тоҷикистон (TASPO), ки 68 лоиҳа аз тарафи  толибилмони кишвар пешниҳод гардида буд, 24 лоиҳа сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд.
Олимпиадаҳои лоиҳавӣ аз фанҳои физика, химия, биология, экология, технологияи иттилоотӣ ва математика ба проблемаҳои муҳити зист, энергетика  ва навовариҳои технологияи иттилоотӣ алоқамандӣ дошт,  Муаррифии лоиҳаҳо ба забони англисӣ сурат гирифт. 
Муборакшо Ҷиёншо ва Исфандиёр Салимов, хонандагони синфи 10 - и литсей - интернати тоҷикӣ - туркии шаҳри Кӯлоб,  лоиҳаи  ташхиси минаҳои зеризаминиро пешниҳод карданд.
-  Мо ҳисоб кардем, ки дар як сол  тақрибан  2 ҳазор нафар бар асари осеби минаҳои зеризаминӣ ҳалок мешаванд.  Воситаи ташхиси мо минаҳоро дар масофаи 100 метр муайян мекунад. Ва бо таври худкор суръати ҳаракат дар ин ҳол суст мешавад. Бо расидан ба масофаи 10 метр дуртар аз мина нақлиёт меистад, - гуфт Муборакшо.  
Духтарон ҳам дар муаррифии лоиҳаҳо иштирок доштанд. Шаҳноза Абдулҳамидова  ва Амина Шербоева, хонандагони синфи 9 - уми  литсей - интернати тоҷикӣ - туркии  иқтисодии шаҳри Душанбе, бо лоиҳаи муштараки  истифодаи энергия ҳангоми об шудани филизот дар корхонаҳои филизоти ранга ширкат карданд.
- Барои об кардани филизот дар корхонаҳо аз 1000 то 2000 кВт энергияи барқ сарф мешавад. Ҳангоми об кардани филизот бо қувваи барқ  буғ ба  ҳаво меравад. Мо имкон дорем, ки аз буғи оташ об гарм кунем ва бо ин об коргарони корхонаҳои филизотгудозӣ шусутушӯ кунанд ё як шаҳраки иборат аз 1000 оиларо бо оби гарм таъмин намоем, -  гуфт Шаҳноза Абдулҳамидова.
Сулаймон Ҷумъаев ва Умаршо Раҷабов, хонандагони гимназияи “Ворисон” - и шаҳри Турсунзода, лоиҳаи исботи теоремаи бузурги Саминро муаррифӣ намуданд. Ҳафтаи гузашта онҳо дар  Қазоқистон бо ин лоиҳа ҷойи аввалро ноил шуда, бо медали тилло сарфароз гардидаанд.
Лоиҳаҳои хонандагони литсей - интернатҳои тоҷикӣ - туркии шаҳри Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд, литсейи президентӣ ва гимназияи “Ворисон” - и шаҳри Турсунзода, литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.  Ба ғолибон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматилло Мирбобоев тавсия дод, ки лоиҳаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ нашр шаванд.
Дар анҷоми озмун қайд карда шуд, ки то имрӯз хонандагони литсей - интернатҳои муштараки тоҷикӣ - туркӣ ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннию лоиҳавии байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 610 ҷойи ифтихорӣ, 110 медали тилло, 165 медали нуқра ва 335 медали биринҷӣ гардидаанд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2015    №: 101    Мутолиа карданд: 1538
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед