logo

энергетика

СУҒД: ЧАРО БАРҚ ҚАТЪ МЕГАРДАД?

 Бе огоҳӣ қатъ кардани неруи барқ, пасту баландшавии шиддати он фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ, корхонаҳои саноатии вилояти Суғдро халалдор сохта, боиси аз кор баромадани муҳаррикҳои нодир, таҷҳизоти корхонаҳо гардид ва дар мавсими киштукори баҳорӣ ба кишоварзон душворӣ овард ва ба ташкилоту корхонаҳо зарари ҷиддии молиявӣ расонд.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим машварат оид ба баррасии масоили мубрами рӯз – вазъи фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими киштукори баҳорӣ, таъминот бо қувваи барқ, ҷараёни истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, аз ҷумла тез-тез рух додани ҳолати қатъи қувваи барқ аз ҷониби масъулони Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ баррасӣ ва таҳлил гашт.
- Дар як моҳ 16 маротиба барқ қатъ шуда, боиси шикасти қисмҳои зарурии муҳаррикӣ гардид, - мегӯяд Зарифҷон Вализода, - сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, - якбора ва ё беогоҳӣ қатъ кардани қувваи барқ ба пойгоҳҳои обкашӣ аз лиҳози техникӣ ва молиявӣ оқибатҳои гарон меоварад. Дар сурати беогоҳӣ қатъ кардани барқ миқдори зиёди оби дар лӯлаҳо мавҷуда  якбора  бозпас гашта, сабаби аз кор баромадани қисмҳои зиёди муҳаррик мегардад ва зарур меояд, ки мутахассисон дар он лаҳзаҳое, ки ба кишоварзон об зарур аст, аз паси таъмир шаванд, ки, албатта, ин вақт талаб мекунад. Соли гузашта танҳо бо ҳамин ҷурм Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ дид. Маълум аст, ки зироатҳои навоҳии Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров сад дар сад ва навоҳии Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен қисман тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Аз ин хотир дар муҳлати муайяншудаи агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ ба фаъолияти муназзами таҷҳизоти обкашӣ вобастагӣ дорад.
Роҳбарони чандин корхонаҳои саноатии вилоят низ аз муътадил таъмин нагаштани неруи барқ ва ҳолатҳои беогоҳӣ хомӯш кардани барқ изҳори нигаронӣ доштанд. Аз ҷумла Ҷамшед Каримов, директори корхонаи «Олими Каримзод», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, иброз дошт, ки хомӯшшавии ғайриинтизори барқ боиси аз кор баромадани дастгоҳҳои гаронарзиш мешаванд.
Дар ин коргоҳ низ фақат дар як моҳи охир 17 ҳолати беогоҳӣ хомӯш шудани неруи барқ мушоҳида шудааст.
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим масъулонро ба мувофиқаи комил дар кори байниидоравӣ даъват карда, ҷиҳати ислоҳи ноҷӯриҳо дастури мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2015    №: 101    Мутолиа карданд: 13640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед